Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хабарнигорони телевизиони русии НТВ-ро аз боздошт раҳо кард


Хабарнигорони боздоштшудаи НТВ дар Туркия.
Хабарнигорони боздоштшудаи НТВ дар Туркия.

Раёсати иртибототи назди президенти Туркия хабар дод, ки ду хабарнигори телевизиони русии НТВ аз боздошт раҳо шудаанд.

"Мо бори дигар ёдрас мекунем, ки расонаҳои хориҷӣ бояд қонунҳои моро риоя кунанд", - илова кардааст раёсати иртиботот.

Ба навиштаи расонаҳои туркӣ, ҷониби Русия дар амри раҳоии хабарнигорон бо ҷониби Туркия ҳамкорӣ кардааст.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки рӯзи 3 декабр рӯзноманигор Алексей Петрушко ва наворбардор Иван Малишкин дар Туркия боздошт ва қарор аст, ба Русия истирдод шаванд. Ин ду корманди НТВ ҳангоми наворбардорӣ дар наздикии коргоҳи истеҳсоли дронҳо боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG