Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Трамп мехоҳад Майкл Флиннро афв кунад


Декабри соли 2018. Майкл Флинн додгоҳи ноҳиявии Вашингтонро тарк мекунад
Декабри соли 2018. Майкл Флинн додгоҳи ноҳиявии Вашингтонро тарк мекунад

Матбуоти амрикоӣ мегӯяд, ки президент Доналд Трамп мехоҳад собиқ мушовири амнияти миллӣ Майкл Флиннро, ки соли 2017 ба дурӯғгӯӣ дар бораи тамосҳояш бо Русия гунаҳгор шуд, афв кунад. Axios, нашрияи New York Times ва чанд матбуоти дигари амрикоӣ рӯзи 24-уми ноябр навиштанд, ки дар миёни зиндониҳое, ки Доналд Трамп мехоҳад дар рӯзҳои охири президентиаш афв кунад, исми Майкл Флинн ҳам зикр мешавад. Сӯҳбатҳои пинҳонии Флинн бо сафири Русия дар Вашингтон дар моҳи декабри соли 2016 барои роҳандозии таҳқиқот дар заминаи мудохилаи Маскав ба интихоботи президентии Амрико далели калидӣ шуд. Флинн дар он муттаҳам шуд, ки ҳангоми бозпурсиҳои Бюрои федеролии тафтишот ду дафъа дурӯғ гуфт ва мулоқотҳои худ бо сафири Русия дар ИМА-ро дар охири соли 2016 ва оғози соли 2017 пинҳон кард.

Худи Флинн баъдан шикоят крад, ки додситонҳо ҳуқуқи ӯро нақз карда маҷбур карданд, ки гуноҳро эътироф кунад. Моҳи маи соли ҷорӣ, дар як иқдоми ногаҳонӣ, вазорати адлия шикоят алайҳи Флиннро бозпас хонд ва гуфт, ки иттиҳоми дурӯғгӯии ӯ чандон ҷиддӣ нест, вале додраси федеролӣ, ки қазияи Флиннро таҳқиқ кардааст, ба идомаи тафтишот пойфишорӣ кард. Афви Трамп парвандаи Флиннро аз додгоҳҳо халос мекунад.

XS
SM
MD
LG