Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши "Нашриёти муосир" ба матлаби Радиои Озодӣ


Китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров
Китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров

Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Нашриёти муосир" рӯзи 23 октябр аз Радиои Озодӣ хост дар робита ба таҳқиқоти “Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд?” раддия ба нашр расонад. Вале дар нома бо имзои мудири ҶСП “Нашриёти муосир” Б. Д. Салимов фактҳои асосии матлаби Радиои Озодӣ рад нашуда, танҳо як нуктаи воқеӣ зикр шудааст, ки “натиҷахои тендери давлатӣ аз ҷониби ягон тарафи иштирокчиёни тендер мавриди баҳси маъмурӣ ё баҳси суддӣ (имлои нома) қарор дода нашудааст, ки ҳолати мазкур низ аз он шаходат медиҳад, ки зимни гузаронидани он муқаррароти конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шудааст.”

Ин нуктаро ширкат на бар пояи хулосаи аудит ё тафтиши мақомоти дахлдор дар бобати риояи қонун ҳангоми баргузории тендер, балки рӯ назадани ягон шикоят аз тарафи ду ширкаткунандаи дигари озмун баён намудааст. Радиои Озодӣ тарафдори тафтиши ин тендер аз тарафи мақомоти дахлдор ё бозрасии аудитии мустақилонаи он аст, ки метавонад, ба баҳс нуқта гузорад.

Пажуҳиши Радиои Озодӣ ошкор карда буд, ки дар тендер на пешниҳодкунандаи харҷи камтари нашри китоб, балки пешниҳодкунандаи харҷи зиёдтар ва наздик ба маблағи ихтисосёфта баранда шуда, аз се ду ширкаткунандаи тендер амалан яктоянд ё дар гузашта пайванди ҳам будаанд. Сониян, бино ба далелҳои дарёфтшуда "Нашриёти муосир" ба ширкати “Фароз” рабт дошта ё дорад ва дар ҳамон суроғае сабт шудааст, ки ба "Ганҷ нашриёт"- и “Фароз”мансуб аст ва кормандон ва ҳамсоягонаш аз он то ҳоло ҳамчун "Чопхонаи Фароз" ном мебаранд. Радиои Озодӣ сабти ин суҳбатро дорад.

“Раддия”-и "Нашриёти муосир" ҳеч яке аз ин фактҳоро рад накарда, ба таври умумӣ ва бе гирифтани ном гуфтааст, ки “дар мақола маълумоти яктарафаи носаҳеҳ ва умуман ба воқеият мувофиқ набуда нашр гардида, ширкатҳое, ки ба ҷамъияти мо дахл ва алоқамандӣ надоранд, номбар карда шудаанд, ки ин ҳолат холисӣ ва беғаразии редаксияи Радиои Озодиро зери шубҳа қарор медиҳад.”

Дар робита ба ин баёнияи “Нашриёти муосир” Радиои Озодӣ бо камоли масъулият изҳор медорад, ки дар ин баҳс холис буда, ғарази ягонааш ошкор кардани ин аст, ки дар тендери мазкур ба фасод ва бархӯрди манфиатҳо роҳ дода шудааст ё ба ҳамаи ширкаткунандагони тендер шароити баробар фароҳам будааст ё не?

Агар "Нашриёти муосир" ба ширкати собиқи “Фароз” ягон пайванд надошта бошад, чӣ гуна дар ҳамон биное номнавис шудааст, ки ниҳодҳои дигари ин ширкат, ба монанди мактаби ронандагӣ, маркази хидматрасонии автомобилӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва толори варзиш онҷоянд. Сониян, дар ин ҷо ширкати “Ганҷ нашриёт” низ сабт шудааст, ки соли 2014 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми боз шудани он ширкат карда буд.
Таври маълум ширкати “Фароз” ҳарчанд расман аз қатъи фаъолияташ хабар дода буд, ба Шамсулло Соҳибов -- домоди президент таалуқ дорад ва тақдири тендери бознашри китоби “Тоҷикон”-ро Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ҳал кардааст, ки роҳбари он Зайнулло Шарифзода, бародари Шамсулло Соҳибов аст. Ин фактҳо низ дар номаи "Нашриёти муосир" рад карда нашудаанд. Вале дар он омадааст, ки дар мақола "маълумотҳои бардурӯғ ва ба ҳақиқат номувофиқ нашр гардида, мақолаи номбурда ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷамъияти моро поймол намуда, эътибори кории онро дар байни хонандагон паст задааст.”

Раҳбари "Нашриёти муосир" ҳамчун аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки Радиои Озодӣ бо ӯ дар тамос нашудааст. Ба маълумоти ҷаноби Б. Д. Салимов мерасонем, ки мо борҳо ба ширкат занг задем, посухе дарёфт накардем, хабарнигорони мо ба дафтари ин ширкат омаданд, вале ба дарун роҳ дода нашуданд ва ҳамаи ин дар видео сабт шудааст. Ҳатто пас аз дарёфти “Раддия” мо хоҳиши мусоҳибаи муфассал дар бораи ин тендер ва куллан масъалаҳои марбут ба "Нашриёти муосир" кардем, аммо посухе нагирифтем.

Ба ҳар тариб мо омодаем, дар ҳар фурсати дилхоҳ бо ҷаноби Салимов ё намояндагони дигари "Нашриёти муосир" мусоҳиба кунем ва ақидаи онҳоро ба нашр расонем. Вале ширкат дар “Раддия” эрод мегирад, ки мо ба он ба таври хаттӣ муроҷиат накардаем. Дуруст аст, лекин гап сари ин аст, ки тарафи баҳс дар ин мақола на “Нашриёти муосир”, балки Оҷонси хариди давлатии, мол, кор ва хизматрасионии Тоҷикистон буд ва Радиои Озодӣ ҳанӯз 21-уми сентябр ба шакли хаттӣ ба он муроҷиат карда, то кунун ҷавобе нагирифтааст. Пурсиши асосӣ дар ин нома он буд, ки бар пояи кадом меъёрҳо ва далелҳо ширкати "Нашриёти муосир" дар тендер ғолиб эълон карда шуд? Худи нашриёт дар номааш гуфтааст (бо ҳифзи имло ва иншо): “чопи китоби «Тоҷикон» бо истифода аз маҳсулотҳои аълосифат, дар таҷҳизотҳои муоссире, ки дастовардҳои нашрияҳои ширкатҳои бонуфузӣ хориҷӣ мебошанд ва барои тайёр намудани таҷҳизоти чопӣ дар аврупо ва ҷаҳон дар ҷойи аввал меистанд, ба амал бароварда шудааст. Бояд қайд намуд, ки солҳои пеш молу маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла китобу маҷаллаҳо бо чунин талаботҳо дар хориҷи кишвар ба табъ расонида мешуд. Боиси ифтихор аст, ки корхонаи ватании мо бо доштани чунин таҷҳизотҳои муосири табъу нашр тавонистааст, ки китобу маҷаллаҳоро бо сифати баланд ҳамчун корхонаи ватанӣ дар дохили кишвар ба чоп расонад, ки ин ҳолат хам ба манфиати давлат ва хам ба манфиати халқи кишварамон мебошад.”

Айни ҳамин ситоишҳо дар бораи “рақиб”-и нокоми “Нашриёти муосир” – “Ганҷ Нашриёт” дар расми ифтитоҳи он бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон низ садо додаанд: “Тавре маълум аст, ҳоло аксари молу маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла дафтару китоб ва маҷаллаҳои зебои мусаввар берун аз кишвар интишор мегарданд ва маблағҳои хеле зиёд, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ ба берун мераванд. Маҷмааи нашриётию полиграфии Ганҷ бо таҷҳизоти ҳозиразамон метавонад талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намояд (...). Таҷҳизоти муосир баъд аз омӯзиши таҷриба ва дастовардҳои нашрияҳои кишварҳои Аврупо аз ширкатҳои бонуфуз, ки дар ҷойи аввал дар Аврупо ва ҷаҳон дар ин соҳа меистанд, фармоиш ва бо маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст.”

Иттифоқан “Ганҷ Нашриёт” соли 2017 аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷоизаи беҳтарин нашриёти кишварро гирифта буд. Вале акнун аз тарафи "Нашриёти муосир" дар озмун шикаст хӯрд. Хуб аст, агар раҳбари он исбот кунад, ки дастгоҳҳои навтарини он аз “аврупо” оё пештар ба “Ганҷ” тааллуқ надоштанд?

Бояд гуфт, ширкати дигаре, ки дар таҳқиқи Радиои Озодӣ номбар шуда буд, нашриёти “Эр-Граф” низ ба мақола вокуниш нишон дод. Мушовири ин ширкат, нависандаи номдор ва вазири пешини фарҳанг Ато Ҳамдам дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ сипосгузорӣ кард, ки дар матлаб сифати баланди маҳсулоти ин ширкат ва ҷоизаҳои он дар озмунҳои байнулмилалӣ зикр гаштаанд. Аммо дархост намуд, як иштибоҳ, ки менеҷери ширкат Бунафша дар мақола “мудир” унвон шудааст, ислоҳ карда шавад. Ин ислоҳ ба матлаб ворид карда шуд. “Эр-Граф” дар як саф бо “Нашриёти муосир” ва “Ганҷ Нашриёт” дар тендер ширкат кард, вале бо вуҷуди пешниҳоди харҷи камтари нашри китоби “Тоҷикон” баранда нашуд. Тафсилоти тендерро дар матлаби “Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ” мутолеа кунед.

Дар “Раддия”-и «Нашриёти муосир» ҳамчунин омадааст, ки гӯё Радиои Озодӣ барои баррасии масъалаҳои мавриди таҳқиқаш аз шахсоне назар гирифтааст, ки, ба гуфтаи он “мутахассиси соҳаи табъу нашр намебошанд ва дар соҳаи мазкур дониши тахассусӣ надоранд”. Ин ҷо паст задани эътибори касбии таҳлилгарон дида мешавад ва ҳамчунин дар посух Радиои Озодӣ изҳори омодагӣ мекунад, ки бо раҳбари нашриёт ё соҳибмулкони дигари он гуфтугӯи ошкоро анҷом диҳад.

Дар замима матни “Раддия”-и "Нашриёти муосир"-ро пешкаш мекунем.

Посухи "Нашриёти муосир" ба матлаби Радиои Озодӣ. ҲУҶҶАТ

XS
SM
MD
LG