Бар асари таркиш дар маҳфили "хатми Қуръон" дар Афғонистон 15 кӯдак кушта ва 20 каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса пас аз зуҳри 18-уми декабр дар ноҳияи Гелони вилояти Ғазнӣ, яке аз минтақаҳои ноамни Афғонистон, рух дод. Бино ба гузоришҳо, Толибон контрол ё назорати чанд ноҳияи Ғазниро дар даст доранд.
Ваҳидуллоҳ Ҷумъазода, сухангӯйи волии Ғазнӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "як нафар бо худ сечарха дошт ва дар деҳа колои гуногун мефурӯхт. Кӯдакон дар гирди ӯ ҷамъ шуда буданд. Он вақт сечарха таркидааст." Вай афзуд, аксар захмиён аз ҳашт то ҳаждаҳсолаанд.
Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, онҳо барои иштирок дар маҳфили "хатми Қуръон" ҷамъ шуда буданд. Дар ҳоле ки ҳеч гуруҳ масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст, Аҳмадхон Сират, як маъмури пулиси минтақаӣ онро ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон донист. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибон, иддао кард, ки боқимондаи маводи мунфаҷира таркидааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки гуфтугӯйи сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва аъзои Толибон дар пойтахти Қатар барои поён додан ба ҷанги тақрибан бистсола дар Афғонистон то моҳи январи соли оянда мутаваққиф шудааст. Ин музокирот баъд аз даҳ моҳи муомилаи Амрико ва Толибон шуруъ шуд, ки роҳро барои табодули зиндониён ва музокироти байнулафғонӣ кушод.
Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ хост, даври дувуми музокироти байнулафғонӣ на дар "меҳмонхонаҳои боҳашамат" дар Қатар, балки дар Кобул баргузор шавад.
Ин дар ҳолест, ки як генерали баландпояи амрикоӣ пеш аз сафараш ба Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ дар Қатар бо намояндагони Толибон гуфтугӯ кардааст. Бино ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", генерал Марк Милли, раиси ситоди муштарак, рӯзи 15-уми декабр давоми тахминан ду соат бо намояндагони гурӯҳи муҳофизакор суҳбат дошт.
Баъди ин, 16-уми декабр, Милли ба Кобул рафт, то дар мулоқот бо президент Ашраф Ғанӣ ҷараёни музокироти сулҳро баррасӣ кунад. Дар бораи ин сафар то 17-уми декабр ҳеч хабар нашр нашуд. Дертар Милли ба хабарнигорон гуфт, ки бахши муҳими музокироташ бо Толибон ва мақомоти Кобул "зарурат ба хатми ҳарчи зуди хушунатҳо дар Афғонистон аст".