Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои русӣ коргар меҷӯянд: “Муҳоҷире нест, ки кор кунад”. ВИДЕО


Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳангоми бозгашт аз Русия. Моҳи майи 2020

Дар Русия ба сабаби ба зодгоҳҳояшон баргаштани муҳоҷирон баъзе аз ширкатҳо коргар намеёбанд.

Георгий мудири як коргоҳи дӯзандагӣ дар Маскав аст ва ҳамроҳ бо коршариконаш либосҳои гаронарзиш таҳия мекунанд. Бо баста шудани марзҳо, коргоҳи зери роҳбарии ӯ ба камбуди коргарон дучор шуд.

Ба ин ширкат дӯзандагони моҳиру ботаҷруба зарур аст. Мутахассисонро ҳам аз ҳисоби шаҳрвандони Русия ва ҳам аз миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна меҷӯянд.

Ба гуфтаи Георгий, муҳоҷирони осиёӣ дар ин кор маҳорати бештар доранд, аммо шумораи корҷӯён кофӣ нест ва бозори меҳнат талаботи ширкатҳоро бо корогарон қонеъ намекунад. Ба эълони ҷойҳои корӣ холӣ хеле кам муроҷиат мекунанд, тақрибан коргар нест.

“Ширкатҳо доим ба мутахассисон ниёз доранд. Ҳатмӣ нест, ки коргар шаҳрванди Русия бошад. Мо ба мутахассисон аз Осиёи Миёна ҳам таваҷҷуҳ мекунем. Бино ба густариши коронавирус, равуои муҳоҷирони корӣ хеле кам шуд. Ин омил, албатта, ба фаъолияти мо таъсир расонд. Мо таҷрибаи кор бо дӯзандагонро доштем. Тавре таҷриба нишон дод, онҳо аз назари касбӣ хеле хуб ҳастанд”, - афзуд Георгий.

Алеся, яке аз муассисони ширкат бо ин ақидаи коршарикаш мувофиқ аст. Ӯ ба интихоби коргарон дар ширкат машғул аст. Собиқаи кор ва маҳорати кормандонро месанҷад. Мегӯяд, ки дар ширкат бинобар чанд сабаб коргар намерасад.

Вай гуфт: “Ҳоло камбуди коргаронро мушоҳида мекунем, маҳз коргарони баландихтисосро, ки метавонанд либосҳои дӯхташон душворро таҳия кунанд. Аз чӣ сабаб ин ҳолат ба миён омад? Ба гумони ман, пас аз пандемия қисме аз дӯзандагони чирадаст ба зодгоҳи худ баргаштанд”.

Ширкатҳои русӣ коргар меҷӯянд, муҳоҷире нест, кор кунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Светлана барои чанде аз кордиҳандагон аз миёни муҳоҷирон коргар интихоб мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло натанҳо корхонаҳои нассоҷӣ, балки чанде аз арсаҳои дигар ҳам бинобар пандемия бо камбуди коргарон рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин миён баъзе аз соҳаҳо камбуди коргаронро бештар эҳсос мекунанд.

“Имрӯзҳо камбуди коргарон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба мушоҳида мерасад. Як зумра ҷойҳои кории холӣ ба муҳоҷирон эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, кӯчарӯбон, тамизкорон ва “курйер”-ҳо намерасанд. Тарабхонаҳо низ ба камбуди коргарон дучор омадаанд. Ошпаз, пешхидмат табақшӯйҳо намерасанд. Бо вуҷуди хавфи ҷорӣ шудан ва ё нашудани каратин, тамизкорон дар меҳмонхонаҳо низ намерасанд”, - шарҳ дод ӯ.

Камбуди нерӯи кориро дар ҳукумати Маскав ҳам эҳсос карданд. Қаблан аз норасоии нерӯи корӣ Сергей Собянин, мири Маскав ҳам дар як суҳбаташ бо телевизиони “Россия 1” изҳори назар кард.

Собянин гуфт, “ҳоло мушкиле вуҷуд дорад, ки дар Маскав шумори муҳоҷирон хеле кам шуд. Бино ба баъзе ҳисобҳо, 40 дарсад. Ин, албатта, рӯйи бозори кор ва бахши коммуналӣ таъсир мегузорад. Хусусан ба корҳои муввақатӣ, аз ҷумла барфрӯбӣ. Ин кори дастӣ аст, ки бо путку зоғнул ва ҷорӯб анҷом мешавад ва на ҳама маскавиҳо омодаанд чунин корҳоро ба дӯш бигиранд”.

Бар хилофи иддаҳое, ки муҳоҷирон ҷойи кори шаҳрвандони Русияро банд мекунанд, таҷриба ҳолати баръаксро нишон медиҳад.

Бино ба ҳисобҳо тақрибан як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо, дар аҳди коронавирус ҷойи кори худро аз даст дода, ба ватан баргаштанд. Баъзеи дигар ба сабаби баста будани марзҳо натавонистанд ба Русия бираванд. Муҳоҷирон соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2,6 миллиард доллар фиристода буданд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG