Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамсояҳоро ба муколама даъват кард


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон

Чанд рӯз баъди мағлубияти Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муколама бо ҳамсоякишварҳояш даъват карданд. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар як твиттераш рӯзи 9-уми ноябр гуфт, “Трамп дар 70 рӯзи дигар меравад. Вале мо ин ҷо барои ҳамеша мемонем”. Бар асоси қонунҳои ИМА, номзади пирӯз дар интихоботи президентӣ аз ҳоло метавонад барои шурӯи корҳояш дар мақоми нав омодагӣ бинад. Ҷо Байден қарор аст моҳи январ ба ҳайси президенти ИМА савганд ёд кунад.

Зариф дар изҳороти твиттериаш навишт, “мо дасти худро ба ҳамсояҳо дароз мекунем, то ихтилофи назарҳо аз байн биравад”. Зариф афзуд, ки “танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем як ояндаи беҳтаре бисозем”.

Дар давраи раёсатҷумҳурии Трамп равобити Эрони аксар шианишин бо ИМА ва ҳамсояҳои суннимазҳабаш дар Халиҷи Форс, ба вижа Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бад шуд.

Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаии қудратҳо бо Теҳрон берун шуд ва алайҳи Эрон фишори ҳадди аксарро ба роҳ монд, ки яке аз онҳо афзоиши таҳримҳои иқтисодӣ мебошад.

Вале маъмурияти Трамп натавонист ба ҳадафи худ барои дастёбӣ ба созиши нав бо Теҳрон бирасад. Хости ӯ ин буд, ки созиши нав дар барномаи силоҳҳои баллистикӣ ва худи созишномаи силоҳҳои ҳастаии Эрон маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ бикунад. Дар посух Эрон тадриҷан аз иҷрои тааҳҳудоти байналмилалиаш фосила гирифт. Вале баъдан аломат дод, ки омода аст ба созиш баргардад, ба шарте, ки ИМА дубора ин санадро имзо карда, таҳримҳоро аз болои Эрон бардорад.

Дар маъракаи интихоботиаш Байден ишора кард, ки Вашингтон метавонад дубора ба ин созиш баргардад. Имзои он дар соли 2015 ба давраи раёсатҷумҳурии Барак Обама ва муовини президент будани худи Байден рост меояд.

Байден дар як матлабаш барои CNN моҳи сентябр навишт: “Мо бояд ба таври оҷил аз паи тағйири самтгириҳо шавем”. Ӯ гуфт, ки “агар Эрон нишон диҳад, ки ҳозир аст, пас ӯ ҳам барои қадам задан аз роҳи дипломатия бо Эрон омода мебошад”. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Саид Хатибзода баъдан гуфт, ки “Эрон дар нисбати ИМА воқеъин аст”. Ӯ афзуд, ки мақомоти Эрон “ба амал нигоҳ мекунанд, на ба гумонзаниҳои матбуотӣ”.

XS
SM
MD
LG