Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Арманистон ба интихоботи пеш аз муҳлат даъват кард. АКС

Волидони сарбозоне, ки фарзандонашонро дар низои ахир аз даст додаанд. Назди бинои Вазорати мудофиаи Арманистон. 16-уми ноябри 2020

Президенти Арманистон Армен Саркисян ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ даъват кард. Вай гуфт, ин тасмим барои аз байн бурдани ихтилофҳое зарур аст, ки баъд аз имзои сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ ба миён омадаанд.

Саркисян, ки рӯзи 16-уми ноябр тавассути телевизион суҳбат мекард, гуфт, “интихобот кишварро аз табаддулот” ҳифз мекунад.

Дар пайи шаш ҳафта даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ, ки миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон сурат гирифт, бо миёнравии Русия созиши сулҳ имзо шуд. Бар асоси он, арманиҳо қаламравҳоеро дар атроф ва дохили минтақаи ҷудоиталаб аз даст доданд.

Президенти Арманистон аз ҳукумати нахуствазир Никол Пашинян ва эътилофи “Иқдоми ман” тақозо кард, ки барои баргузории интихоботи зудрас “харитаи роҳе” таҳия кунанд. Ӯ гуфт: “Бо назардошти вазъи кунунӣ ва тақозои ҷомеа, барои пешгирӣ аз ҳама гуна табаддулоти сиёсии дохилӣ, мусаллам аст, ки баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ ногузир мебошад”.

Изҳороти президент баъд аз он садо дод, ки ӯ бо аъзои гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ музокира кард. Саркисян, ки бештар мақоми ифтихорӣ дорад, гуфт, назари баёнкардаи ӯ бар пояи дидгоҳҳои аксар раҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои муътабари ҷомеа хулоса шудааст, ки бо онҳо дар рӯзҳои охир гуфтушунид дошт.

Баъзе аз ин гурӯҳҳо бо нишони эътироз ва созиши сулҳ бо Озарбойҷон, Пашинянро танқид ва истеъфои ӯро талаб намуданд. Нахуствазир талаби онҳоро рад кард.

Пашинян рӯзи 16-уми ноябр вазири корҳои хориҷиро аз мансабаш барканор кард ва ин қарор дар ҳоле қабул шуд, ки Саркисян ва раҳбарони мухолифин ба ҳукумат фишор меоранд, то ба истеъфо биравад.

Бар асоси созиши сулҳи рӯзи 10-уми ноябр, озарбойҷониҳо қаламравҳоеро, ки дар ҷанги сӣ соли пеш ба ҷудоиталабони арманӣ аз даст дода буданд, дубора ба даст меоранд, қисми муҳими кӯҳистонии минтақа ва бахшҳое аз атрофи Қаробоғро таҳти назорати худ дароварданд.

Рӯзи 16-уми ноябр ҳазорҳо эътирозгарони хашмолуд дар кӯчаҳои Ереван раҳпаймоӣ карда, аз талаби 17 гурӯҳи сиёсӣ ба истеъфои Пашинян пуштибонӣ намуданд.

Аксҳо: Ноҳияҳои атрофи Қаробоғро холӣ мекунанд.

Арманиҳо пеш аз тарки ноҳияҳои атрофи Қаробоғ хонаҳоро оташ мезананд

Сокинон саҳнаи ба хокистар табдил шудани хонаҳоро дар деҳаи Чаректар (Чарактар ба озарӣ)-и ноҳияи Келбаҷар тамошо мекунанд. Ноҳияи кӯҳистонии воқеъ дар ғарби Қаробоғи Кӯҳӣ бар асоси созиши Еревану Боку ба Озарбойҷон баргардонида мешавад
1/18 Сокинон саҳнаи ба хокистар табдил шудани хонаҳоро дар деҳаи Чаректар (Чарактар ба озарӣ)-и ноҳияи Келбаҷар тамошо мекунанд. Ноҳияи кӯҳистонии воқеъ дар ғарби Қаробоғи Кӯҳӣ бар асоси созиши Еревану Боку ба Озарбойҷон баргардонида мешавад
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Ходими калисо як ороишоти дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк, воқеъ дар ноҳияи Келбаҷарро бо худ мебарад
2/18 Ходими калисо як ороишоти дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк, воқеъ дар ноҳияи Келбаҷарро бо худ мебарад
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Дуд ба осмон мепечад, роҳи мошингард баста шудааст. Арманитаборҳои Келбаҷар ин маконро тарк мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ноҳияро қаламрави Озарбойҷон мешуморад. Арманитаборҳо мегӯянд, онҳо бо ин сарзамин иртиботи таърихӣ доранд ва муассисаҳои масеҳии бунёдшуда дар ин қаламрав, ба гуфтаашон, баёнгари ин аст.
3/18 Дуд ба осмон мепечад, роҳи мошингард баста шудааст. Арманитаборҳои Келбаҷар ин маконро тарк мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ноҳияро қаламрави Озарбойҷон мешуморад. Арманитаборҳо мегӯянд, онҳо бо ин сарзамин иртиботи таърихӣ доранд ва муассисаҳои масеҳии бунёдшуда дар ин қаламрав, ба гуфтаашон, баёнгари ин аст.
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Дар назди дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк дар ноҳияи Келбаҷар истгоҳи бензин оташ зада шудааст. Оғози солҳои 1990-ум, вақте ҷудоиталабони арманитабор бо пуштибонии Ереван ин қаламравҳоро ишғол карданд, садҳо ҳазор озарбойҷониҳо ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд  
4/18 Дар назди дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк дар ноҳияи Келбаҷар истгоҳи бензин оташ зада шудааст. Оғози солҳои 1990-ум, вақте ҷудоиталабони арманитабор бо пуштибонии Ереван ин қаламравҳоро ишғол карданд, садҳо ҳазор озарбойҷониҳо ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд  
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Низомиёни арманӣ сутунеро, ки чанде пеш аз ҷониби арманитаборҳо дар деҳаи Келбаҷар, наздикиҳои сарҳади Озарбойҷон гузошта буданд, хароб мекунанд
5/18 Низомиёни арманӣ сутунеро, ки чанде пеш аз ҷониби арманитаборҳо дар деҳаи Келбаҷар, наздикиҳои сарҳади Озарбойҷон гузошта буданд, хароб мекунанд
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Марди арманитабори сокини Чариктар ду ғозашро бо худ мебарад
6/18 Марди арманитабори сокини Чариктар ду ғозашро бо худ мебарад
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Манзили оташгирифта дар Келбаҷар 
7/18 Манзили оташгирифта дар Келбаҷар 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Сохтмоне дар Чариктар, ки оташ зада шудааст 
8/18 Сохтмоне дар Чариктар, ки оташ зада шудааст 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Зангӯлаҳои ибодатгоҳи Дадиванк дар интизори интиқолёбӣ ба Арманистон 
9/18 Зангӯлаҳои ибодатгоҳи Дадиванк дар интизори интиқолёбӣ ба Арманистон 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Дуд дар фазои ноҳияи Келбаҷар 
10/18 Дуд дар фазои ноҳияи Келбаҷар 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Марде дар деҳаи Ехегнути ноҳияи Келбаҷар сими сутуни барқро меканад 
11/18 Марде дар деҳаи Ехегнути ноҳияи Келбаҷар сими сутуни барқро меканад 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Марде аз назди хонаи оташгирифтаи деҳаи Чаректар  убур мекунад 
12/18 Марде аз назди хонаи оташгирифтаи деҳаи Чаректар  убур мекунад 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Истгоҳи барқӣ ҳам аз кор бароварда шуд 
13/18 Истгоҳи барқӣ ҳам аз кор бароварда шуд 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Гаро Дадевусян (аз рост) пеш аз оташ задани хонааш дар ноҳияи Келбаҷар қисмҳои оҳании боми хонаашро наҷот медиҳад 
14/18 Гаро Дадевусян (аз рост) пеш аз оташ задани хонааш дар ноҳияи Келбаҷар қисмҳои оҳании боми хонаашро наҷот медиҳад 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Зане тимсоли масеҳиро бо худ мебарад
15/18 Зане тимсоли масеҳиро бо худ мебарад
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Занони арманитабор савори мошини борбаре аз назди деҳаи тоза бунёдшудаи армании Кнараван убур мекунад. Ин деҳа ҳам зери назари Озарбойҷон мегузарад 
16/18 Занони арманитабор савори мошини борбаре аз назди деҳаи тоза бунёдшудаи армании Кнараван убур мекунад. Ин деҳа ҳам зери назари Озарбойҷон мегузарад 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Саге дар назди мактаби сӯхтаи деҳаи  Чаректар 
17/18 Саге дар назди мактаби сӯхтаи деҳаи  Чаректар 
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Ҳамсарон арманитабор ба хонаи сӯхтаистодаи худ дар Чаректар нигоҳ мекунанд
18/18 Ҳамсарон арманитабор ба хонаи сӯхтаистодаи худ дар Чаректар нигоҳ мекунанд
Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
пешина
баъдӣ

Мақомоти Арманистон гуфтанд, намоишҳои эътирозӣ ғайриқонунӣ аст, чун пас аз шурӯи даргириҳои Қаробоғ дар 27-уми сентябри имсол дар Арманистон қонуни ҳолати ҷанг ба кор даромад ва ин қонун баргузории таҷаммӯъ ва гирдиҳамоиҳоро манъ мекунад.

Гурӯҳи калони оппозитсионии порлумон – “Арманистони шукуфо”, собиқ ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ, ҳизби “Ватан” ва ҳизби Федератсияи инқилобии Арманистон дар миёни 17 созмони сиёсӣ мебошанд, ки аз 10-уми ноябр ба ин сӯ эътирозҳои мардумиро ба роҳ монданд. Раҳбарони ин ҳизбҳо аз замони шурӯи эътирозҳо чанд бор боздошту озод шуданд.

Дар порлумони иборат аз 132 курсӣ гурӯҳи “Иқдоми ман”-и Пашинян ҳамоно аксариятро ташкил медиҳад ва ин чиз метавонад ӯро аз қарори адами эътимоди порлумон ҳифз кунад. Худи Пашинян то ҳол даъватҳо ба истеъфо ва ё интихоботи зудрасро рад карда, рӯзи душанбе вазири умури хориҷӣ Зоҳраб Мнатсаканянро аз мансаб барканор кард.

Пашинян ҳангоми суханрониаш дар порлумон сабаби аз мақом барканор кардани вазирро шарҳ надод, вале гуфт, ки ҳукумат дар пайи чанд барканории дигар ҳам мешавад. Пашинян гуфт, созиши сулҳ танҳо имконият барои Арманистон буд, ки барои ҳифзи Қаробоғи Кӯҳӣ мусоидат мекунад, бо ин вуҷуд ки шаҳри дуюми минтақа – Шушӣ, ки ба озарӣ Шуша ном дорад, таҳти назари озариҳо гузашт.

Бар асоси ин созиш, давоми панҷ соли оянда 2 ҳазор низомии рус дар ҳайати посдорони сулҳ дар минтақа ҷойгир мешаванд. Онҳо, инчунин, вазъи амниятиро дар даҳлези Лочин назорат мекунанд, ки роҳи калидии пайвасткунанда бо минтақа ва Арманистон ба шумор меравад.

Пашинян гуфт, роҳи Лочин аз 16-уми ноябр дубора боз мешавад ва бисёре аз сокинон, ки хонаҳоро тарк кардаанд, метавонанд ба манзилҳои худ баргарданд. Дар пайи даргириҳои ахир ҳисоб шудааст, ки минтақае бо 150 ҳазор аҳолиро аз 75 то 90 ҳазор нафар тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз қаламравҳо берун шудани арманитаборон ва ба озариҳо гузаштани онҳо метавонад боис ба фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ болои Арманистон шавад. Қарор аст, 20-уми ноябр ва 1-уми декабр ноҳияҳои Ағдам ва Лочин ба Озарбойҷон гузаранд.

Қаробоғи Кӯҳӣ бахше аз қаламравҳои Озарбойҷон эътироф шудааст. Арманитаборҳои маҳаллӣ аксари сокинони минтақа мебошанд ва баъд аз ҷанги соли 1994 ҳукумати худро роҳандозӣ карда, қарорҳои Бокуро эътироф намекарданд.

Даргириҳои ахир 27-уми сентябр шуруъ шуданд ва дар ин ҷангҳо аз ҳарду тараф беш аз 2 ҳазор сарбоз кушта шуданд. Озарбойҷон омори талафоти ҷониби худро нашр намекунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG