Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дигар "саховатмандона" ҳаққи иқомат намедиҳад. ВИДЕО


Дар Русия миллионҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ кору иқомат мекунанд.

Русия шумораи квота барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ва ё «РВП»- ро кам кардааст. Амри нахуствазир Михаил Мишустин дар ин бораро, ки рӯзи 6-уми ноябр содир шудааст, дар пойгоҳи ягонаи ҳуқуқии Русия дирӯз нашр карданд.

Коҳиши квота барои дарёфти ҳаққи иқомати муваққат дар Русия дар ҳолест, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, саъй мекунанд, аз ҳамин роҳ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Русия соли 2021 барои дарёфти «РВП» беш аз 39,3 ҳазор квота ҷудо кардааст, ки барои хориҷиён ва афроди бе мақоми шаҳрванд, пешбинӣ шудааст. Дар қиёс бо соли гузашта шумораи квота қариб 50 дарсад кам шудааст. Соли 2020 60,2 ҳазор ва ду сол қабл бошад 90,3 ҳазор квота ҷудо шуда буд.

Дар амри нахуствазир Мишустин дар бораи сабабҳои кам кардани саҳмияҳои иқомати муваққат барои хориҷиён дар Русия чизе гуфта нашудааст. Аммо таҳлилгарон ва раҳбарони ҷамоаҳои тоҷикон дар Русия мегӯянд, солҳои ахир гирифтани ин санад дар Русия бо фасод ва ришватхорӣ олуда шуд.

Русия ба муҳоҷир ниёз дорад, вале саҳмияи кори муваққат дар ин кишварро коҳиш дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Раҳматулло Мазориев узви Палатаи ҷамъиятии Перми Русия мегӯяд, пештар аз ин амр шӯрои байниқавмӣ дар Русия ба президент Владимир Путин дар ин робита шикоят кардааст. Ӯ рузи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин як раванди бисёр олуда ба фасод буд. Аксарият, мумкин 90 дарсад РВП-ро мехариданд. Бо воситаи даллолон, миёнравони намояндагии диаспораҳо мехариданд. Барои ҳамин ба президенти Русия шикоят рафт ва ин маълумотҳо дар дасти ӯ буд”.

Мазориев афзуд, пас аз шикоятҳо Владимир Путин дастур додааст, ки РВП комилан аз байн бурда шавад. Коҳиш ёфтани квота барои ҳаққи иқомати муваққатӣ дар Русия имкони гирифтани шаҳрвандӣ барои бисёре аз тоҷиконро маҳдуд мекунад. Мазориев мегӯяд: “Тоҷиконе, ки мехоҳанд, шаҳрванди Русия шаванд, бениҳоят зиёданд. Аз ман ҳам зиёд мепурсанд, ки чӣ гуна осонтар шаҳрвандӣ бигирем, чӣ гуна ба ин ҷо кӯч бандем.”

Дар шароити кам шудани саҳмияҳо барои гирифтани ҳаққи иқомати муваққатӣ, ба гуфтаи Мазориев, бисёриҳо талош меварзанд, бо барномаи кӯчбандӣ ва ё “переселение” ба Русия раванд. Азбаски аҳолии Русия кам мешавад, Кремл талош дорад аз ҳамин роҳ ва ҷалби муҳоҷирон камбуди нерӯи кориро ҳал кунаду монеи коҳиши хатарноки аҳолӣ шавад. Аз нигоҳи ҳудуд Русия бузургтарин кишвари дунёст, аммо ҳамагӣ 140 миллион аҳолӣ дорад.

Бино ба нуфусшумории соли 2010, 250 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар даҳсолаи охир ин раванд ба шиддат авҷ гирифт ва танҳо соли 2020 беш аз 44 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд. Дар байни онҳо мутахассисон ва кормандони ботаҷриба кам нест ва ҳукумати Тоҷикистонро ҳам танқид мекунанд, ки шароити корро дар дохил фароҳам намекунад, ки мардум бимонанду нараванд. Ҳоло дар шифохонаҳои Русия табибон, дар мактабҳояш омӯзгорон ва дар корхонаҳояш муҳандисони тоҷик кам нестанд.

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 ба ин сӯ созишномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад. Ҳар кас, ки мехоҳад, метавонад, тобеияти ҳарду кишварро дошта бошад, аммо агар шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти кишвари дигареро бипазирад, бар асоси қонун ба таври автоматӣ аз ҳаққи шаҳрвандии ватанаш маҳрум мешавад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG