Бо зарбаҳои марговари нерӯҳои мусаллаҳи Арманистону Озарбойҷон ба ҳамдигар, мардуми оддии ду тараф дар миёни оташи ҷанг мондаанд.
Дар ин ҳамлаҳо рустоҳо дар Қаробоғи Кӯҳиву атрофи он вайрону валангор шудаанд. Ҷанг байни ду кишвар рӯзи 27-уми сентябри имсол оғоз шуд.
Темур Ҳоҷиев, сокини деҳаи Сейдимлии Озарбойҷон мегӯяд, "шоми 29-уми сентябр, соати 7, бомбаборон аз тарафи Арманистон оғоз шуд ва ба инҷо ҳам зад. Ба ҷойҳои зиёди деҳа осеб расид, хонаҳо вайрон шуд. Як нафар маҷруҳ шуд."
Ду кишвар соли 1990, баъди онки ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Арманистон Қаробоғи Кӯҳиро мустақил эълон карданд, бо ҳам ҷангиданд.
Аз оғози даргириҳои нави ду кишвар дар рӯзи 27-уми сентябр зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён, кушта шудаанд.
Азбаски Озарбойҷону Арманистон вазъи фавқулода ё изтирорӣ эълон кардаанд, Радиои Озодӣ имкони ҳаракати озод ва инъикоси ҳодисаҳоро дар ҳеч яке надорад.
Сафари хабарнигоронро ба деҳаи Мартуни мақомоти Арманистон ташкил карданд. Александр Мелкумиён дар ин деҳа мегӯяд, ки хушдоманаш дар натиҷаи бомбандозӣ кушта шуд. Ҳамсараш захм бардошта, кӯдаки ҳамсоя ҷон додааст.
"Ман мехостам, ба хукҳо хӯрок диҳам, ки занам гуфт, тирандозӣ аст. Гуфтам, муҳим нест. Фикр кардам, тирандозиҳоест, ки тақрибан ҳар рӯз мешунавем. Ногаҳон садои таркиш шуд. Аз инҷо меомад. Вақте ба ин тараф давидам, ҳамаҷо пур аз дуд буд. Одамон инҷо афтода буданд", -- нақл кард Мелкумиён.
Ҳукумати Арманистон рӯзи 30-юми сентябр навореро нашр кард, ки паноҳгоҳ аз бомбандозӣ дар Қаробоғи Кӯҳиро нишон медиҳад. Арманистон гуфт, то 30-юми сентябр 8 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Пеш аз ин аз ҳалокати сарбозон гузориш доданд. Тасдиқи дурустии хабар аз манобеи мустақил имконнопазир аст. Даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷруҳ шудаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: