Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мавзӯи карантини Пенсро ба худи ӯ ҳавола кард


Майк Пенс, муовини президенти ИМА
Майк Пенс, муовини президенти ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп нахост ба саволҳо дар бораи ин ки то куҷо баъди мусбат баромадани озмоишҳои коронавируси аъзои тими муовини президенти ИМА худи Майк Пенс ҳам аз ширкат дар маъракаи таблиғотии интихоботӣ канор меравад, посух надод. Трамп, ки худ дар шаҳри Мэн бо таблиғи номзадиаш банд аст, рӯзи 25-уми октябр ишора кард, ки тасмим бо худи Пенс аст. Пенс инчунин раҳбарии гурӯҳи тасмимгирандаи ҳукуматӣ дар масоили коронавирусро ба ӯҳда дорад ва баъди ба коронавирус гирифтор шудани раиси ситоди ӯву дигар зертобеонаш интизор мерафт, ки ӯ ҳам ба карантин меравад. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш аз интихоботи ИМА, Майк Пенс ҳам нақшаву барномаҳои бисёр зиёди интихоботӣ ва сафарҳо дорад. Худи ӯ ҳам номзадиашро ба мақоми муовини президент гузоштааст. Кохи Сафед иддао кард, ки натиҷаҳои тести коронавирус Пенс манфӣ аст ва бо сабаби бисёр муҳим будани салоҳиятҳои ӯ дар ин шабурӯз шарт нест, ки ӯ дар карантини барои дигарҳо ҳатмии 14-рӯза бинишинад.

Ин тасмими Кохи Сафед интиқодҳои Ҷо Байден, номзади демократҳо дар интихоботи президентро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG