Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майя Санду ваъда дод, ки президенти "содиқ" бошад


Майя Санду, раиси ҷумҳури Молдова.
Майя Санду, раиси ҷумҳури Молдова.

Майя Санду, президенти нави Молдова рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр дар Кишинев савганд ёд кард. Раиси ҷумҳури Молдова ваъда супурд, ки як президенти "содиқ ва шаффоф" ва мутааллиқ ба ҳамаи молдавиҳо бошад.

Кел Бровн, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико савганди "таърихӣ"-и Майя Санду, нахустин раиси ҷумҳури зан дар Молдоваро табрик гуфтааст.

Хонум Санду иқтисоддони пешини Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Донишгоҳи Ҳарванд таҳсил кардааст, ҷонибдори робитаҳои наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аст.

Ӯ моҳи гузашта дар даври дувуми интихобот Игор Додон, номзади тарафдори Русияро шикаст дод.

Сандуи 48-сола дар маросими савгандёдкунӣ мубориза бо КОВИД-19 ва буҳрони иқтисодро дар Молдова аз авлавиятҳои кораш донист ва ваъда кард, ки як тими коршиносонро барои расидагӣ ба ин масоил, таъйин хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG