Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ? Баҳс атрофи як порчаи замин дар Панҷакент. ВИДЕО


Мутриба Хуҷова, сокини шаҳри Панҷакент
Мутриба Хуҷова, сокини шаҳри Панҷакент

Ҳукумати шаҳри Панҷакент тасмим дорад, ду иморати навсохти сокинони деҳаи Марғедари ҷамоати Рӯдакиро тахриб кунад ва пешниҳоди додани замини наздиҳавлигӣ ба 22 нафар эҳтиёҷмандро бекор намояд.

Соли 2018 ҳукумати шаҳри Панҷакент ва Идораи заминсозӣ тибқи дархости масъулони ҷамоати Рӯдакӣ барои додани қитъаи наздиҳавлигӣ ба 24 нафар эҳтиёҷмандон қарор қабул кард ва чанде аз онҳо соли 2019 ба сохтмони хонаҳояшон шурӯъ намуданд. Ҳоло мақомот ин қарорро ғайриқонунӣ медонанд ва мегӯянд, дар ин қитъаи замин набояд манзили зист сохта шавад, чун он кишоварзист.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед.

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ? Баҳси замин дар Панҷакент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Мутриба Хӯҷова, сокини шаҳри Панҷакент, ки соли 1999 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ариза дода буд, соли 2016 танҳо пас аз довталабона ба аскарӣ рафтани писараш соҳиби қитъаи замин шуд.

Ӯ дар ин қитъаи замин соли 2019 ба сохтмони манзили зист оғоз кард, вале мақомот иҷоза надоданд, ки ин корро анҷом диҳад.

“Ман якуним сол панҷ дар хонаамро бо кумаки ёру бародаронам 60 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда сохтам. Ҳоло дигар пул надорам, ки инро кучонаму аз нав хонаи дигар созам. Ман талаб дорам, ки ҳукумат ба идомаи сохтмони хонаам иҷозат диҳад ва ё бигзор хонаро вайрон кунаду маблағи сарф кардаамро ҷуброн намояд”,--мегӯяд Мутриба.

Моҳи июни соли равон нозирони тақсими қитъаи замин қарори раиси шаҳрро бекор карданд ва сохтмони онро боздоштанд. Онҳо мегӯянд, ин замини кишоварзӣ аст ва набояд дар он хонаи истиқоматӣ бунёд шавад.

Мутриба мегӯяд, қонунӣ будан ё набудани қитъаи замин баҳси миёни мақомот аст, ки яке онро ба мо додааст ва дигаре онро бекор мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ин баҳс сокинони одӣ набояд қурбон шаванд ва зиён бинанд.

Равшанбек Кенҷаев, сокини шаҳри Панҷакент низ бо се кӯдаку ҳамсараш дар ҳамсоягии Мутриба Хӯҷова ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ иморат сохтааст, вале ба ӯ низ гуфтаанд, хонааш бояд тахриб шавад.

Ӯ мегӯяд, пеш аз оғози сохтмон ҳама масъулон омадаву борҳо замини ҷудокардаи наздиҳавлигиро аз ташхис гузаронида буданд ва сипас иҷозаи сохтмон доданд.

Ӯ гуфт: “Мо ҳоло сертификат карда наметавонем. Се моҳ мешавад, ки ба суд, ҳукумати шаҳр, прокуратура бо ариза муроҷиат мекунем, вале ҳамеша мегардонанду мегӯянд, ки пагоҳ биё -фардо биё. Ҷавоби аниқ намедиҳанд ва фақат мегӯянд, ки замин проблема дорад, тамом”.

Баҳс сари 2, 7 гектар замин дар ҳудуди деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент меравад, ки ба гуфтаи мақомоти собиқи ин ҷамоат, дар харитаи заминсозии Тоҷикистон ҳамчун замини ғайрикишоварзӣ навишта шудааст ва бояд ба 24 нафар эҳтиёҷмандони замини наздиҳавлигӣ дода шавад. Кишоварзони ин маҳал низ мегӯянд, дар гузашта дар ин заминҳо ҳеҷ гоҳ зироат накарда буданд.

Муҷибулло Мирзоев, собиқ заминсози ҷамоати Рӯдакӣ, ки дар замони масъул буданаш ба ин аҳолӣ заминҳоро тақсим кардааст, мегӯяд, “ин заминҳо бо имзои Президент ҳамчун заминҳои ғайрикишоварзӣ шудааст".

“Парвандаи замин ҳаст, қарори раиси шаҳр ҳаст, генплани давлатӣ ҳаст, вале суди шаҳри Панҷакент маро дар тақсими замин гунаҳкор дониста 51 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба мӯҳлати ду сол аз ҳақи кор маҳрум кард. Дар кадом асос ин содир шуд, то ҳол намедонам”,--гуфт ӯ.

Ин мансабдори собиқ барои исботи бегуноҳияш ба зинаҳои болоии мақомоти судӣ ва ҳукуматӣ борҳо муроҷиат карда, хоҳони барқарор кардани адолат ва бехона намондани сокинони маҳаллӣ шудааст, вале арзҳояш бенатиҷа мондаанд.

Сайфулло Насриддинов, раиси навтаъини ҷамоати Рӯдакӣ мегӯяд, бо назардошти ин вазъ дубора барои бозбинии қарори мақомотҳои тафтишотӣ муроҷиат кардаанд.

Ӯ гуфт: “Баъди бекор кардани қарор боз ду нафар дар он маҳал иморат кардаанд ва тибқи дархости онҳо, мо санад тартиб дода ба идораи замин муроҷиат кардаем ва ҳоло интизори ҷавоби онҳо ҳастем”.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Замин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон моликияти давлатӣ аст ва дастрасӣ ба он танҳо бар асоси иҷозати сохторҳои дахлдори кишвар имконпазир аст.

XS
SM
MD
LG