Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир гуфт, парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барқарор шуданд


Акс аз бойгонӣ

Баъди он ки садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав дармонданд, парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз сар гирифта шудааст.

Ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр", ки қарор буд шаби 31-уми октябр ба 1-уми ноябр барои овардани муҳоҷирон бираванд, аз ҷониби Русия иҷозаи парвоз дарёфт накарданд.

Муҳоҷирон барои пеш омадани ин вазъ мақомотро танқид карданд, аммо сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онро "мушкили техникӣ" номид. Имомуддин Сатторӣ гуфт, дар моҳи ноябр дар як рӯз панҷ парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

"Ду парвоз аз Маскав ва се парвоз аз шаҳрҳои дигари Русия сурат мегирад. Танҳо дар ҳолати кам шудани талабот барои бозгашт ба ватан шумораи парвозҳои чартерӣ кам карда мешаванд", -- афзуд ӯ.

Ҳар моҳ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯйхати парвозҳои чартериро нашр мекард, аммо ин дафъа дар ин бора чизе нагуфтааст.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистону Русия аз охири моҳи марти имсол ва дар пайи густариши бемории коронавирус қатъ шуданд. То ин муддат танҳо тариқи рейсҳои чартерӣ афроди ниёзмандро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Ҳарчанд мақомот парвозҳои чартериро ягона роҳи ҳал медонанд, аксари муҳоҷирон аз шеваи роҳ ёфтан ба парвозҳои чартерӣ ва инчунин нархи гарони билетҳо шикоят доранд. Намояндаи як ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тобистони имсол гуфта буд, ки агар ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия холӣ равад ва аз онҷо муҳоҷиронро биорад, нархи билет чиҳил дарсад гарон хоҳад шуд.

"Росавиатсия" дар оғози моҳи октябр ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳо ба 24 кишвар, аз ҷумла чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ иҷозат дод, вале дар ин қатор номи Тоҷикистон ворид нашудааст.

Имомуддин Сатторӣ мегӯяд, ҳарими ҳавоии Русия барои 90 дар сад аз кишварҳо барои анҷоми парвозҳои маъмулӣ бастааст. Ба қавли ӯ, кишварҳое, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд, бо Русия парвозҳои маъмулӣ барқарор кардаанд.

Қаблан Русия гуфта буд, ки барои азсаргирии парвозҳо ба Душанбе пешниҳод додааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз моҳи июл розӣ шуда буд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ парвозҳои маъмулиро ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG