Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ваксинаи дувуми зидди коронавирусро ба қайд гирифтанд


Ваксинаи “ЭпиВакКорона”.
Ваксинаи “ЭпиВакКорона”.

Маркази давлатии илмии вирусшиносӣ ва биотехнологияи “Вектор”-и шаҳри Новосибир ваксинаи дувуми русӣ зидди коронавирусро ба қайд гирифт.

Ин ваксина низ ба монанди аввалӣ пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи бақайдгирии ваксинаи дувум президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар хабар дод.

Ваксина “ЭпиВакКорона” номгузорӣ шудааст. Марказе, ки онро сохт, барои коркарди силоҳи кимиёӣ таъсис ёфта буд, вале ҳоло тобеи "Роспотребнадзор" аст.

Нашрияи "The Bell" моҳи июни соли равон навишт, “Вектор” яке аз ду бозингари асосии бозори Русия мебошад, ки барои сохтани ваксинаи зидди коронавирус талош дорад. Нашрия аз бозингари дувум Маркази ба номи Н. Ф. Гамалей ном бурд, ки ваксинаи худ - “Спутник V”-ро аллакай дар моҳи август ба қайд гирифт. Он низ пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба қайд гирифта шуда, раванди озмоиши оммавиаш мавриди интиқоди коршиносони ғарбӣ қарор гирифт.

Коршиносон гуфтанд, бақайдгирӣ ва истифодаи оммавии ваксина пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ хатарзо аст.

Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс”, интизор меравад, дар марҳалаи севуми санҷиши “ЭпиВакКорона” то 40 ҳазор бемор иштирок кунанд. Бино ба маълумоти сомонаи Covid-19 vaccine tracker, ҷамъан дар ҷаҳон 36 ваксина аз озмоиши клиникӣ мегузаранд.

XS
SM
MD
LG