Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷо Байден, рақибаш аз Ҳизби демократ охирин маъракаҳои таблиғотиашонро дар иёлате, ки барояшон муҳим аст, баргузор мекунанд. То кунун бештар аз 90 миллион нафар аз амрикоиҳо раъйи худро ба тарафдории яке аз ин ду номзад додаанд, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр ширкат мекунанд. Трамп ва Байден саъй доранд, дили онҳоеро ба даст оранд, ки ҳанӯз намедонанд, ба кӣ раъй бидиҳанд ва ба ширкат дар интихобот ташвиқ кунанд. Бино ба назарсанҷиҳо, Ҷо Байден аз назари маҳбубият аз Доналд Трамп пештар аст ва 8 дар сади бештари мардум тарафдори ӯ будаанд. Аммо дар иёлате, ки мумкин аст, тарафдорони Доналд Трамп бештар бошанд, Ҷо Байден бо фосилаи кӯтоҳе аз раиси ҷумҳур пешсафӣ дорад. Ҷо Байден рӯзи 1-уми ноябр дар аёлати Пенсилвания ду маъракаи таблиғотӣ дошт. Соли 2016 аксарияти раъйи лозимро дар инҷо ба Доналд Трамп доданд, вале имсол Ҷо Байден дар Пенсилвания тарафдори бештар доштааст. Дар Филаделфия - бузургтарин шаҳри Пенсилвания, дар байни сиёҳпӯстон суханроние дошт ва аз онҳое, ки раъй надодаанд, даъват кард, рӯзи 3-уми ноябр дар интихобот ширкат кунанд. Доналд Трамп дар иёлати Мичиган, Айова, Каролинаи Шимолӣ, Ҷорҷиа ва Флорида маъракаҳои таблиғотӣ барпо кард.