Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Афғонистон аз як Роҳи оҳан бо ҳам пайваст шуданд


Маросими ифтитоҳи Роҳи оҳани Хоф-Ҳирот. 10 декабри соли 2020
Маросими ифтитоҳи Роҳи оҳани Хоф-Ҳирот. 10 декабри соли 2020

Эрону Афғонистон бо ҳам тавассути як Роҳи оҳан пайваст шуданд. Раҳбарони ду кишвар дар маросими кушоиши роҳ гуфтанд, ки ин тарҳ барои рушди тиҷорати саросари минтақа кӯмак хоҳад кард. Феълан Роҳи оҳан аз минтақаи Хоф, воқеъ дар шимолу шарқи Эрон, то вилояти ғарбии Ҳироти Афғонистон дар масофаи 130 километр тӯл кашидааст. Сохтмони Роҳи оҳан идома хоҳад кард. То расидани Роҳи оҳан ба шаҳри Ҳирот 85 километри дигар боқӣ мондааст. Иҷрои лоиҳаи Хоф-Ҳирот дар соли 2007-ум шурӯъ шудааст. 75 миллион доллар сармоягузории онро дар ду тарафи марз Эрон ба дӯш гирифтааст. Бо сабаби пандемия маросими ифтитоҳи Роҳи оҳани миёни ду кишвари ҳамсоя тавассути онлайн баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG