Cадҳо фаъоли маданӣ, аз ҷумла вакилони мудофеъ, бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва хотима додан ба таъқиботи сиёсӣ дар шаҳри Алмато тазоҳурот карданд. Дар гирдиҳамоии рӯзи 31-уми октябр тақрибан 300 нафар иштирок доштанд. Мақомоти Қазоқистон дар оғози моҳ иҷозат доданд, ки тазоҳурот баргузор шавад, дар ҳоле ки ду талоши пешинаи вакилони мудофеъ ноком анҷом шуда буд. Мақомоти Қазоқистон ба тазоҳуроте, ки сиёсати ҳукуматро зери шубҳа мегузорад, ба сахтӣ ва аҳёнан иҷозат медиҳанд. Бино ба қонунгузории Қазоқистон, ҳамагуна гирдиҳамоӣ бо ризояти ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Бисёриҳо онро поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон медонанд. Ҳуқуқе, ки Қонуни асосӣ кафолат додааст.
Бо талаби ислоҳот ва хотима додан ба таъқиботи сиёсӣ тазоҳурот карданд
