Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Имсол 30 рӯзноманигорро куштанд, 274 нафари дигар – дар зиндон


Рӯҳуллоҳ Замро дар Эрон эъдом карданд
Рӯҳуллоҳ Замро дар Эрон эъдом карданд

Кумитаи дифоъ аз журналистон (The Committee to Protect Journalists) мегӯяд, имсол дар саросари ҷаҳон 30 журналист кушта шуданд. Ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2019 ду баробар зиёдтар аст. Гузориш 22-юми декабр нашр шуд.

Ҷоел Саймон, мудири иҷроияи CPJ, қароргоҳаш дар Ню-Йорк мегӯяд, "даҳшатовар аст, ки куштори журналистон назар ба соли гузашта ду баробар бештар шуд. Ин афзоиш аз он далолат мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо беҷазоӣ ноком шудааст."

Бар асоси гузориш, се журналист дар майдонҳои ҷанг кушта шуданд ва "ин нишондод поинтарин дар 20 соли охир мебошад". Ҳар се журналист дар ҳамлаҳои ҳавоии эҳтимолии Русия дар Сурия кушта шудаанд, чун Маскав ба президент Башор Асад дар ҷанги дохилии ин кишвар ёрӣ кардааст.

Дастикам чаҳор журналист барои корашон дар Сурияву Афғонистон кушта шуда, сабабҳои қатли журналисти панҷум дар Афғонистон мавриди таҳқиқ мебошад.

Дар Эрон мақомот ҳукми қатли журналисти мухолифи ҳукумат Рӯҳуллоҳ Замро ба иҷро расониданд. Зам барои бозтоби эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар соли 2017 маҳкум ба қатл шуд ва ин ҳукмро CPJ "куштори фармоишии давлатӣ" номид.

Мексика кишваре буд, ки шумори бештари журналистон дар он ҷо кушта шуданд. Дастикам чаҳор журналист куштаву як нафар ҳангоми гузоришдиҳӣ аз саҳнаи як ҷиноят ҳадафи тир қарор гирифт.

CPJ гуфт, марги чаҳор журналисти дигарро дар ин кишвари Амрикои Лотин таҳқиқ мекунад. Журналистоне, ки ба бозтоби масоили доғу ҳассосе ба монанди қочоқи маводи мухаддир машғул мешаванд, бисёр вақт дар оташи миёни ҷинояткорону сиёсатмадорони фасодзада қурбон мешаванд.

Таҳқиқоти муаллифони гузориши CPJ аз 15-уми декабри соли 2019 шуруъ шудааст. Ба иттилои гузориш, то 1-уми декабри соли ҷорӣ дастикам 274 журналист дар зиндон мебошанд.

Ба навиштаи муҳаққиқони озодии матбуот, дар давраи пандемия баъзе аз ҳукуматҳо аз пахши иттилои фарогир худдорӣ карда, ба журналистон дар бозтоби хабарии эътирозу норизоиятҳои иҷтимоӣ монеъ мешуданд. Яке аз журналистони зиндонишуда дар соли 2020 Далер Шарифов аз Тоҷикистон аст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрели имсол журналисти мустақилро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кард. Додситонии кул дар посух ба дархости ба маҳбаси сукунатӣ гузаронидани Шарифов, ки ба қавли масъулони низоми зиндонҳои Тоҷикистон, хислатномаи мусбат дорад, посухи рад дода, ӯро"барои ҷомеа хатарнок" номид. Ин шарҳ мавриди интиқоди онҳое гардид, ки бо Далер Шарифов ва навиштаҳои ӯ огаҳ ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор бидиҳанд”.

Ҷоел Саймон, мудири иҷроияи CPJ гуфт, "ин воқеият, ки шумори кушторҳо (-и журналистон дар ҷаҳон) афзоиш меёбаду омори журналистони зиндонӣ рекордӣ мешавад, баёнгари ошкори ин аст, ки озодии матбуот дар авҷи пандемия зери ҳамлаи бесобиқа аст, дар ҳоле ки дар давраи пандемия дастрасӣ ба иттиллоъ хеле муҳим аст". Ӯ афзуд, "мо барои поён додан ба ин тамоюл ба ҳам биёем".

XS
SM
MD
LG