Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо барои осебдидагони Қарабоғи Куҳӣ 3 миллион евро ҷудо кард


Қаробоғи Кӯҳӣ
Қаробоғи Кӯҳӣ

Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки барои расонидани кумаки башардӯстона ба зарардидагони низои ахири Қарабоғи Куҳӣ 3 миллион еврои дигар ҷудо мекунад. Иттиҳоди Аврупо моҳи октябри имсол 900 ҳазор евро ҷудо карда буд.

Комиссари ИА дар умури идораи буҳронҳо Янез Ленарчич гуфт, аз қатъи даргириҳо дар Қарабоғи Куҳӣ истиқбол мекунад. Ӯ дар робита ба кӯчонидани сокинон изҳори нигаронӣ кард, ки бар иловаи мушкилиҳои фасли сармо бо пайомадҳои пандемияи коронавирус низ рӯбарӯ мешаванд.

Дар изҳороти комиссар омадааст, ки шарикони башардӯстонаи ИА ба зарардидагони Қарабоғ кумакҳои асосӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, ашёи зимистона, дастгоҳу лавозимоти тиббиро мерасонанд.

Рӯзи 9 ноябр президентҳои Русияву Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон изҳороти муштаракро дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ имзо карданд. Озарбойҷону Арманистон дар мавқеъҳои худ боқӣ мемонанд ва неруҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа ҷойгир карда мешаванд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябри соли равон якбора шиддат гирифта буд. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG