Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки имрӯз, 24-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошогарон доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.
Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Алӣ Субҳонӣ, бозигари мунтахаби Эрон, дар дақиқаи 56-ум, тӯбро аз масофаи наздик бо зарбаи сар ба дарвоза зада, ҳисобро боз кард. Зимнан, меҳмонон имкон доштанд, ки ҳанӯз ду дақиқа пеш аз ин гол муваффақ шаванд. Вале Ёсин Салмонӣ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби аз пеналтӣ задаи ӯро дарвозабони мизбонон Шоҳрух Қирғизбоев дошт.
Баъдан сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Ба назари ӯ бозигари мунтахаби Эрон Муртазо Истокӣ дар ҷаримагоҳ муқобили ҳарифаш қоидаи бозиро вайрон намуд. Тӯбро аз пеналтӣ Абдулмуъмин Забиров дар дақиқаи 73-юм ба ҳадаф расонид.
Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шаҳром Самиев дар охири бозӣ, дар дақиқаи 86-ум, зад. Ӯ тӯби аз самти чап ба ҷаримагоҳ ҳавододаи ҳамдастааш Ҷонибек Шариповро бо зарбаи сар ба тӯри дарвозаи эрониҳо ворид кард.
Ба ин тартиб, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, гуфт, "бозӣ хуб гузашт. Ҳарифамон дастаи пурқувват аст. Ҳарду даста кайҳо бозӣ накардаанд, алалхусус бозиҳои байналмилалӣ. Фикр мекунам, ки ин ду бозӣ ба нафъи дастаҳост. Дар бораи бачаҳои мо ҳаминро гуфтаниям, ки онҳо рафтори шоиста нишон доданд. Дар ҷараёни бозӣ аввал ҳисоб ба нафъи бозигарони эронӣ буд, баъдан ҳисоб ба фоидаи мо шуд ва дар охир ғалаба кардем. Албатта камбудиҳо зиёданд, он чиро, ки тарҳрезӣ карда будем, пурра амалӣ нашуд ва мо дар бозии оянда аз пайи ислоҳи камбудиҳо мешавем, бозигарони навро озмоиш мекунем".
Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи якшанбеи 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки мунтахабҳои ҷавонони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё (U-19), ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ хоҳад кард.
Ба гузориши расонаҳои хабарии Эрон, меҳмонон аз сафари худ ба Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ карда, иброз доштаанд, ки мизбонии бисёр шоиста анҷом дода, беҳтарин имконот барои тимҳои навҷавонон ва ҷавонон фароҳам шудааст, шароити тамрин бисёр матлуб аст.
Бозии дӯстона
27-уми декабр (якшанбе)
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1
Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмуъмин Забиров, 73 – аз пеналтӣ (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист: Ёсин Салмонӣ (Эрон), 55 – дарвозабон.
ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Қароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Суннатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.
Эрон (U-19): Муҳаммадҷавод Киа, Муртазо Истакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Алиризо Бавиеҳ (Фардин Рабет, 82), Ҳусейн Нахудкор (Аҳмадризо Ҷонодилӣ, 82), Ёсин Салмонӣ, Алӣ Субҳонӣ (Алиризо Муназзамӣ, 66), Алиризо Асадободӣ, Амиралӣ Содиқӣ (Ҳусейн Шовирдӣ, 87), Милод Кор, Маҳдӣ Ҳошиминажод.
Огоҳӣ: Муҳаммадалӣ Азизбоев, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Ислом Зоиров, Шуҳрат Элмуродов (Тоҷикистон), Муртазо Истакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Алиризо Асадободӣ, Маҳдӣ Ҳошиминажод, Алиризо Муназзамӣ (Эрон).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
24-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Боз ҳам суол бармегардад ба худи мақомот, чун ӯро ҷое нагурезонданд ва гуноҳро иқрор карда дасти мақомот таслим карданд. Дигар натиҷаро додгоҳ бароварда ва суол ҳам ҳамин аст, ки оё қонун барои ҳама баробар аст?
Дар 5 сол якум бор хабари хуш омад
Чавонони точик бе ягон аблава ба хизмат мераван лекин сабаб дар чи бошадки аблаваро специально снимат мекунанду дар интернет регулярно мепартоянд. Ман фигр мекунам хамаи ин корхо баркастона токи чавононро аз рафтан ба хизмат тарсонанд, чунки точикистон кувати хурондану пушондани аскархоро надорад. Агар аз статистикаи чахони гирем хар як давлат бояд дар хар як миллион ахолияш хафт хазор аскар дошта бошад, ва точикистони мо низ дар нух миллион ахоли 63 хазор аскар бояд дошта бошад. Барои хамин облава ташкил карда ва дар бораи дедовшина гап мезанан барои тарсондан.
Масчид бошад яъне намозгузори дар рохи Оллох-Худои яка ва Хазрати Мухаммад сав, хамма аз чиноят ва беакли даст мекашад, бояд забони арабиро биомузем то бесаводон гумрох накунанд моро!
Алхамдулиллох