Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод тандиси алабай қомат афрохт 



Тандиси алабай дар Ишқобод.
Тандиси алабай дар Ишқобод.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба саги алабайи туркӣ дар яке аз маконҳои шаҳр тандис гузоштанд. Дар расми пардабардорӣ аз тандис президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат кард.

Тарҳи тандис ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 аз сӯи президент тасдиқ шуда буд. Баландии маҷмуа 15 метр буда, 9 метри он пойдевор ва 6 метро тандиси саг ташкил медиҳад.

"Ташаббуси гузоштани тандиси саг ва ба ин тартиб изҳори эҳтирому арҷгузорӣ ба ҷасорату вафодории ин навъи ҳайвон, аз сӯи президенти кишвар рӯи даст гирифта шудааст", - хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Туркманистон.

Дар Туркманистон сагҳои навъи алабай ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябр китоберо бахшида ба алабай таълиф ва интишор кард. 13 сентябри соли ҷорӣ вай шеъреро низ бахшида ба алабай дар ҷаласаи ҳукуматӣ қироат кард.

XS
SM
MD
LG