Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худӣ ё бегона? Баҳси ҳимояти Толибон аз ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшони Афғонистон


Ҷангиёни гурӯҳи Толибон. Акс аз бойгонӣ.
Ҷангиёни гурӯҳи Толибон. Акс аз бойгонӣ.

Тақрибан ду моҳ пеш Толибон ҳангоми имзои мувофиқатномаи овардани сулҳ ба Афғонистон дар Давҳа, пойтахти Қатар - шаҳре, ки мизбони дафтари сиёсии ин гурӯҳ аст, ба Амрико ваъда супурданд, ки ба ҳеч гурӯҳи ҳаросафкан иҷоза намедиҳанд, то аз хоки Афғонистон алайҳи манофеи Амрико ва ҳампаймононаш истифода кунад. Аммо акнун мақомҳои вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Покистон, Тоҷикистон ва Чин ҳаммарз аст, аз ҳамкории Толибони маҳаллӣ бо ҷангҷуёни хориҷӣ сухан мегӯянд.

Закариё Савдо, волии Бадахшон, мегӯяд, иттилооташ нишон медиҳад, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ асосан аз Тоҷикистону Узбекистон дар канори ситезаҷӯёни чечену уӣғурҳои минтақаи Шинҷони Чн дар бархе аз манотиқи кӯҳистонии он вилоят, аз ҷумла бахшҳои ноҳияҳои Вардуҷ, Юмгон ва дараи Хустак аз солҳои сол ҳузур доранд.

Оқои Савдо ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, Толибони маҳаллии Бадахшон аз тарҳи ҷангҷӯёни хориҷӣ барои эҷоди маркази бузурги ҳаросафканони хориҷӣ дар ин вилоят пуштибонӣ мекунанд, иқдоме, ки аз диди Савдо метавонад ҳам барои ҳукумати Афғонистон ва ҳам барои ҳомии стратегиаш Иёлоти Муттаҳида хатарофарин бошад.

Закариё Савдо, волии Бадахшон.
Закариё Савдо, волии Бадахшон.


Вай афзуд, "Толибони маҳаллӣ ҷангҷӯёни хориҷиро, ҷангҷӯёни хориҷӣ Толибонро ҳимоят мекунанд ва бо ҳам тафоҳуми хеле ҷиддӣ доранду мехоҳанд як чатри хеле васеъро дар Бадахшон барои ҷангҷӯёни хориҷӣ эҷод кунанд, то аз тамомии вилоятҳо ба инҷо биёянду як маркази хеле бузург дошта бошанд."

Раиси вилояти Бадахшон гуфт, ба асоси иттилоот, ки аз маҳал ба ӯ расида, ахиран 30 ҷангҷӯи хориҷӣ вориди Бадахшон шудаанду амалан раҳбарии хати пеши ҷанги алайҳи нерӯҳои афғонро дар вулусволии кӯҳистонии Ҷурм ба даст гирифтаанд".

Бино ба иттилои ӯ, ҷангҷӯёни муҷаҳҳаз бо силоҳҳои сабуку сангин ба раҳбарии Абу Умар ба Толибони маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар канори онҳо меҷанганд ва аз ин пас раҳбарии хатти аввали набард дар ноҳияҳои Ҷурму Вардуҷ ба дӯши онҳо аст. Савдо гуфт, Абу Умар тирандози моҳир аст ва эҳтимол дорад ба шабакаи ҳаросафканони Ал-Қоида вобаста бошад, аммо ин иттилоотро ба иллати дурафтода будани минтақа наметавон ба таври мустақил таъйид кард.

Башир Аҳмад Самим, раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон мегӯяд, ҳаросафканҳои байналмилалӣ ҷанг дар минтақаҳое ба монанди Хустак, Вардуҷ ва Юмгонро мудирият мекунанд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, "қумондон‌ҳо ва раҳбарони гуруҳҳои марбут ба ДОИШ аз муддати як ҳафта ба ин сӯ дар хатти аввали ҷабҳа дар ноҳияҳои Вардуҷу Юмгон ва Хустак ҷобаҷо шудаанд ва ҷанги Бадахшонро феълан террористони байнулмилалӣ дар ин вулусволиҳо мудирият мекунанд".

Ин изҳороти Самим дар ҳолест, ки ҷангҷуёни Толибон ва тундравони вобаста ба ДОИШ дар манотиқи мухталифи Афғонистон монанди Кунар, Нангарҳору Ҷузҷон ба шиддат ихтилоф дошта ва бо якдигар сахт ҷангидаанд.

Савдо гуфт, теъдоди ҷангҷӯён дар Бадахшон ба тақрибан 400 нафар мерасад, аммо ӯ афзуд, ба иллати ҷуғрофиёи душворгузар, ба дурустӣ намедонанд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ мушаххасан аз кадом роҳҳо вориди Бадахшон шудаанд.

Таҳлил‌грон ба ин бовар ҳастанд, ки амалиёти низомии артиши Покистон дар моҳи июни 2014 дар Вазиристони Шимолӣ ҳудуди 6 соли пеш, боиси сарозер шудани бархе аз ҷангҷуёни хориҷӣ ба Афғонистон шуд.

Ҳудуди як ­сол баъд аз он амалиёти низомӣ, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар суханронӣ ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида гуфта буд, "ҷунбишҳои террористӣ, ки ҳадафшон бесубот кардани ҳар давлат дар минтақа аст, ба дунболи пойгоҳҳои нави амалиётӣ ҳастанд". Вай афзуда буд, "амалиёти Покистон Толибонро аз Вазиристон ба самти манотиқи марзии Афғонистон мекашонад."

Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд, Мавлавӣ Фурқон раҳбари ҳаросафканони хориҷӣ дар вилояти Бадахшон аст ва ӯ бо Абу Умар ва фармондеҳи дигаре ба номи Фатҳуллоҳ дар суқут додани бахшҳое аз вулусволии Ҷурм ва маркази вулусволии Юмгони Бадахшон нақши асосӣ доштаанд. Закариё Савдо мегӯяд, Мавлавӣ Фурқон, аҳли Туркманистон, аз солҳои сол дар Бадахшон фаъолият доштааст.

Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ

Ҳанӯз равшан нест, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшон ба кадом гурӯҳҳои минтақаӣ ё фароминтақавӣ муртабит ҳастанд. Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии пешини Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аъзои Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, ки умдатани уйғурҳои минтақаи Шинҷон ҳастанд, дар Бадахшон ҳузур доранд ва саъй мекунанд худро ба Чин бирасонанд. Мақомҳои Бадахшон мегӯянд, гузаштан аз тангноҳои душворгузари марзӣ ба Чин мумкин нест. Иёлоти Муттаҳида ва Чин Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқиро гурӯҳи террористӣ мешиносанд.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, коршиноси масоили амниятӣ.
Ҷовид Кӯҳистонӣ, коршиноси масоили амниятӣ.


Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари аршади масоили амниятӣ дар Кобул идомаи ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар ин вилоятро таҳдиди ҷиддӣ медонад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, "теъдоди ин ҷангҷӯёнро ба шакли дақиқ аз гузаштаҳо байни 1200 то 1500 кас дар Бадахшон қаламдод мекарданд. Теъдоде аз онҳо бо оилаҳояшон ҳастанд. Яқинан хатари бисёр ҳастанд, ба хусус барои Тоҷикистон."

Мавлавӣ Фурқон ва афродаш таҳдиди ҷиддӣ барои мардуми маҳаллӣ ҳам пиндошта мешаванд. Як сокини вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ҳамаи моликияташро дар дарраи Хустак раҳо карда ва бо хонаводааш ба ноҳияи Баҳорак гурехтааст.

Ӯ, ки дар ҳасрати баргашт ба хона аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ду ҳавлӣ доштем, онро аз мо гирифтанд. Мо ба Баҳорак муҳоҷир шудем. Хонаводаҳои дигар ҳам фирор карданд."

Мушаххас нест дар кул чӣ қадар хонавода аз тарси ҷангҷӯёни хориҷӣ аз хонаҳояшон дар Бадахшон бе ҷо шудаанд. Вазорати дифои миллии Афғонистон амнияти вилояти стратегии Бадахшонро муҳим медонад.
Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯии вазорат гуфт, иҷоза намедиҳанд маркази таҷаммӯи ҷангҷуёни хориҷӣ дар Бадахшон сохта шавад.

"Террористони хориҷӣ ба ҳимояти Толибон дар баъзе аз нуқоти кишвар ҳузур доранду Толибон ба онҳо заминасозӣ кардаанд. Дар мавриди эҷоди ин марказ бояд гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ ва дифоии афғон ба ҳеч гурӯҳи террористӣ ин мавқеро нахоҳанд дод ва мо дар ин бахш ҷиддӣ ҳастем."

Оё Толибон ба ваъдаашон пойбанданд?

Муллои Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Давҳа ва Залмай Халил‌зод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои сулҳи Афғонистон дар 29-уми моҳи феврал мувофиқатнома имзо карданд, ки бар бунёди он гурӯҳи Толибони замонатҳое дар кори мубориза бо терроризм доданд. Амрико ҳам, ки пешопеш хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз карда, гуфтааст, зарфи 14 моҳ аз имзои мувофиқатномаи тамомии нирӯҳои худро аз ин кишвар берун хоҳад кард. Аммо шарт он аст ки Толибон ваъдаҳояшонро амалӣ кунанд.

Имзои созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон.
Имзои созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон.


Ҷовид Кӯҳистонӣ дар мавриди пойбандии Толибон ба ваъдаҳояшон дар кори мубориза бо ҳаросафканон шак дорад. Ӯ дар идома ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман чанд бор дар сайтҳои Толибон хондам ва шунидам, ки онҳо гуфтаанд, мо дар тавофуқнома мутаъаҳҳид ҳастем, ки аз ҷуғрофиёии Афғонистон, аз соҳаи зери ҳокимияти Иморати исломии Толибони алайҳи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва муттаҳидони ғарбӣ иқдомот сурат намегирад, яъне ба ҷангҷӯҳо иҷозаи амалиёти низомии алайҳи ғарбу муттаҳидонашро намедиҳем. аммо мутааҳҳид ба ин нестанд, чун байъат кардаанд".

Амонуллоҳ Ҳабибӣ, мушовири аршади пешини нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон аст. Вай мегӯяд, агар Толибон аз набарди ҷангҷуёни хориҷӣ алайҳи нерӯҳои афғон ва байналмилалӣ ҳимоят кунанд, бандҳои мувофиқатномаи 29 феврал поймол хоҳад шуд.

Вай афзуд, "ҳар гурӯҳе, ки дар ҳамкорӣ бо Толибон алайҳи нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидони байналмилалиаш биҷангад, ин нақзи мувофиқатнома аст, ки Толибон бо Иёлоти Муттаҳида имзо карданд. Аммо шояд тавҷеҳи Толибон ин бошад, ки ин ҷангҷуён зери фармони Толибон меҷанганду бинобар ин гурӯҳҳои мустақиле нестанд, ки барномаи байналмилалӣ дошта бошанд, балки дар масири аҳдофи Толибон алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд на нерӯҳои байналмилалӣ. Дар ҳар сурат будани ҷангҷӯёни хориҷӣ, фурсат додан ба онҳо то барои худ пойгоҳ бисозанд, метавонад хатаре барои ҷомеаи байналмилаливу Афғонистон ва нақзи мувофиқатнома бошад."

Аммо Суҳайл Шоҳин, сухангӯии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси мувофиқатнома ба ҳеч кас иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон ба зидди кишвари дигар истифода кунад.

Ҳамчунон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи дигари Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бахшҳои таҳти назорати Толибон ҳеч ҷангҷӯи хориҷӣ ба шумули ДОИШ вуҷуд надорад." Ба гуфтаи Муҷоҳид, гузоришҳо дар мавриди ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар манотиқи зери тасарруфи Толибон дар Бадахшон "таблиғот" аст.

Баҳрабардорӣ аз маодин

Аммо мақомҳои маҳаллии Бадахшон бо ин суханони сухангӯёни Толибон мувофиқ нестанд. Ба гуфтаи мақомҳо, баҳрагирии ҷангҷӯёни афғону хориҷӣ аз маъдани тиллоии Роғистон, мавзӯи муҳими дигар аст, ки бояд ҷилави идомаи он гирифта шавад.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар.
Суҳайл Шоҳин, сухангӯии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар.


Башир Аҳмад Самим, раиси шӯрои вилоятии Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ягона манбаи бузурги молии Толибон ва терроризми байналмилалӣ дар Бадахшон маъдани тиллои Роғистон аст. Ҷангҷӯён миллиардҳо афғонӣ аз инҷо баҳрабардорӣ мекунанд."

Мақомҳои Бадахшон ба ин боваранд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ дар талошанд, то Бадахшонро ба тахтаи хез барои ҷангҳои ниёбатӣ дар минтақа мубаддили созанд.

Савдо равобити миёни Толибони маҳаллӣ ва ҷангҷуёни хориҷиро дар вилояташ нигаронкунанда хонд ва гуфт, "агар ҷаҳону ҳукумати Афғонистон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ накунанд, фоҷиаи бузургро дар Афғонистону ҷаҳон ба вуҷуд меорад."

Ба тозагӣ Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар поёни нишасти вазирони умури хориҷии ин созмони низомӣ дар бахше аз посух ба пурсиши Радиои Озодӣ гуфт, Толибон тавофуқ кардаанд, ки тамомии равобити худро бо гурӯҳҳои террористӣ, монанди Ал-Қоида қатъ мекунанд.

Вай аз Толибон хост, ки ваъдаҳои худро амалӣ кунанд. НАТО гуфтааст, ки ҳадафи маъмурияташ дар Афғонистон ин аст, то бовар ҳосил шавад, ки ин кишвар дигари ҳаргиз ба лонаи амн барои террористони байналмилалӣ мубаддал нашавад.

XS
SM
MD
LG