Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони қазоқ дар назорати интихобот аз таҷрибаи мухолифони Белорус кор мегиран


Президенти Федератсияи ҳуқуқи инсон дар Итолиё Антонио Станго, соҳибкори қазоқи муқими ИМА ва раиси бунёди "Freedom Kazakhstan" Барлик Мендиғозиев аз роҳандозии лоиҳае бо номи "Voices of Kazakhstan" хабар доданд.

Лоиҳаи "Voices of Kazakhstan" ба хотири ҷамъоварии иттилоъ дар бораи натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қазоқистон дар моҳи январи соли 2021 роҳандозӣ карда шудааст.

Ба гуфтаи муассисон, лоиҳа тавассути паёмакрасони Телеграм иҷро мешавад. Онро Людмила Козловская, президенти Бунёди "Муколамаи боз" дар Лаҳистон ва Тамара Еслямова, сардабири нашрияи минтақавии "Уралская неделя" дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ 23 декабр дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" муаррифӣ карданд.

Ба гуфтаи Барлик Мендиғозиев, лоиҳа дар асоси таҷрибаи фаъолони Белорус дар мавриди назорати раванди интихоботи президентии моҳи августи он кишвар роҳандозӣ шудааст. "Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳамаи нозирони мустақилро гирди ҳам орем",-афзуд ӯ.

Интихоботи порлумонии Қазоқистон 10 январи соли 2021 баргузор мешавад. Дар он панҷ ҳизби сиёсии ин кишвар иштирок мекунанд. Дар Қазоқистон низоми худпешбарӣ барҳам дода шудааст. Коршиносон мегӯянд, танҳо наздикони ҳукумат ба интихобот роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG