Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The New York Times: Нафари дувуми "Ал-Қоида"-ро дар Эрон куштаанд


Абдуллоҳ Аҳмад Абдуллоҳ аз раҳбарони шабакаи террористии "Ал-Қоида" буд
Абдуллоҳ Аҳмад Абдуллоҳ аз раҳбарони шабакаи террористии "Ал-Қоида" буд

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" (The New York Times) иддао кардааст, ки маъмурони исроилӣ шахси рақами дувуми "Ал-Қоида"-ро дар Теҳрон куштаанд.

Абдулло Аҳмад Абдулло ба тарҳрезии ҳамлаҳои маргбор дар ду сафорати Амрико дар Африқо муттаҳам буд. Дар бомбгузории соли 1998 дар Кения ва Танзания 224 нафар кушта ва беш аз 5000 кас захмӣ шуданд.

"Ню-Йорк Таймс" рӯзи 13-уми ноябр навишт, Абдулло Аҳмад Абдулло (Абу Муҳаммад Ал-Мисрӣ) рӯзи 7-уми август аз сӯйи ду мототсиклсавор дар яке аз кӯчаҳои Теҳрон ба қатл расидааст. Ал-Мисрӣ ҳамчун ҷонишини Айман Завоҳирӣ, раҳбари ҳозираи шабакаи "Ал-Қоида" ёд шудааст.

Рӯзнома ба нақл аз мақомҳои истихборотӣ гуфтааст, кушта шудани Ал-Мисрӣ аз сӯйи Исроил ва бо дастури Иёлоти Муттаҳида анҷом шуд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон гузориши "Ню-Йорк Таймс"-ро рад кард ва гуфт, шахсони вобаста ба шабакаи "Ал-Қоида" дар Эрон ҳузур надоранд.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 14-уми ноябр гуфт: "Вашингтону Телавив сари чанд вақт барои шона холӣ кардан аз масъулияти иқдомоти ҷиноятбори ин гурӯҳ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ дар минтақа, талош мекунанд бо дурӯғпардозӣ ва иттилооти сохта Эронро ҳамчун кишвари пайванд бо чунин гурӯҳҳо нишон диҳанд."

Вай илова кард, "ҳарчанд Амрико дар гузашта низ аз тарҳи ҳеч иттиҳоми дурӯғ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ худдорӣ накардааст, ин ҳодиса дар давлати феълии Амрико ба як раванди доимӣ табдил шудааст."

Як мансабдори амрикоӣ дар суҳбат бо "Ройтерс" аз тасдиқи ҷузъиёти гузориши "Ню-Йорк Таймс" худдорӣ карда ва ҳам нагуфтааст, ки оё дар ин кор Иёлоти Муттаҳида дахолат дошт, ё не. Дафтари нахуствазири Исроил гуфтааст, дар мавриди ин гузориш шарҳе намедиҳад.

Абу Муҳаммад Ал-Мисрӣ дар феҳрасти террористҳои таҳти таъқиби FBI (ФБР) буд. "Ню-Йорк Таймс" низ навишт, Иёлоти Муттаҳида солҳо боз ҳаракати Абу Муҳаммад Ал-Мисрӣ ва ҷангҷӯёни дигари "Ал-Қоида"-ро дар Эрон таъқиб мекард, аммо ҳоло рӯшан нест, ки дар ин амалиёт Вашингтон чӣ нақше доштааст.

На Эрону "Ал-Қоида" ва на Амрикову Исроил ҳаргиз ин қатлро ба таври ошкор тасдиқ накардаанд.

Нашрияи амрикоӣ гузориш дод, ки дар ин ҳодиса духтари Ал-Мисрӣ низ кушта шудааст. Вай ҳамсариҲамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари собиқи "Ал-Қоида" буд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, моҳи сентябри соли 2019 гуфт, ки Ҳамза бин Лодин дар як амалиёти низомӣ дар марзи миёни Афғонистону Покистон кушта шудааст.

Эрони аксаран шианишин ва "Ал-Қоида", гуруҳи ҷангҷӯйи иборат аз суннимазҳабон, аз рӯйи ақида "душманони якдигаранд". Мақомоти иттилоотии Амрико мегӯянд, Ал-Мисрӣ аз соли 2003 дар боздоштгоҳе дар Эрон буд, аммо дастикам аз соли 2015 озодона зиндагӣ мекард.

Баъзе аз коршиносон тахмин мезананд, ки Эрон барои боздоштани ин гурӯҳ аз анҷоми ҳамлаҳо дар Ҷумҳурии Исломӣ, табдили зиндониён ва ё истифода ба зидди Амрико шуморе аз шахсиятҳои "Ал-Қоида"-ро ҳамчун замонат нигоҳ доштааст. Мақомоти Эрон пешниҳоди "ҳарам" ва пуштибонӣ аз ҷангҷӯёни "Ал-Қоида"-ро инкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG