Мақомоти эронӣ хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳатии раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаии 81-соларо рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, Хоманаӣ вазифаҳояшро ба таври муқаррарӣ иҷро мекунад.
"Бо лутфи Худо ва дуои неки муъминон ҷаноби Хоманаӣ сиҳат буда, вазифаҳояшро тибқи ҷадвал фаъолона иҷро менамояд", - навишт Меҳдӣ Фазоилӣ, як масъули дафтари Хоманӣ 7 декабр дар Twitter.
Пештар, рӯзи ҷумъа як қатор расонаҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки мулоқоти президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ бо Хоманаӣ бекор карда шуд ва иҷрои вазифаҳои раҳбари олии ин кишвар муваққатан бар зиммаи писари 51-солаи Хоманаӣ - Муҷтаба Хоманаӣ вогузор шудааст.
Худи Оятуллоҳ Хоманаӣ бори охир дар мазҳари ом 24 ноябри соли равон ҳозир шуда буд. Охирин навишта дар саҳифаи шахсии ӯ дар "Твиттер" низ ҳамон рӯз нашр шудааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ пеш аз интихоб шуданаш ба мақоми раҳбарии олии Эрон дар соли 1989 ҳудуди 9 сол президенти ин кишвар буд. Соли 2014 ӯ ҷарроҳиеро пушти сар кард. Мегӯянд, ӯ ба бемории саратон мубтало аст.