Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои озарӣ ба ноҳияи дуюми дар гузашта зери назари арманитаборҳои Қаробоғ ворид шуданд


23-юми ноябр. Низомиёни арманӣ пеш аз тарки Калбаҷар акси хотиравӣ мегиранд
23-юми ноябр. Низомиёни арманӣ пеш аз тарки Калбаҷар акси хотиравӣ мегиранд

Аз се ноҳияи собиқи зери назари арманитаборҳо дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ нирӯҳои озарбойҷонӣ ба ноҳияи дуюмаш ворид шуданд. Ин кор дар чаҳорчӯби созиши 10-уми ноябр имзошудаи миёни раҳбарони Арманистону Озарбойҷон бо ҳадафи хатми ҷангҳо дар ин минтақаи ҷудоиталаб анҷом мешавад. Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, воҳидҳои артиши Озарбойҷон ба ноҳияи Карвачар (ба озарӣ Келбаҷар) ворид шуданд. Қарор буд ин ноҳия 15-уми ноябр ба ихтиёри озарбойҷониҳо дода мешуд, вале бо сабабҳои гуманитарӣ аз ҷониби Озарбойҷон ба таъхир гузошта шуд. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, корҳои муҳандисӣ барои ҳаракати мошинҳои низомӣ ва поккории роҳҳо аз мина хотима дода шудааст. Арманистон розӣ шуд, ки се ноҳияи атрофи Қаробоғ – Ағдам, Карвачар ва Лочинро дар чаҳорчӯби созиши имзошуда дар поёни ҷанги шашҳафтаинаи ахир ба озариҳо баргардонад. Ағдам рӯзи 20-уми ноябр ва Лочин то 1-уми декабр супурда мешавад.

Кремл рӯзи 24-уми ноябр хабар дод, ки ҷараёни иҷрои созиши бо миёнҷигии Русия ҳосилшуда дар сӯҳбатҳои ҷудогонаи телефонии президентони Русияву Озарбойҷон – Владимир Путин, Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян баррасӣ шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки дар ин гуфтугӯҳо инчунин масъалаи ёриҳои башардӯстона ҳам баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG