Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи "муаллақ". Роҳи як оила дар байни киштзорҳо мондааст. ВИДЕО


Роҳ ба хонаи марди маълули фархорӣ дар байни киштзорҳо мондаааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Роҳ ба хонаи марди маълули фархорӣ дар байни киштзорҳо мондаааст

Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки мақомот роҳи хонаашро ба кишоварзон додаанд ва ӯву аъзои оила барои рафтан ба ҷое маҷбур бояд аз байни обу лою алаф гузаранд. Муовини раиси ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, "хабар надорад".

Сафаралӣ Нуралиев, сокини деҳаи Меҳнатобод, маъюби гуруҳи дувум аст. Вай нақл кард, ки соли 2009 соҳиби замин шуд ва хона сохт: "Он замон то манзили мо роҳи калоне буд ва танҳо соли 2015 аз он маҳрум шудем. Панҷ сол пеш мақомот заминҳои атрофро ба сокинон тақсим карда доданд. Соҳибони нави замин роҳро бастанд. Ночор тариқи заминҳои кишт равуо мекунем."

Ин сокини ноҳияи Фархор афзуд, панҷ соли ахир барои ҳалли қазияаш ба чанд идораи давлатӣ сар зад, аммо акси садое нашунид. Ҳоло дар як тарафи хонаи Сафаралӣ Нуралиев заминҳои кишти пахта ва дар тарафи дигар сабзавот аст.

Вай мегӯяд, гузаштан аз даруни замини дигарон ҳам осон нест, чун ҳангоми убур аз он алафҳоро зер мекунанд ва гоҳе байни онҳову моликони замин баҳс мехезад: "Ин хел намешавад, ки хонаи мо муаллақ бимонад, бояд роҳе дошта бошад. Чӣ гуна заминҳоро тақсим кардаанд, ки роҳи моро ба назар нагирифтанд. Бор меорем ва ҳарчанд вазнин аст, тариқи замин ба хона мекашонем. Ин хатои мақомот аст, бояд ислоҳ кунанд."

Аъзои дигари оила ҳам аз ин манзара, ба гуфтаи худашон, "дилгир" шудаанд. Сиддиқа, духтари Сафаралӣ Нуралиев, дар синфи чаҳорум мехонад ва мегӯяд, дар айёми тирамоҳу зимистон аз даруни замин гузашта, ба мактаб рафтан осон нест.

"Борону барф меборад ва замин лой мешавад. Соҳибони замин ҳам ҷанг мекунанд. Агар аз хона бароем, зери маломати ҳамсояҳо мемонем, дар хона нишинем, аз мактаб мемонем. Мо ҳам мехоҳем, ки роҳ дошта бошем ва озодона равуо кунем", - гуфт ӯ.

Мақомоти ноҳияи Фархор мегӯянд, аз қазияи ин хонавода огоҳ нестанд. Раҳматхӯҷа Камолзода, муовини раиси ноҳияи Фархор, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати муроҷиат шудан ба ҳаллу фасли мушкил хоҳанд пардохт.

Сафаралӣ Нуралиев мегӯяд, ба камияш нусхаи шаш номаро дар даст дорад, ки барои расидагӣ ба масъала ба мақомот фиристодааст. "Онҳо аз қазия хабар доранд, вале худро ба нодонӣ мезананд", - бовар дорад ӯ.

Аз ҷумла, ба гуфтааш, ба додситонии ноҳия ҳам муроҷиат кард, вале посух гирифт, ки барои баррасии қазия ба додгоҳ муроҷиат кунад. Вай мепиндорад, ки роҳи расондани арзаш ба мақомот аз ҳалли роҳи хонааш ҳам мушкилтар менамояд, вале ба ин осонӣ таслим шуданӣ нест.

Дар гузашта низ бархе аз сокинон дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки хонаашон дар байн мондааст ва барои берун рафтан ҳар дафъа бо ҳамсояҳо дастбагиребон мешаванд. Ҷабрдидаҳо мегӯянд, роҳ ҳаққи онҳост, вале соҳибони замин мегӯянд, санади расмӣ доранд. Маълум нест, ин иштибоҳҳои тасодуфист ё чизи дигар.

​Дар Тоҷикистон солҳо боз мавзӯи моликият ба замин матраҳ аст. Айни замон ҳуқуқи истифодаи замин барои бунёди манзил ва ё кишоварзӣ расман ройгон аст, аммо дар асл ҷараёни ба даст овардани шаҳодатномаи истифодаи замин олуда бо фасод аст.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия даҳҳо тан аз мансабдоронро бо гуноҳи фурӯши замин бар ивази пора боздошту зиндонӣ кардааст.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини назди ҳавлӣ, манзил, роҳ ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG