Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 кас дар заминларзаи Туркия ва Юнон. 800 нафар маҷруҳ шудаанд. АКС, ВИДЕО


Баъд аз заминларзаи 30-юми октябр. Измир, Туркия
Баъд аз заминларзаи 30-юми октябр. Измир, Туркия

Шумори ҷонбохтагон аз заминларза дар шаҳри Измири Туркия ва ҷазираи Самоси Юнон ба 26 нафар расид.

Харобиҳои баъд аз заминларза дар Измир. Туркия, 30-юми октябри 2020
Харобиҳои баъд аз заминларза дар Измир. Туркия, 30-юми октябри 2020

Ҳодиса 30-юми октябр рух дод ва бар асари он 800 кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, қудрати зилзила дар марказаш 6.6 дараҷаи Рихтер буд ва ғарби Туркия, шаҳри Истанбул ва Юнонро низ такон дод.

Ба иттилои расмӣ, дар Измир 24 нафар ҷон бохта, 700 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Измир бо тақрибан 3 миллион аҳолӣ севумин шаҳри бузурги Туркия аст.

Ба гуфтаи мақомҳои Юнон, дар заминларзаи рӯзи ҷумъа ду навҷавон дар ҷазираи Самос ҷон бохтаанд.

Туркия сари чанд вақт шоҳиди заминларзаҳои маргбор мешавад. Дар зилзилаи моҳи январи имсол дар он кишвар 30 нафар ҷон бохта, 1600 кас маҷруҳ шуданд. Заминларзаи соли 1999 дар Измити Туркия (наздикии Истанбул) тақрибан 17 ҳазор касро кушта буд.

Харобиҳои баъд аз заминларза дар Измир. Туркия, 30-юми октябри 2020
Харобиҳои баъд аз заминларза дар Измир. Туркия, 30-юми октябри 2020

XS
SM
MD
LG