Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат барои ҷашнҳои пурдабдаба аз куҷо пул меёбад?


Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон шарҳ доданд, ки барои кадом иду ҷашнҳо аз ҳисоби будҷа маблағ медиҳанд. Мавзӯи аз кадом ҳисоб таҷлил шудани ҷашнҳои пурдабдаба ва бошукӯҳ дар кишвар охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотии вазорат дар миён гузошта шуд.

  • Ҳукумати Тоҷикистон давоми даҳ соли охир бо қабули қонуни танзим харҷҳои зиёд дар тӯй ва азои сокинонро манъ кардааст. Аммо бисёре аз мардум ҳукуматро ба он айбдор мекунанд, ки дар фикри танзими ҷашнҳои серхарҷи давлатӣ нест.
Ҳадафи Шуравӣ ин буд, ки ба ин васила рақибони сиёсии худро, мисли Амрико ва Аврупо тарс диҳад.

"Иди асалу харбуза аз пули будҷа нест"

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал дар ҷавоб ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, "танҳо барои баргузории идҳои давлатӣ аз будҷа пул ҷудо мешавад". Вазири тоҷик афзуд, ҳеч гоҳ барои ҷашнҳое ба монанди иди асалу харбуза аз будҷа пул надодаанд.

"Дар будҷа барои баргузории маъракаҳо маблағ дар назар гирифта шудааст, аз он истифода мекунем. Барои чорабиниҳое, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ аст ваё бо иштироки раҳбарони кишварҳои дигар баргузор мешавад. Дар ҳар ҳолат, Вазорати молия назорат мекунад, ки пул чӣ гуна харҷ мешавад. Ҳама чиз ҳисобу китоб дорад", - гуфт Қаҳҳорзода.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.

​Танҳо дар соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ҳукумат барои навсозии "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе аз ҳисоби будҷа беш аз чаҳор миллион сомонӣ харҷ кард.

Харҷи ҷашнҳо дар маҳалҳоро соҳибкорон медиҳанд?

Ҳарчанд маблағи умумии ҷашнҳо ошкор намешавад, дар гузашта дар матбуоти дохилӣ баргузории ҷашнҳои бузурги давлатӣ, ба мисли Истиқлолияту Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ бо ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишҷӯён ва таҳияи либосҳои вижа барои ҳар яке аз онҳо, интиқод шудааст.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, харҷи таҷлили иду ҷашнҳо на ҳамеша аз будҷаи кишвар пардохт мешавад. Сайвалӣ Сафаров, сардори Сарраёсати будҷаи давлатии Вазорати молия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, харҷи иду ҷашнҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва идҳои соҳавӣ дар пойтахт аз ҳисоби деҳқонону соҳибкорони инфиродӣ анҷом мешавад.

Чанд "агар"

Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат. Июни соли 2017
Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат. Июни соли 2017

Миҷгона Ҳалимова, хабарнигори тоҷик, ин посухи масъули молияро ба баҳс кашид. Ӯ гуфт, "агар, воқеан, харҷи ҷашнҳои соҳавӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқониву соҳибкорони инфиродӣ баргузор мегардад, пас, чаро пардохти маоши кормандони будҷавӣ бо баҳонаи ин ё он ҷашн моҳҳо ба таъхир меафтад ва омӯзгорону табибон гоҳе дар се моҳ як бор музд мегиранд?"

Ин хабарнигор, ки ҷараёни омодагии ҳукумати шаҳри Ваҳдатро ба ҷашни Ваҳдат дар соли 2017 мушоҳида кардааст, гуфт, "натиҷа ин шуд: ид бошаҳомат гузашт, вале ҳукумати шаҳр барои қарздорӣ аз будҷаи давлат мавриди интиқоди президент қарор гирифт. Ва Вазорати молия маҷбур шуд, барои кумак ба ҳукумати шаҳр 15 миллион сомонӣ диҳад".

Таҷрибаи ташкили ҷашнҳои серхарҷ, ки дар ҷараёни омодагиҳои тӯлониаш муҳассилон аз таҳсилу истироҳат канда мешаванд, кайҳо мавриди интиқод аст, вале зоҳиран мақомот аз ин таҷрибаи баҳсбарангез даст кашиданӣ нестанд. Ҳоло дар баргузории идҳои бошукуҳи давлатӣ хоҷагидорону афроди доро ҷалб мешаванд, ҳарчанд худи онҳо чунин корро "сирф иҷборӣ" медонанд.

Раҷабалӣ Каримов, як хоҷагидор аз вилояти Хатлон, мегӯяд, барояш беҳтар аст маҳсулотро дар бозор фурӯшад ва даромади бештар гирад. "Ҳангоми иштирок дар намоишгоҳҳои идона харҷ аз даромад бештар мешавад", - афзуд ӯ.

Бозмонда аз Шӯравии пешин

Дар будҷаи соли 2016 барои чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва солимгардонӣ беш аз 822 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, зарурати камтар кардани харҷи ҷашнҳо ё танзими чорабиниҳо пеш омадааст.

Ҷалолиддин Аҳмадов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, танзим нашудани ҷашнҳои бошукӯҳи давлатӣ, меросе аз Шӯравии собиқ аст, ки ҳанӯз дар Русияву Чин ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мондааст ва Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ба таъкиди ӯ, ҳукумат бо ин роҳ ва таҷлили ҷашнҳои бошукуҳ мехоҳад муваффақияту дастовардҳояшро ба намоиш гузорад.

"Ҳарчанд танзими баргузории ҷашнҳои пурхарҷ метавонад садҳо миллион пули будҷаро ҳифз кунад ва коргоҳҳои бузург бидуни қарзҳои хориҷӣ бунёд шавад", - мегӯяд ӯ.

Ӯ афзуд, "Иттиҳоди Шуравӣ ин корро мекард. Мо гаштҳои низомӣ ва, инчунин, ҷашнҳое ба монанди “Рӯзи Меҳнат”-ро ҳанӯз дар ёд дорем. Ҳадафи Шуравӣ ин буд, ки ба ин васила рақибони сиёсии худро, мисли Амрико ва Аврупо бо намоиши қувваи ҳарбӣ тарс диҳад. Зеро мақсади ягонаи гаштҳои низомӣ ин аст, ки мардумро мутмаин кунад: давлат боқуввату кишвар ором аст."

Дар баробари ҷашнҳои расмиву соҳавӣ бар асоси омори расмӣ, қарор аст, дар давоми се соли оянда беш аз 30 ҷашнвораву намоиш ва иду озмунҳо баргузор шавад. Таҷлили қисми зиёди ин чорабиниҳо соли 2019 дар назар гирифта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (42)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG