Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон як узви "Шоҳидони Яҳво" афв шуд, дигаре зиндонӣ


Рустамҷон Норов ва Ҷовидон Бобоҷонов
Рустамҷон Норов ва Ҷовидон Бобоҷонов

Як узви “Шоҳидони Яҳво”, созмони масеҳии фаъолияташ мамнуъро дар Тоҷикистон бо гумони сохтакории санади тиббӣ ва саркашӣ аз хидмат дар артиш дастгир кардаанд. Рустамҷон Норови 22-сола як моҳ боз дар боздоштгоҳе дар шаҳри Хуҷанд аст.

Сомонаи “Форум 18” рӯзи 5-уми ноябр навишт, дар сурати тасдиқи иттиҳом ба Норов аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Пайравони “Шоҳидони Яҳво”, бино ба боварҳои худ, пӯшидани либоси низомӣ ва гирифтани силоҳро ҷоиз намедонанд. Онҳо дар иваз хидмати алтернативиро пешниҳод мекунанд, ки аз ёрӣ ба пирону дармондагон иборат аст, аммо дар Тоҷикистон ин навъи хидмат эътироф нашудааст.

Сомонаи “Форум 18” менависад, барои шарҳи қазияи Рустамҷон Норов ба ёвари раиси Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ Саидалӣ Раҳмонзода муроҷиат кард, аммо то 5-уми ноябр ҷавобе нагирифт.

“Шоҳидони Яҳво” охири моҳи октябр дар баёнияе дар Фейсбук гуфтааст, Рустамҷон Норов дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2016 ба мақомот дар бораи хидмати алтернативӣ пешниҳод дод буд.

“24-уми сентябри соли 2020 Норовро ба комиссариати ҳарбӣ даъват карданд. 3-юми октябр ӯро ба як қисми низомии шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Аммо 17-уми октябр Додгоҳи низомии Тоҷикистон қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро содир кард”, -- омадааст дар баёния.

Ба иттилои “Шоҳидони Яҳво” ҳоло муфаттишони додситонӣ қазияро таҳқиқ доранд ва расман ӯро “ба сохтакории санади тиббӣ” ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ айбдор мекунанд.

Муҳокимаи Рустамҷон Норов дар ҳоле шуруъ шудааст, ки рӯзи якуми ноябр Ҷовидон Бобоҷонов, пайрави дигари “Шоҳидони Яҳво”-ро аз зиндон озод кардаанд. Ӯ бо айни иттиҳом ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд ва нӯҳ моҳро дар ҳабс гузаронд.

Озодии ӯ баъд аз савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти Тоҷикистон имконпазир шудааст. Раҳмон шоми 30-юми октябр ва баъд аз шурӯи давраи панҷуми раёсаташ эълон кард, ки гуноҳи беш аз сесад касро бахшид.

Соли 2018 додгоҳе дар Тоҷикистон Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави Шоҳидони Яҳворо бо гуноҳи саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум карда буд.

Моҳи сентябри соли гузашта пайрави дигари ин равия Шамил Ҳакимов бо айбномаи барангехтани адоват ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум гашгт.

Созмони динии масеҳии Шоҳидони Яҳво соли 1997 фаъолияташро дар Тоҷикистон қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Фаъолияти ин созмони насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнуъ эълон шуд ва додгоҳ низ ин қарорро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG