Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди узбек аз коронавирус даргузаштааст


Андрей Кубатин
Андрей Кубатин

Андрей Кубатин, олими шарқшиносу туркшиноси Узбекистон рӯзи 29-уми октябр аз бемории коронавирус даргузашт.

Кубатин рӯзи 15-уми октябр навишта буд, ки дар бемористон бистарӣ аст. Дертар хабар расид, ки вай аз коронавирус муолиҷа мешуд.

Кубатин дар Донишкадаи шарқшиносии Тошканд дарс мегуфт. Ӯро соли 2017 бо айби дар ихтиёри як ширкати сайёҳии Туркия гузоштани нусхаи китобҳои нодир боздошт карда буданд. Баъдтар ӯро дар "Хиёнат ба давлат" айбдор карданд ва 11 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Соҳи сентябри соли 2019 ӯро "сафед" ва аз зиндон озод карданд. Кубатин ҳамчунин ба омӯзиши таърихи халқҳои эронӣ - эроншиносӣ ва суғдшиносӣ машғул буд.

XS
SM
MD
LG