Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли "кушта шудан"-и писари Усома бин Лодин. ВИДЕО


Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза бин Лодин як миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд
Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза бин Лодин як миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд

Се мансабдори Амрико дар суҳбат бо хабаргузории NBC гуфтаанд, тибқи иттилое, ки онҳо дастрас намуданд, Ҳамза бин Лодин – писари поягузори шабакаи террористии "Ал-Қоида" Усома бин Лодин "дигар дар қайди ҳаёт нест".

Ин мансабдорон тафсилот надоданд, ки Ҳамза бин Лодин кай ва дар куҷо ба ҳалокат расида ва оё Амрико дар марги ӯ нақше дорад, ё не? Ба гузориши The Wall Street Journal, ин мақомҳо гуфтаанд, "паёмҳои раддубадалшуда байни аъзои ин гурӯҳ нишон медиҳад, ки вай кушта шудааст".

Дар ин бора хабарнигорон аз Қасри Сафед ва президенти Амрико Доналд Трамп суол карданд, вале тафсилоте дастрас нашуд. Трамп рӯзи 31-уми июл гуфт, намехоҳад дар ин бора сӯҳбат кунад.

Ба навиштаи пажуҳишгоҳи амрикоии Брукингс, Ҳамза бин Лодин тахминан 30-сола буда, қабл аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, дар Афғонистон будааст. Баъд аз оғози амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Амрико, Ҳамза муддате дар канори падараш дар Покистон ба сар бурдааст.

Ба қавли хабарнигори Рейтерс, моҳи майи соли 2011-ум, вақте нерӯҳои ИМА Усома бин Лодинро дар Покистон ба қатл расониданд, Ҳамза дар ҳабси хонагӣ дар Эрон қарор дошт. Бар пояи асноде, ки аз манзили Усома бин Лодин ёфт шуд, ёварони раҳбари пешини шабакаи даҳшатафкан саъй кардаанд, Ҳамза ва Усома бин Лодинро ба ҳам оранд.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, писари Усома бин Лодин "мурдааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Аз солҳо ба ин тараф ин гумон меравад, ки фарзандони Усома бин Лодин пас аз фирори раҳбари "Ал-Қоида" аз Афғонистон, дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Созмонҳои ҷосусии ғарбӣ дар ин замина ба таври вижа ба номи ду тан аз писарони Усома бин Лодин бо номи Саъд ва Ҳамза ишора мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, нақши муҳиме дар гурӯҳи "Ал-Қоида" доранд.

Дар ин бора ду сол пеш Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии SBC гуфта буд, ки Эрон ба бархе афроди "Ал-Қоида" паноҳ дода ва онҳоро ба Амрико таслим намекунад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки писари Усома бин Лодин, ки раҳбари нави "Ал-Қоида" аст, дар Эрон зиндагӣ мекунад ва бо бархӯрдор будан аз ҳимояти Эрон, аз дохили Ҷумҳурии исломӣ ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад. Эрон дар пай ин иттиҳомотро рад карда ва дар муқобил, Арабистони Саудиро ба таъсиси "Ал-Қоида" муттаҳам намуд.

Соли 2017 Департаменти давлатии Амрико Ҳамза бин Лодинро дар рӯйхати саросарии террористон шомил намуд. Зеро Ҳамза ба амалҳои террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ даъват намуда, таҳдид карда буд, ки аз Амрико барои куштори падараш қассос хоҳад гирифт.

Ӯ гуфта буд, ки амрикоиҳоро берун аз хоки ин кишвар ҳам ҳадаф қарор медиҳад. Он замон Ҳамза қавмҳои арабиро ба мубориза бар зидди Арабистони Саудӣ низ даъват карда буд.

Департаменти давлатии Амрико Ҳамзаро раҳбари калидии Ал-Қоида унвон дода, барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ як миллион доллар ҷоиза ваъда дод. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта буд, Ҳамза бин Лодин "дар ҳоли пайдо кардани ҷойгоҳи раҳбарӣ" дар гурӯҳи Ал-Қоида буд. Созмони истихбороти марказии Амрико гуфта буд, ки аз қабл Ҳамза бин Лодин барои раҳбарии "Ал-Қоида" дар назар гирифта шуда буд.

Моҳи марти имсол Арабистони Саудӣ хабар дод, ки моҳи ноябри соли 2018 бо амри подшоҳ Ҳамза бин Лодин аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG