Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон арманӣ ба Ереван рехтанд ва гиребони маъмурони пулисро гирифтанд. АКС


Тазоҳургарони хашмгин бо маъмурони пулис даргир шуданд.

Рӯзи 11-уми ноябр дар Ереван нирӯҳои полис бо эътирозгароне, ки мухолифи созиши оташбас бо Озарбойҷон ҳастанд, задухӯрд карданд. Созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги Қаробоғи кӯҳӣ бо миёнҷигарии Русия баъди шаш ҳафта даргириҳо ба имзо расид.

Рӯзи 11-уми ноябр алорағми манъи гирдиҳамоиҳо ҳазорон тазоҳургар ба Майдони Озодии Ереван рехтанд. Издиҳоми хашмгин “Никол хиёнаткор аст” фарёд мекашидан ва пулис мехост, онҳоро пароканда кунад. Ба иттилои аъзои ҳизби “Арманистони шукуфо” маъмурони пулис раиси ҳизб Гагик Тсарукянро боздошт кардаанд.

Дар Озарбойҷони ҳамсоя, баръакс, имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи куҳӣ мояи шодиву хурсандии мардум шуд. Рӯзи 10-уми ноябр, баъди эълони хабари имзои созиши оташбас мардуми норозӣ аз ин иқдоми Никол Пашиниён нахуствазири Арманистон ба биноҳои парлумон ва ҳукумат ҳуҷум ва харобкорӣ карданд. Намояндагони 17 ҳизби сиёсӣ аз Пашиниён хостанд, истеъфо бидиҳад, чун, ба гуфтаи онҳо, Арманистон ба гузаштҳои хеле ҷиддӣ роҳ дод.

Зимни суханронӣ дар раҳпаймоӣ Ишган Сагателиён, раҳбари Федератсияи инқилобии Арманистон (ё ҳизби “Дашнактсутюн”) иддао кард, ки “ҷангро ба мо” Пашиниён ва “сиёсатҳои нодурусти ӯ” овард. Сагателиён гуфт, ки дар давоми ҷанг ӯ “беамаливу хиёнатро ба намоиш гузошт”.

Пулиси Арманистон рӯзи 11-уми ноябр ҳушдор дод, ки баргузор кардани тазоҳурот мухолифи Қонуни ҳолати ҷангӣ аст. Тигран Авиниён, муовини нахуствазири Арманистон, ки дар телевизион суҳбат мекард, истеъфои ҳукуматро аз эҳтимол дур надонист, вале аз талоши “табаддулот” ҳушдор дод. Ӯ гуфт, “мехоҳам ҳама нирӯҳои сиёсиро мутақоид кунам, ки талоши доштани моҳӣ дар оби тира ва дар шароити қонуни ҷанг намоиши таҳаммулнопазирӣ аст”. Ӯ гуфт: “Агар зарур бошад, ин ҳукумат меравад, ҳукумати нав интихоб мешавад, вале на ман ва на дигар узви тими мо ба ҳеҷ гуна талоши табаддулот роҳ намедиҳад.”

Дафтари раёсатҷумҳурӣ гуфт, ки президент Армен Саркисиён бо намояндагони чанд ҳизби сиёсӣ “машваратҳо”-ро шурӯъ кард, то ки шиддати таниш дар кишвар поин биёяд ва “ваҳдат”-и миллӣ таъмин шавад. Бар асоси созиш бо миёнҷигарии Русия, дар Қаробоғи куҳӣ нируҳои посдори сулҳи ин кишвар мустақар мешаванд ва Озарбойҷон назорат бар минтақаву навоҳии атрофро барқарор мекунад. Ин санад инчунин аз Арманистон мехоҳад, минтақаҳои берун аз Қаробоғи куҳӣ таҳти назорат гирифтаашро баргардонад.

Дар минтақа беш аз 400 узви ҳайати посдорони сулҳи Русия мустақар шуданд ва ба қавли вазорати дифои Русия, вазифаи онҳо “назорати иҷрои оташбас ва хатми мухолифатҳо дар Қаробоғи куҳӣ” мешавад. Тахминан 2 ҳазор сарбози дигари Русия дар даҳлези Лочин мустақар шуда, амнияти онро назорат мекунанд. Ин гузаргоҳ роҳи асосӣ ба самти маркази Қаробоғ – шаҳри Степанакерт ба шумор меравад. Созиш миёни Арманистону Озарбойҷон баъди он имзо шуд, ки нируҳои озарӣ барои таҳти назорат гирифтани манотиқи стратегии наздик ба Степанакерт пешравӣ карданд. Қаробоғи куҳӣ як вилояти арманишини Озарбойҷон аст, вале мақомоти он вилояти ҷудоиталаб ҳукумати Бокуро эътироф намекунанд.

Баъди ҷанги соли 1994 онҳо бо ёрии Арманистон ҳукумати худро идора мекунанд. Талошҳо барои хатми низоъ дар минтақа аз ҷониби Гуруҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бенатиҷа анҷомидааст. Се талоши оташбас, ки бо ташаббуси Амрико, Фаронса ва Русия ба роҳ монда шуд, натиҷа надод. Бовар меравад, дар ҷангҳои ду моҳи гузашта ҳазорон нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG