Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон гуфт, ки дар ҷангҳои Қаробоғи Кӯҳӣ 91 мулки кушта шуд


Сарбозони арманӣ ва кашиши калисои баптистӣ намоз мехонанд. 2-юми ноябр, дар наздикиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ
Сарбозони арманӣ ва кашиши калисои баптистӣ намоз мехонанд. 2-юми ноябр, дар наздикиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ

Озарбойҷон гуфт, ки аз замони шурӯи даргириҳои нав дар Қаробоғи Кӯҳӣ 91 шаҳрванди мулкӣ кушта ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар як изҳороти додситонии кулли Озарбойҷон омадааст, ки “аз 27-уми сентябр ба ин сӯ дар натиҷаи шилликандозиҳои Арманистон 91 мулкӣ кушта ва 405 нафар маҷрӯҳ шуданд”. Тасдиқи дурустии ин изҳорот тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Даргириҳои нав миёни нирӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон барои минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 27-уми сентябр шурӯъ шуд. Ҳарду ҷониб ҳам дар бораи вуҷуди талафот дар миёни сокинони мулкӣ хабар доданд.

Қаробоғи Кӯҳӣ як бахше аз Озарбойҷон эътироф шудааст, вале аксар сокинони арманитабораш ҳукумати Озарбойҷонро эътироф намекунанд. Аз замоне, ки ҷанги авввали миёни ду кишвар дар соли 1994 хотима ёфт, онҳо бо ёрии Арманистон идоракунии ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд.

То кунун бо миёнҷигии кишварҳои узви Гурӯҳи Мински САҲА – Фаронса, Русия ва ИМА ду кишвар ба созиш оварда шуданд, вале хеле зуд баъди мувофиқаи оташбас ин созиш шикаст хӯрд.

Вазорати дифои Озарбойҷон нирӯҳои Арманистонро дар истофодаи низоми “Смерч” барои партоби мушакҳо болои маҳаллаи Физулӣ гунаҳгор кард. Қаблан ҷониби Озарбойҷон иддао кард, ки ин маҳалларо таҳти назорати худ даровардааст. Сухангӯи вазорати дифои Арманистон Шушан Степанян ин изҳоротро ҳамчун “пуч” рад кард.

XS
SM
MD
LG