Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ: Толибон робитаашро бо Ал-Қоида қатъ накардааст


Охирҳои моҳи феврал миёни Толибон ва Амрико созишномаи сулҳ ба имзо расид.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши солонааш аз идомаи робита миёни шабакаи тундрави Ал-Қоида ва гурӯҳи Толибон парда бардоштааст. Дар ин гузориш, ки 1-уми июн нашр шуд, омадааст, Ал-Қоида дар 12 вилояти Афғонистон фаъол аст ва дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар аз 400 то 600 ҷангҷӯ дорад.

Бадахшону Ғазнӣ, Ҳилманд, Кунар, Кундуз, Нангарҳор, Нимрӯз, Нуристон, Пактиё ва Зобул аз вилоятҳое гуфта шудааанд, ки Ал-Қоида дар онҷо фаъолият дорад.

Мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид гузориши навро бар асоси гуфтугӯ бо мақомҳои 33 кишвари узви созмон ба иловаи ниҳодҳои амниятӣ ва иктишофӣ ва огоҳони низомӣ таҳия кардаанд.

Натиҷаи арзёбии "Гурӯҳи ҳимояти таҳқиқӣ ва назорати таҳримҳои СММ" ба нақл аз ин мақомҳо менависад, Толибон бо маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бозии дутарафа ё дусара карда, дар ҷараёни гуфтугӯҳои 16-моҳа бо Иёлоти Муттаҳида, ҳамзамон бо раҳбарони баландпояи шабакаи Ал-Қоида машваратҳо доштаанд.

Дар идомаи гузориш омадааст, Толибон ба Айман Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида итминон додаанд, ки ба робитаи дерина бо ин гурӯҳ пойбанд хоҳанд буд. 33 кишвари узви СММ ба гурӯҳи таҳқиқии созмон гуфтаанд, аъзои Толибон бо Ал-Қоида дар ҷараёни солҳои 2019 ва 2020 мулоқот дошта, дар бораи тарҳрезии амалиёт, омӯзиш ва фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн барои Ал-Қоида аз сӯи Толибон дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, то ҳанӯз нигарони равобит миёни Толибон ва Ал-Қоида аст. Давохон Минапол, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "дар созиш миёни Амрико ва Толибон, гурӯҳи Толибон ваъда доданд, ки робита бо Ал-Қоидаро қатъ мекунад ва ҳоло бояд собит кунад, ки равобите вуҷуд надорад. Нигаронии ҳукумати Афғонистон монанди гузашта дар ҷояш боқӣ аст".

Толибон дар созише, ки рӯзи 29-уми феврал бо Амрико дар Доҳа – пойтахти Қатар имзо карданд, ӯҳдадор шуданд, ки робитаашонро бо Ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигари тундрав қатъ мекунанд ва ба мубориза бо ин гурӯҳҳо идома медиҳанд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар моҳи март гуфта буд, ки Толибон робитаашонро бо Ал-Қоида қатъ кардаанд, аммо ҳоло Созмони Милали Муттаҳид аз ворид шудани созиши Амрико ва Толибон ба марҳилаи нав хабар медиҳад.

Гурӯҳи таҳқиқии мутахассисони СММ номҳои чандин узви баландпояи Ал-Қоидаро ба шумули Шайх Абдураҳмон, Ҳасани Мисрӣ, Абу Усмон ва чанд тани дигар нашр карда, гуфтаанд, онҳо дар 12 моҳи ахир ҳадди ақал шаш дафъа бо аъзои Толибон дидор кардаанд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, гузориши Созмони Милали Муттаҳидро рад кардааст. Вай гуфтааст, ки ба созиш бо Амрико пойбанд ҳастанд ва ҳеч гоҳ намегузоранд, хоки Афғонистон ба зидди кишвари дигаре истифода шавад.

Доналд Трамп, президенти Амрико пас аз имзои созишнома бо Толибон дар моҳи март гуфт, агар Толибон ба ӯҳдадориҳояшон пойбанд намонанд, "Амрико дубора ба Афғонистон бо чунон қудрате хоҳад рафт, ки касе мислашро надида бошад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG