Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майя Санду, раисҷумҳури нави Молдова савганд хӯрд


Майя Санду
Майя Санду

Майя Санду рӯзи 24-уми декабр дар маросиме дар Кишинёв ба ҳайси раисҷумҳури Молдова қасам ёд кард. Вай иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ ва тарафдори наздикӣ бо Иттиҳоди Аврупо аст. Сандуи 48-сола моҳи гузашта дар интихоботи пуррақобате Игор Додон, шахси мавриди ҳимояти Русияро шикаст дод. Ӯ ҳалли буҳрони пандемия ва иқтисодро аз барномаҳои муҳими кори худ медонад. Майя Санду дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ваъда дода буд, ки бо коррупсия дар ин кишвари фақири Аврупо мубориза хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG