Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон бо фармони президент 25 миллион дарахт мешинонанд


Акс аз телевизиони давлатии Туркманистон



Дар Туркманистон мавсими тирамоҳии шинондани дарахт бо ҳузури президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳазорон шаҳрванди дигар шуруъ шуд.

Барои ин маърака аз кормандони буҷавии вилояти Лебапи Туркманистон 50-манатӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Маъракаи шинондани дарахт рӯзи 7 ноябр шуруъ шуд. Президент Бердимуҳаммадов дар он рӯз, ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, 30 дарахт шинондааст.

Бердимуҳаммадов охири моҳи октябри соли ҷорӣ қароре имзо кард, ки бар асоси он, дар пойтахт ва вилоятҳои дигари Туркманистон ба муносибати 25-солагии Бетарафии Туркманистон 25 миллион дарахт шинонда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG