Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвари ҳайати фаластинӣ Соҳиб Урайқот аз пайомадҳои COVID-19 даргузашт


Соҳиб Урайқот. Рамаллоҳ, соли 2013
Соҳиб Урайқот. Рамаллоҳ, соли 2013

Мақомоти фаластинӣ хабар доданд, ки раҳбари собиқадори ҳайати музокиракунанда ва дабири кулли Созмони озодихоҳи Фаластин Соҳиб Урайқот дар синни 65-солагӣ аз паёмадҳои олудагӣ ба COVID-19 даргузашт. Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ки марги Урайқот “барои Фаластин ва мардуми он як талафоти азим” аст. Дар Фаластин ба ин сабаб се рӯзи мотам эълон шудааст. Урайқот соли 2017 амалиёти табдили шушро пушти сар карда буд ва моҳи гузашта ба коронавирус олуда шуда дар бемористони Байтулмуқаддаси Ғарбӣ бистарӣ шуд. Ҷасади ӯро ба шаҳри Рамаллоҳи воқеъ дар Каронаи Ғарбӣ интиқол доданд ва маросими видоъ дар қасри раёсатҷумҳурӣ барпо гардид. Урайқот як муборизи дарозмуддати хатми ҷанги Исроилу Фаластин ва тарафдори идеяи ҳамзистии ду кишвар буд. Ӯ дар ҷараёни конфронсҳои байналмилалии солҳои 2000 ва 2010 дар Вашингтон сиёсати шаҳраксозиҳои Исроилро дар қаламравҳои ишғолӣ интиқод кардааст. Соли 2014, замоне, ки президенти ИМА Барак Обама талош кард музокироти сулҳ дар Ховари Миёнаро аз сар бигирад, Урайқот раҳбари гурӯҳи музокиротӣ буд.

XS
SM
MD
LG