Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораи нав барои назорати вазни зиёди кормандон дар Узбекистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз 1-уми июли соли 2021 дар Узбекистон меъёри баҳодиҳии сатҳи вазни барзиёди роҳбарон ва кормандони мақомоти давлатиро ба роҳ мемонанд ва ҳамзамон низоми мониторинги онлайнии натиҷаҳо роҳандозӣ мегардад. Дар ин бора рӯзи 19-уми ноябр дар як ҷаласаи матбуотии Оҷонси иттилоотӣ ва иртиботи ҷамъии Узбекистон хабар доданд. Дар ин ҷаласа гуфта шуд, дар соли хониши 2021 - 2022 дарси варзиш дар тамоми синфҳо ҳафтае ду бор ба роҳ монда мешавад ва барои кормандони давлатӣ дар рӯз танаффусҳои махсусе барои машғул шудан ба варзиш ҷудо мегардад.

XS
SM
MD
LG