Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс барои як порча замин дар назди Ҳафткӯл то ба додситонӣ рафтааст


Ҳафткӯл яке аз ҷойҳои диданӣ дар Панҷакент аст ва саёҳон ба онҷо зиёд мераванд.

Як сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, дар замине, ки қонунӣ ба ӯ додаанд, наметавонад, меҳмонхона ва мағозаи ҳунарҳои мардумӣ созад. Ба иддаои Сарвар Хоҷамов, сокини деҳаи Шинг, ҳамдеҳааш Бегмуҳаммад Шахмаев ба ин кор мухолифат дорад ва мағозаи сохтаи ӯро вайрон кардааст, чун заминро аз они худ мешуморад.

Дар идораи замини шаҳри Панҷакент дар як посухи расмӣ ба Хоҷамов гуфтаанд, қитъаи замин барои бунёди меҳмонхона ва мағозаи ҳунарҳои мардумӣ бо қарори раиси шаҳр ҷудо шудааст. Ҳоло Сарвар Хоҷамов барои нуқта гузоштан ба баҳс ба додситонӣ шикоят кардааст.

Сарвар Хоҷамови 70-сола дар рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, дар наздикии мавзеи сайёҳии “Ҳафткӯл” барои ҷаҳонгардон меҳмонхонаи хурд сохта ва барои бо кор таъмин кардани занони деҳа мағозаи ҳунарҳои мардумӣ бунёд кунад. Ба қавли мусоҳиби мо барои ин тарҳ ба ӯ 60 сотих замини ғайрикишоварзӣ додаанд ва ӯ сохтмони меҳмонхонаву мағозаро оғоз кардааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, рӯзи 4-уми август Бегмуҳаммад Шахмаев деворҳои сохтаро вайрон карда, гуфтааст қитъаи замине, ки мағоза бунёд шудааст аз ӯст.

Сарвар Хоҷамов афзуд: “Ин сохтмонҳоро бо кумаки заноне, ки мехоҳанд, соҳиби ҷойи кор шаванд, бунёд карда будам. Онҳо аз роҳи дур сангу рег ва об меоварданд, то мағозаҳоро сохта барои истифода ба онҳо диҳам, ки зиндагиашонро пеш баранд.”

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бо ирсоли нусхаи ҳуҷҷатҳояш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тамоми ҳуҷҷатҳоро дорам, ки ин қитъаи замин бо қарори раиси шаҳр ва идораи заминсозӣ барои сохтани меҳмонхонаву мағоза ҷудо шудааст. Ман аз мақомот талаб мекунам, амалҳои ин нафарро санҷанд. Ман ба 15 зане, ки оилаҳои камбизоат ҳастанд, ваъда кардам, ки агар мағозаҳоро созем, онҳо метавонанд, ҳунари дасти худашонро дар онҷо ба фурӯш гузоранд ва зиндагии хонаводаашон таъмин кунанд”.

Ҷанҷоле, ки то ба додситонӣ рафт

Ҳоло Сарвар Хоҷамов барои нуқта гузоштан ба ин баҳс ва дахолат накардани ҳамдеҳааш ба корҳои сохтмонӣ ба додситонии шаҳри Панҷакент муроҷиат кардааст. Дар додситонӣ шикояти ӯро тасдиқ карда гуфтанд, қазияро месанҷанд. Бегмуҳаммад Шахмаев мегӯяд, ҳанӯз соли 2010 барои боғпарварӣ аз заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” 20 сотих замин барояш ҷудо шуд ва ҳоло Сарвар Хоҷамов дар ҳудуди заминҳои ӯ бино бунёд мекунад.

Шахмаев гуфт, соли 2010 раиси хоҷагии деҳқонӣ бар асоси шартнома ба ӯ иҷоза додааст, ки дар ин қитъаи замин боғпарварӣ кунад: “Баъди чанд сол як рӯз Хоҷамов бо раиси хоҷагии деҳқонӣ назди ман омада гуфтанд, ки як қисми заминро ба ӯ диҳам. Баъд аз қисмати поёнӣ, ки заминҳои беоб буд, маслиҳат кардем, ки ӯ метавонад, онҷо меҳмонхона месозад. Вале баъди як сол Сарвар Хоҷамов бо ду ҳуҷҷат ба назди ман омад, ки метавонад дар ин заминҳо сохтмон бунёд кунад. Вақте гуфтам, ин заминҳоро ман ҳуҷҷат кардаам, вай ҳам гуфт, ки ман низ ҳуҷҷат дорам”.

Сарвар Хоҷамов гуфт, қитъаи замини ҷудо шуда барои сохтмони меҳмонхона ва мағозаҳо аз заминҳои ғайрикишоварзӣ аст. Дар ҷамоате, ки деҳаи Шинг тобеи он аст, ҷанҷоли ду нафарро тасдиқ карданд. Шоҳназар Шодизода, раиси ҷамоати Шинг рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қитъаи замине, ки ҳоло баҳс ба миён овардааст, асосан Хоҷамов ҳаққи истифода дорад.

Ӯ гуфт: “Он заминҳое, ки ҳоло барои боғдориву бунёди меҳмонхона дода шудааст, заминҳои хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” аст. Миёни ин ду нафар баҳс шуда буд ва мақомоти маҳаллӣ рафта онро ҳал карданд. Аммо боз шунидам, ки Бегмуҳаммад Шахмаев рафта, деворҳои мағозаро вайрон кардааст, барои ҳамин баҳс то инҷо расидааст”. Баҳси ду сокини деҳаи Шинг дар Панҷакент дар ҳолест, ки раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” мегӯяд, дар пайи номуаянии ҳудуди замин дар тақсими қитъаҳо нофаҳмӣ пеш омада буд, аммо онро як комиссия бартараф ва ҷонибҳоро ба муросо даъват кард.

Тӯрақули Шодмонқул, раиси ин хоҷагии деҳқонӣ гуфт: “Онҷо қитъаҳоро муайян карда, дода буданд, вале ҳоло баҳс бар сари сохтмони мағоза аст.” Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ба суоли он ки чигуна як қитъаи замин ба ду нафар дода шудааст, посухи дақиқ надод ва инро ба номуаянии ҳудуди заминҳо рабт дод.

Замини ҳамвор сарвате, ки Тоҷикистон кам дорад

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замин барои хонасозӣ, замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст ва дастрасӣ ба он танҳо бар асоси иҷозати сохторҳои дахлдори кишвар имконпазир аст.

Ду сол пеш бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он" эҳтимоли ташкили бозори замин дар Тоҷикистон имконпазир шуда буд. Вале то ба ҳол мақомот аз фаъолшавии чунин бозоре дар кишвар хабар надодаанд. Баҳси замину хона дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ аст ва додгоҳҳо ҳар рӯз тақрибан ба ин монанд парвандаҳоро баррасӣ мекунанд. Баъзеҳо иддао доранд, ки замину хонаашонро беасос гирифтаанд, дигарон шикоят мекунанд, ки хонаашон ноодилона вайрон мешавад.

Баъзан додгоҳҳо низ наметавонанд, баҳси хонаву заминро мувофиқи хости даъвогарон ҳал кунанд ва он ба муноқишаву занозанӣ ва хунрезӣ кашида мешавад. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ҳангоми тақсими замин ё санадгузорӣ барои он ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG