Дар Туркманистон гардиши қатор (поезд)-ҳои мусофирбар ва мусофирбар (автобус)-ҳо байни минтақаҳо ҳадди ақал то 1-уми январи соли 2021 барқарор нахоҳад шуд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллии он кишвар хабар доданд. Сомонаи ширкати "Роҳи оҳани Туркманистон" рӯзи 29-уми октябр аз манъ шудани гардиши қаторҳо расман хабар дод.
Аммо ба таври ғайрирасмӣ гардиши автобус ва қаторҳо байни минтақаҳои Туркманистон ҳанӯз чанд моҳи пеш маҳдуд шуда буд. Ба навиштаи расонаҳо, ин маҳдудиятҳо ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус рабт доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти он кишвар то ҳол расман мавҷудияти коронавирусро дар Туркманистон рад мекунанд.
Ба ҷуз аз манъи гардиши автобусу қаторҳо, ҳамчунин дар чанде аз ноҳияҳои Туркманистон роҳҳои мошингардро бастаанд. Расонаҳо менависанд, эҳтимол дорад, аз 1-уми ноябр парвозҳои дохилӣ низ маҳдуд шаванд.
Манобеи расонаҳо аз дохили ҳукумати Туркманистон гуфтаанд, ки эҳтимол мақомоти ин кишвар аз 1-уми ноябр карантини сартосарӣ эълом кунанд.