Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз мардум пурсиданд, тарафдори Қонуни танзим ҳастанд, ё не?


Акс аз бойгонист.

Мақомоти Тоҷикистон дар миёни зиёда аз 10 ҳазор нафар як назарсанҷӣ анҷом додаанд ва мегӯянд, мумкин аст, бар асоси натиҷаҳои он қонуни баҳсбарангези “танзим” бознигарӣ шавад.

Яке аз ҳадафҳои назарсанҷӣ маълум кардани он аст, ки то куҷо ҷомеаи Тоҷикистон ин қонунро тарафдорӣ мекунад ва ё намехоҳад, чунин санаде бошад. Таҳқиқи афкори умум аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба поён расидааст ва қарор аст, натиҷаҳои он ҳафтаи оянда ҷамъбаст шаванд.

Афшин Муқим, сухангуи Кумита рӯзи 7-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи асосии ин назарпурсӣ татбиқи босамари қонуни мазкур, фаҳмидани фикру назар ва пешниҳоду дархости сокинон дар бораи он мебошад”.

Қонуни танзими расму ойин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Бар асоси ин санад, масалан шумо ҳақ надоред, ба ҷашни арӯсӣ на бештар аз 150 нафар меҳмон даъват кунед ва ҷашн ҳам набояд аз 3 соат бештар бошад. Додани таом дар маросимҳои худоӣ, чил ва сол, ки барои гиромидошти ёди фавтидае баргузор мекунанд, манъ аст.

Ба қавли Афшин Муқим, бори нахуст аст, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар чунин назарпурсӣ сурат мегирад. Ӯ гуфт, дар гузашта назарсанҷиҳо бо ҷалби аз 3,5 то 4 ҳазор нафар сурат гирифтаанд. Назарсанҷӣ се рӯз идома ёфта, охири ҳафтаи гузашта ба анҷом расидааст.

Аз мардум чӣ пурсидаанд?

Зимни назарсанҷӣ аз мардум пурсидаанд, ки оё Қонуни танзими расму ойинро тарафдорӣ мекунанд, ё не. Дигар суол ин аст, ки оё ин санад, ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат гузошт ва ба онҳо кӯмак кард, ки бо сарфаҷӯӣ аз харҷи маросимҳо ва ҷамъ овардани пасандози бештар фарзандонашонро бештар ба донишгоҳҳо фиристанд.

Намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, ки бо назардошти пешниҳоди сокинон дар назарсанҷӣ, эҳтимол аст, дар қонуни танзим тағйиру иловаҳо сурат гирад. Афшин Муқим, сухангуи Кумитаи дин таъкид намуд, ки “соли 2007 пеш аз он ки қонун қабул шавад, бо ташкили микрофонҳои озод як навъ райъпурсиҳо сурат гирифт. Минбаъд ҳам ҳар тағйроте дар ин қонун ворид мешавад, беҳтар аст, назари мардум пурсида шавад. Натиҷаҳои назарпурсиро ба ҳукумат пешниҳод мекунем, вақте ворид намудани тағйирот ба қонун ба миён меояд, бигузор андешаҳои мардум ба эътибор гирифта шавад”.

Як суҳбати сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки сокинон дар бораи қонуни танзим назарҳои гуногун доранд. Барои мисол, яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 7-уми декабр гуфт, ин қонун тавонистааст, як андоза харҷи сокинонро барои баргузории маросими суру азо кам кунад.

Назарҳои раҳгузарон чӣ гуна аст?

Дигаре гуфт, ин қонун на ҳамеша аз сӯи сокинон риоя мешавад ва афроде чун пештара маъракаҳои худро бо ширкати меҳмонони зиёд баргузор мекунанд. Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, “ҳозир барои тараққиёт, ҳаракат кардан лозим. Ин чиз (танзими маъракаҳо) аз асрҳои миёна мондааст”. Дар замони қабули қонун, бисёриҳо мақомотро танқид карданд, ки ба зиндагии хусусии мардум дахолат мекунанд ва худи ин санад, беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии инсон аст.

Барои риоят накардани муқаррароти қонуни мазкур ҷаримаҳои бузурге таъйин шудааст. Бино бар омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали 322 нафар ё ҷарима барои риоят накардани қонуни танзим ҷарима шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.

Бархе аз ин парвандаҳо сабаб гаштаанд, ки ҳуқуқшиносон низ аз нақзи ҳуқуқи сокинон садо баланд кунанд. Бархӯрди гуногун ба соҳибони тую маъракаҳо, аз ҷумла мансабадорон, ки доир ба маросимҳои бошукуҳи онҳо гузориши зиёд нашр шудааст, боиси баҳсҳои зиёде дар матбуот шудааст.

Шарҳҳоро бинед (45)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG