Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалӣ дар Стокҳолм ё SIPRI дар гузориши нави худ мегӯяд, соли 2019 ширкатҳои амрикоиву чинӣ дар бозори фурӯши силоҳ аввал буданд ва 75 дарсади силоҳҳо бо саҳми ҳамин кишварҳо ба фурӯш рафтааст. Гузориш мегӯяд, ки аз 25 ширкати азими силоҳҳо дар ҷаҳон 12 ададаш амрикоӣ буда, 61 дарсади ҳаҷми умумии силоҳҳои фурӯхташуда ва хадамоти низомиро анҷом додаанд. 15,7 дарсади фурӯшҳои дигари аслиҳа марбут ба Чин будааст. Бори аввал аст, ки исми чор ширкати чинӣ дар гузориш ба ҳайси ширкатҳои муҳими тоҷири силоҳ ёд мешавад. Мизони тиҷорати ин 25 ширкати пештоз назар ба соле аз он пеш 8,5 дарсад афзуда, 361 миллиард долларро ташкил додааст.
Дар миёни ширкатҳои азим исми ду тоҷири калони силоҳ – ширкатҳои “Алмаз-Антей” ва United Shipbuilding ҳам ёд мешавад. Вале ҳаҷми фурӯши онҳо дар як соли гузашта 4 дарсад кам шудааст. Ширкати сеюми русии United Aircraft соли 2019 - 1,3 миллиард долларро аз даст додааст.
Дар феҳристи панҷ ширкати калонтарини силоҳфурӯшии амрикоӣ исми Lockheed Martin, Boeing, Northrop Grumman, Raytheon ва General Dynamics ёд мешавад. Дар ҷои шашум, ҳаштум ва нӯҳум ширкатҳои чинии AVIC, CETC ва Norinco буда, дар ҷои ҳафтум ширкати бритониёии BAE Systems аст. Дар ҳоле, ки ИМА дар бозори байналмилалии тиҷорати силоҳ давоми даҳсолаҳо авлавият дорад, дар соли 2019 мизони тиҷорати силоҳҳои Чин 5 дарсад афзоиш ёфт.