Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Абдумалик Қодиров бо "Интернюс" дар додгоҳ идома кард


Абдумалик Қодиров ҳоло дабири кулли созмони "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст
Абдумалик Қодиров ҳоло дабири кулли созмони "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст

Абдумалик Қодиров, раиси пешини дафтари "Интернюс" дар Тоҷикистон, ки беш аз панҷ моҳ аст бо ин созмон баҳси додгоҳӣ дорад, талаби ҷубронро кам кардааст.

Қодиров барои “беасос барканор кардани ӯ аз вазифа” талаб дошт, ки "Интернюс" ӯро дар ҷойи кори пешинааш барқарор кунад ва 100 ҳазор доллар ҷуброн диҳад. Ҳарчанд намояндагони ин созмони амрикоӣ гуфтанд, Абдумалик Қодировро касе аз вазифа барканор накарда, танҳо муҳлати қарордодаш дароз нашудааст.

Мурофиаи навбатӣ аз рӯи даъвои Абдумалик Қодиров бо созмони “Интернюс” рӯзи 5-уми ноябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Қодиров, гуфт, зерҳимояаш ҳамчун қадаме барои мусолиҳа бо "Интернюс" аз даъвояш маблағи 100 ҳазор доллар ҷуброни зарари маънавиро кам кард.

Вале вакили дифоъ гуфт, Абдумалик Қодиров аз талаби рӯёнидани ҷуброни музди маош дар даврае, ки маҷбуран ба кор набаромадааст ва дигар хароҷоти вобаста ба додгоҳ даст накашидааст.

“Қодиров дар мурофиаи судӣ иброз намуд, ки якчанд сол бо ин ташкилот кор кардааст, раҳбари филиал буд ва то имрӯз бо аксари кормандон дӯстӣ дорад ва умедвор аст, ки ин баҳс дар оянда бо созиш анҷом меёбад”, -- гуфт Бахтиёр Насруллоев.

Намояндаи ҳуқуқии созмони “Интернюс” рӯзи 5-уми ноябр баъди берун шудан аз толори мурофиа бо хабарнигорон суҳбат накард. Вале Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин "Интернюс" барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ​ моҳи июл дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, "Интернюс" воқеан ин муҳокимаро баҳси хусусии корӣ медонад ва мавқеъ ва далелҳои худро ҳангоми баррасиҳои додгоҳӣ матраҳ мекунад".

Дар мурофиаи навбатӣ, ки дар назар аст ҳафтаи оянда баргузор шавад, эҳтимол додгоҳ қарори худро содир кунад. Маълум нест, аз ҷуброни моддӣ даст кашидани Абдумалик Қодиров то куҷо ба созиши тарафҳо таъсир мегузорад.

Баҳси Абдумалик Қодиров бо созмони “Интернюс” аз баҳори имсол идома дорад. Қодиров даъво дорад, ки қарори аз вазифа барканор кардани ӯ дар моҳи марти имсол "хилофи қонуни меҳнат" ва "низомномаи ташкилот" аст. Ҳарчанд Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин созмон барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи июл гуфта буд, "ҷаноби Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, балки муҳлати қарордоди кории ӯ тамдид нашудааст".

Абдумалик Қодиров соли 2016 роҳбари дафтари "Интернюс” дар Тоҷикистон шуд ва моҳи марти имсол аз вазифа барканор гардид. Ӯ аз ҷумлаи шореҳони шинохта аст, ки масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро бепарда тавзеҳ медиҳад. Қодиров дар гузашта дар сафорати Амрико ва намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Душанбе кор кардааст.

Ин созмони ғайритиҷоратии байнулмилалӣ аз соли 1995 дар Тоҷикистон фаъол аст. Дафтари асосии он дар Амрикост ва дар Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ амал мекунад. Созмон барои рушди расонаҳои озод дар Тоҷикистон ёрӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG