Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар Ҷорҷиаву Пенсилвания аз Трамп пеш мегузарад


Токио, барномаи хабарии ТВ. Пайгирии интихоботи ИМА. 6-уми ноябр
Токио, барномаи хабарии ТВ. Пайгирии интихоботи ИМА. 6-уми ноябр

Номзади демократҳо дар интихоботи президентӣ Ҷо Байден баъди дарёфти раъйи бештар дар иёлоти калидии Ҷорҷиа ва Пенсилвания, аз номзади ҷумҳурихоҳҳо президент Доналд Трамп пеш гузашт. Натиҷаҳои соатҳои ахир ба ӯ умед медиҳанд, ки дар як интихоботи бисёр тунду пуррақобат дастболо ва вориди Кохи Сафед шавад. Баргаҳои раъйдиҳии Пенсилвания ҳанӯз дар ҳоли ҳисоб шудан ҳастанд, вале бино ба иттилои ахир, Байдени 77-сола бо наздики 10 ҳазор овозҳои тарафдорон пеш гузаштааст. Тарафдорони бештари ӯ бар асоси ҳисобҳои овозҳое ҳисоб шудааст, ки тавассути почта овоз доданд ва аксари онҳо сокини атрофи Филаделфия мебошанд. Дар сурати бурдани 20 овози ҳайати раъйдиҳандагон дар Пенсилвания ваё пирӯзӣ дар се аёлати калидии Ҷорҷия, Невада ва Аризона, ки ҳанӯз тафовути миёни номзадҳо чандон зиёд несту вале Байден андак пешқадам аст, ӯ метавонад 270 овози зарурӣ барои бурдани интихоботро ба даст оварад.

Ҳисобҳои нав аз Пенсилвания чанд соат баъди он дастрас шуд, ки Байден дар Ҷорҷиа бо 1584 овоз аз Трамп гузашт. Мақомоти интихоботӣ дар Ҷорҷиа гуфтанд, ки тафовути андаки миёни номзадҳо метавонад боиси аз саргирии шумориши оро шавад. Дар сурати набуди 16 овози ҳайати раъйдиҳандагони Ҷорҷиа, Трамп наметавонад ба 270 раъйи зарурӣ барои пирӯзӣ даст ёбад. Агар Байден, ки ҳоло 253 овози ҳайати раъйдиҳандагонро гирифтааст, дар Ҷорҷиа пирӯз шавад, ӯ аввалин президенти демократ баъди соли 1992-и пирӯзии Билл Клинтон хоҳад буд, ки дили мардуми ин аёлатро ба даст меорад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 6-уми ноябр ҳисобҳо нишон дод, ки Байден дар Аризона 50 % ва Трамп 48,6 дарсади овозҳоро бурдаанд. Дар ин ҷо тафовути овозҳо 43,779 овозро ташкил медиҳад ва ҳанӯз 220 ҳазор баргаҳо ҳисобношуда мемонанд. Дар Невада нишондоди Байден 49,8 дарсад ва Трамп 48,1 буда, тафовут дар овозҳо 20,542 овозро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин оморҳо, Метт Морган, мушовири калони ситоди Трамп дар изҳороте гуфт, ки “интихобот тамом нашудааст”. Ӯ гуфт, “натиҷаҳои дурӯғини Ҷо Байден, ки дар чор аёлат баранда шудааст, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”.

XS
SM
MD
LG