Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба Туркия гуфтааст, "аҳди императорҳои ҷангафрӯз кайҳо сипарӣ шудааст"


Раҷаб Тайиб Эрдуғон шеъри баҳсбарангезро инҷо дар Боку хондааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон шеъри баҳсбарангезро инҷо дар Боку хондааст.

Баъди як шеъри баҳсбарангези Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия дар Озарбойҷон, вазорати умури хориҷии Эрон, рӯзи 11-уми декабр сафири он кишварро ба вазорат хонда ва эътирози худро ба ӯ расонидааст.

Саид Хатибзода, сухангӯи вазорат гуфт, Дарё Орсро барои “баёнияи мудохилаҷӯёна ва ғайриқобили қабул”-и Эрдуғон дар Боку ба вазорат хонданд. Дар баёнияе, ки вазорати умури хориҷии Эрон дар вебсайташ нашр кард, омадааст, “Ба сафири Туркия иттилоъ дода шуд, ки “даврони иддаоҳои арзӣ ва императорҳои ҷангафрӯз ва тавсиаталаб солҳост, ки сипарӣ шудааст. Эрон ба ҳеч касе иҷозаи мудохила ба тамомияти арзии худро намедиҳад.”

Озарбойҷон рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Боку бахшида ба таҳти назорат гирифтани қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва ноҳияҳои атрофи он ҳангоми як раҳпаймоии низомӣ баргузор кард ва ҳангоми он Раҷаб Тайиб Эрдуӯғон як мисра шеъри фолклории Рӯди Арас аз озариҳои эронро хонд, ки дар замони тақсими қаламрави Озарбойҷон байни Русияву Эрон дар асри 19 эҷод шудааст. Маънии порчае, ки Эрдуғон хонд, ин аст, ки “Ман аз ту ҷудо намешавам, моро ба зӯр ҷудо карданд.”

Туркия, ки дар ҷанг бо Арманистон барои Қаробоғи куҳӣ ба Озарбойҷон кумак кард, яке аз ҳампаймонҳои наздики ин кишвар шудааст. Ҷанг байни ду тараф моҳи гузашта бо имзои созиши оташбас ба поён расид.

Се вилояти шимолуғарбии Эрон асосан озаринишин ҳастанд ва Теҳрон аз тамоюлҳои ҷудоиталабӣ дар ин минтақа нигарон аст. Забони озариҳои Эрон бисёр наздик ба забони туркист, вале баръакси туркҳо онҳо пайрави мазҳаби шиа ҳастанд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Твиттер навишт, ки “ба Эрдуғон нагуфта буданд, ки шеъре, ки ба ғалат дар Боку хонд, марбут ба ҷудоии қаҳрии манотиқи шимоли Арас аз сарзамини модариашон аст.” Хабаргузории давлатии ИСНА дар Эрон навишт, ки мисрае, ки Эрдуғон хонд, “яке аз рамзҳои пантуркизм аст”.

Вазорати умури хориҷии Туркия ҳам сафири Эронро ба вазорат хонда ва аз баёнияи Муҳаммад Ҷавод Зариф эътироз кардааст. Хабаргузории расмии “Анадолу” навишт, ба сафири Эрон гуфтаанд, агар Муҳаммад Ҷавод Зариф шубҳае дар бораи шеъри хондаи Эрдуғон дошт, метавонист, аз тариқи “каналҳои дипломатӣ онро бирасонад.”

XS
SM
MD
LG