Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Бозгашти Трамп ба маъракаи интихоботӣ баъди муолиҷа аз коронавирус

президенти ИМА Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА, ки ахиран аз коронавирус муолиҷа гирифт, ба маъракаи таблиғи номзадиаш дар интихоботи президентӣ баргашт. Рӯзи 12-уми октябр ӯ дар Санфорди Флорида буд. Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3-юми ноябр барпо мешавад ва дар интихобот Трамп дар муқобили рақиби демократаш Ҷо Байден қарор мегирад. Трамп ин навбат фурсатро истифода карда, тадбирҳои Кохи Сафедро дар қиболи пандемияи коронавирус ва ҳам шифо ёфтани худро аз беморӣ бар асоси давоҳои таҷрибавӣ ҳимоят кард. Трамп хитоб ба мардуми ҷамъшуда, ки бархе фосилагирӣ мекарданду дигарҳо ниқоб доштанд, гуфт, “ман ин муолиҷаро пуштисар кардам ва ҳоло онҳо мегӯянд, ки масунияти ман хуб аст”. Трамп гуфт, “ман бақувват ҳастам”. Пеш аз баргузории ин чорабинӣ табиби Трамп изҳороте нашр карда гуфт, ки президент тести COVID-19-ро супурд ва натиҷаи он манфӣ мебошад. Дар ИМА то ҳол 7,8 миллион нафар олудашуда ба коронавирус маҳсуб меёбанд ва омор мегӯяд, ки 214 ҳазор нафар қурбони ин вирус шудааст. Бо ин вуҷуд, Трампро барои бархӯрди нодуруст ба пандемияи интиқод мекунанд. Қарор аст баъди Флорида маъракаҳои таблиғотии Трамп дар Пенсилвания, Айова, Каролинаи Шимолӣ ва Висконсин баргузор шаванд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Боз як нахуствазири пешини Қирғизистонро боздошт карданд

Ҷоомарт Оторбоев

Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири пешини Қирғизистон дар доираи парвандаи фасодкорӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба кони тилои "Қумтор" боздошт шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 16 сентябр хабар дод, ки Оторбоев боздошт карда ва дар 48 соати оянда додгоҳ ҳукми ҳабси пешакии ӯро содир хоҳад кард.

Ҷоомарт Оторбоев ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи марти 2014 то апрели соли 2015 роҳбарӣ карда буд. Дар чанд моҳи охир дар Қирғизистон чанд сарвазири пешин ва мансабдорони собиқ, инчунин вакилони феъливу пешини порлумони Қирғизистон боздошт шуданд.

"Қумтор" чанд соли охир дар меҳвари баҳсҳои моливу иқтисодӣ қарор гирифта, айни замон ба масъалаи баҳсӣ миёни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии Centerra Gold табдил шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон назорати конро муваққатан дар даст гирифт. Centerra Gold ин амали Қирғизистонро "ғайриқонунӣ" унвон кард.

Арманистон Озарбойҷонро ба додгоҳ кашид

Арманистон ба мақмоти додгоҳии Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурда, Озарбойҷонро дар поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандони Арманистон ва армантаборон, дар ҷараёни низои мусаллаҳонаи соли 2020 дар Қарабоғи Куҳӣ, айбдор кардааст.

Бино ба изҳороти Додгоҳи байналхалқии СММ, ки рӯзи 16 сентябр нашр шуд, Арманистон мегӯяд, Озарбойҷон "нисбати арманиҳо табъйизи нажодӣ" раво дидааст. Арманистон мегӯяд, "арманиҳо аз табъйизи мудовим, куштори гуруҳӣ, шиканҷа ва дигар беҳуқуқиҳо ранҷ бурдаанд".

Ба иттилои Арманистон, "ин таҷриба ба хусус дар моҳи сентябри соли 2020 авҷ гирифт", ки он замон вазъи Қарабоғи Куҳӣ шиддат ёфта буд. Арманистон шикоят кардааст, ки дар ҷанги моҳи сентябр Озарбойҷон Конвенсияи байналхалқӣ дар умури маҳви ҳама гуна табйизи нажодиро поймол кардааст.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, "ҳатто баъди хатми ҷанг" ва оташбаси 10 ноябри соли 2020 Озарбойҷон "ба куштор, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмонаи асирони арманӣ" идома додааст.

Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, ки Боку "худро муҳофизат" мекунад ва Арманистонро низ бо айни ин иттиҳомот айбдор месозад.

Муносибатҳои Озарбойҷону Арманистон шиддатнок боқӣ мемонад. Ҷанги шашҳафтаинае, ки моҳи сентябри соли 2020 шуруъ шуд, на камтар аз 6 900 қурбонӣ дошт. Дар пайи он ҷанг Арманистон аз қисме аз заминҳое маҳрум шуд, ки даҳсолаҳо дар ихтиёри армантаборон буданд.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, аз нобудсозии "Малий Талдикол" муваққатан даст мекашанд

Ҳомиёни гуруҳи кӯлҳои "Малий Талдикол" дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон нахустин пирӯзии худро ҷашн мегиранд.

Муовини шаҳрдори пойтахти Қазоқистон оид ба сохтмон Нурлан Нуркенов дар ҷаласаи шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ ваъда дод, ки "то бартараф шудани нофаҳмиҳо" корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди кулро қатъ мекунанд.

Ҳомиёни зистмуҳитии Нурсултон гуфтанд, дар ҷаласа тавонистанд исбот кунанд, ки "Малий Талдикол" як кули зинда буда, аз он ҳеч гуна бӯйи баде хориҷ намешавад.

Малий Талдикол гуруҳи кӯлҳои хурде мебошад, ки дар ҳудуди пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст. Аз онҳо паранда ва ҳайвонҳои нодиру шомили Китоби сурх об менушанд. Мақомоти шаҳрдории Нурсултон тасмим гирифтаанд, ки дар ҷои кӯлҳо маҷмааи сайёҳӣ созанд.

Экологҳо бар ин назаранд, ки сохтмони маҷмааи сайёҳӣ дар ҷои кӯлҳо хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон аст. Вале мақомоти қазоқ бо вуҷуди эътирозҳо ба кори худ идома медиҳанд.

Бритониё аз шаҳрвандонаш хост, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтиёткор бошанд

Бритониё Қирғизистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки сафар ба онҳо ба далели вазъи эпидемиологӣ ва коронавирус тавсия дода намешавад, хориҷ кард.

Ба огаҳии сомонаи ҳукумати Бритониё, дар ин бора 17 сентябр қароре ба имзо расидааст. Ҳаминтариқ Қирғизистон нахустин кишвари минтақа шуд, ки мақомоти бритониёӣ онро аз нигоҳи эпидемиологӣ расман амн номиданд.

Ҳукумати Бритониё ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, ки ҳангоми сафар ба ҷануби Қирғизистон аз эҳтиёт кор бигиранд. "Эҳтимоли сар задани низоъ дар минтақаҳои баҳсии марзии Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳамчунин гоҳ-гоҳе дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон низоъҳое рух медиҳад", - афзудаанд мақомоти бритониёӣ.

Бори ахир охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҷонибҳо якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор карданд.

Мақомоти Бритониё гуфтаанд, рух додани ҳамлаи террористӣ ва замирларза низ дар Қирғизистон аз эҳтимол дур нест.

Узбекистон 12 узви "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро боздошт кардааст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Тошканди Узбекистон 12 нафарро бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуи ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт карданд.

"Боздоштшудаҳо зери раҳбарии Р. У, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Юнусободи Узбекистон бо ифротгароӣ машғул буданд", - омадааст дар иттилоияи пулиси Тошканд.

Ба огаҳии манбаъ, Р. У. ва ҳамроҳонаш тавассути Интернет бо шаҳрванди Қирғизистон Маҳмудҷон Холдоров, соли таваллудаш 1980, ки ба Украина паноҳ бурдааст, тамос доштаанд.

Шаҳрвандони Узбекистон гӯиё мавъизаҳои шаҳрванди Қирғизистон ва маводи ифротгароӣ дар бораи "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро дар кишвари худ паҳн карда, ҳамчунин ба сафи созмон шахсони навро ҷалб менамудаанд.

Вазорати умури дохилии Узбекистон шаҳрвандони он кишварро ҳушдор додааст, ки иштирок дар фаъолияти "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҷонибдории идеяҳои созмон, ҳифз ва паҳн кардани мавъизаҳои шахсе бо номи "Maxmud Аbdulmoʼmin" (Маҳмудҷон Холдоров​) ҷиноят аст.

Пештар низ дар бораи боздошти 10 узви "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар ноҳияи Олмазори Тошканд хабар дода шуда буд.

Рӯзи охирини ройдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Русия

Шумориши варақаҳо

Мардуми Русия 19-уми сентябр дар рӯзи охирини ройдиҳӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар иштирок карданд. Овоздиҳӣ рӯзи ҷумъа оғоз шуда буд. Дар ин муддат дар бораи беназмиҳо ва саркӯби ҳаводорони Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифон, гузориш шуд.

Баъд аз саркӯби мухолифон, расонаҳо ва хомӯш сохтани мунтақидон, интизор меравад, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар интихобот баранда эълон шавад.

Вале ин ҳизб, ки президенти Руси Владимир Путинро ҳимоят мекунад, имкон дорад, аксарияти курсии худро дар порлумон аз даст диҳад. Назарсанҷиҳои пеш аз интихобот нишон дод, ки маҳбубияти ин ҳизб сӣ дарсад кам шудааст.

Ин ҳизб соли гузашта тавонист, қонунро тағйир дода, заминаи номзад шудани Путинро барои ду давраи раёсати ҷумҳурии дигар, баъд аз соли 2024, муҳайё кунад.

Ҳизби коммунист, ки дар мақоми дувум қарор дорад, пешбинӣ мешавад, дар интихобот баъзе курсиҳои ҳизби “Русияи воҳид”-ро аз они худ созад.

Ҳизби коммунист, ки аз маҳбубият дар миёни мардуми куҳансол бархӯрдор аст, имкон дорад, ин бор аз ҳаводорони Навалний низ бештар пуштибонӣ ёбад.

Рӯзноманигорони афғон: Нагузоред, озодии матбуот “бимирад”

Аъзои "Толибон" ин ду хабарнигори "Иттилооти рӯз"-ро барои бозтоби тазоҳуроти занон дар Кобул дастгир ва латукӯб кардаанд. 8-уми сентябри соли 2021

Зиёда аз 100 рӯзноманигори афғон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки барои ҳифзи озодии матбуот дар Афғонистон ёрӣ кунанд.

Журналистон муроҷиати худро ба воситаи созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 18-уми сентябр нашр карданд.

Муроҷиатро 103 хабарнигори афғон, аз ҷумла 20 зан, имзо гузоштаанд, вале аз хавфи гуруҳҳои харобкор номҳояшон ошкор карда намешавад. Аксари онҳо дар Афғонистон кор мекунанд, вале иддае пинҳон шуда, даҳ нафар дар берун аз кишвар ҳастанд.

Онҳо гуфтаанд, намехоҳанд, "рӯзноманигорӣ дар Афғонистон ба монанди солҳои 1996-2001 бимирад."

Ба қавли рӯзноманигорон, сарфи назар аз ваъдаҳои "Толибон", "аломати саркӯби умумӣ", аз ҷумла таҳдид ба рӯзноманигорон, тарсонидани ҳайати эҷодӣ ва сензураро мебинанд.

Онҳо "барои озодии матбуот дар Афғонистон, ҳифзи дастовардҳои бист соли охир дар робита ба истиқлоли расонаҳо, гуногунандешӣ ва ҳифзи рӯзноманигорон" даъват кардаанд.

Гуруҳи "Толибон" беш аз як моҳ боз назорат бар қаламравҳои Афғонистонро ба даст гирифта, монеи кори хабарнигорони зан ва бисёре аз барномаҳои таҳлиливу тафреҳӣ шудааст.

Таркиш дар Ҷалолобод. Матбуот: Як мошини "Толибон"-ро нишон гирифтанд

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар Ҷалолобод

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, таркиш рӯй додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ҳамлаварон як мошини “Толибон”-ро ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҳамла дастикам 5 нафар, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд.

Шоҳидон гуфтанд, чанде аз ҷангҷӯёни “Толибон” ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ба навиштаи сомонаҳои хабарии маҳаллӣ, бар асари таркиш як хатти барқрасон низ вайрон шудааст. Ҷузъиёти бештаре дар даст нест.

Гуруҳи "Толибон" ҳодисаро шарҳ надодааст.

Рӯзи 18-уми сентябр дар се таркиш дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, ба камияш се нафар кушта ва 19 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳеч кас масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст. Нангарҳор маркази ҷангҷӯёни шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аст.

Ихроҷи муҳоҷирони Ҳаитӣ аз Амрико

Муҳоҷирон аз Венесуэла. Акс аз бойгонӣ

Мансабдорони Амрико эълон карданд, ки қасд доранд, парвозҳоро барои ихроҷ ё берун кардани муҳоҷирони Ҳаитӣ аз ин кишвар афзоиш диҳанд.

Ин муҳоҷирон пас аз гузаштан аз Мексика ба Иёлоти Муттаҳида дар зери як пул дар Техас ҷамъ шудаанд.

Вазорати амнияти дохилии Амрико рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ҳудуди 2000 муҳоҷир барои хуруҷи эҳтимолӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба берун аз шаҳрак бурда шуданд.

Масъулони вазорат гуфтаанд, мехоҳанд, дар се рӯзи оянда ҳадди ақал чаҳорсад маъмур ва афсарро дар шаҳраки сарҳадии Del Rio ҷойгир кунанд. Маҳалле, ки муҳоҷирон ҷамъ шудаанд.

То рӯзи ҷумъа беш аз даҳ ҳазор муҳоҷири ғайриқонӯнӣ ба ин шаҳрак расида буданд. Мақомоти Амрико тахмин мезананд, ки дар рӯзҳову ҳафтаҳои оянда шояд ҳазорон нафари дигар ворид шаванд.

Дар Покистон як маъмури полисро ҳангоми эмкунӣ куштаанд

Аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон рӯзи 19-уми сентябр гуфтанд, шахсони ношинос дар шимолу ғарби ин кишвар як маъмури полисро куштаанд. Вай табибонро ҳангоми эмкунии кӯдакон ба зидди бемории фалаҷ посбонӣ мекард. Дар онҷо маъракаи панҷрӯзаи эмкунӣ идома дорад.

Ба гуфтаи афсари баландпоя, Холид Суҳайл, ҳамла дар рустои Дҳал Беҳзоди ноҳияи Коҳат, дар 75-километрии ҷануби Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва рух додааст.

Полис гуфт, аз рӯйи ҳодиса таҳқиқот оғоз шудааст. Ҳанӯз масъулияти ҳамларо касе ба дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта ҷангҷӯёни марбут ба “Ал-Қоида” пизишкон ва посбонҳои онҳоро ҳангоми эмкунӣ ҳадаф қарор медоданд.

Покистон ва Афғонистон ду кишваре дар ҷаҳон ҳастанд, ки дар онҷо фалаҷи атфол зиёд паҳн шудааст. Барномаи зидди фалаҷи атфол ҳадаф дорад, дар Хайбар Пахтунхва 6,24 миллион кӯдаки то 5-соларо эм кунад.

3 кушта ва 19 захмӣ дар таркишҳои рӯзи шанбе дар Афғонистон

Шаҳри Ҷалолобод, 18-уми сентябри соли 2021

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 18-уми сентябр дар се таркиш дар вилояти Наргарҳор, шарқи Афғонистон, ба камияш се нафар кушта ва 19 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҳамлаи дувуми маргбор дар Афғонистон аз замони ба қудрат расидани “Толибон” дар бештар аз як моҳи охир аст. Ҳамлаи аввал дар наздикии фурудгоҳи Кобул рӯй дода буд.

Шоҳидон ва як узви ҳукумати “Толибон” гуфтаанд, яке аз таркишҳо дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, мошини ҳомили ҷангҷӯёни “Толибон”-ро нишон гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар миёни захмиён занону кӯдакон низ ҳастанд.

Як манбаъ дар вилоят ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, се ғайринизомӣ кушта, шуморе аз ҷангҷӯёни “Толибон” маҷруҳ шуданд.

Ҳеч кас масъулиятро ба дӯш нагирифтааст. Дар гузашта “Толибон” ва шохаи “Хуросон”-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ чунин ҳамлаҳо мекарданд.

Ҷангҷӯёни “Хуросон” душманони ҳокимони нав дар Афғонистон гуфта мешаванд.

Чор нафар пас аз саёҳати серӯза аз кайҳон ба замин бозгаштанд

Акс аз 17-уми сентябри соли 2021

Чаҳор нафаре, ки барои саёҳат ба фазо ё кайҳон рафта буданд, пас аз се рӯз, 18-уми сентябр, дубора ба замин бозгаштанд. Киштиии "SpaceX"-и ҳомили онҳо дар бахше аз соҳилҳои Флорида, дар баҳри Атлантика, поин омад. Ин гуна саёҳатро миллиардер, бунёдгузори мағозаи интернетии Amazon, Ҷефф Безос, оғоз кард. Вай моҳи июли имсол ҳамроҳ бо Безос Уоллӣ Франки 82-сола, Оливер Деймени 18-сола ва Марк Безос ба кайҳон рафта буд.

Артиши Исроил ду фаластинии дигарро дастгир кардааст

Артиши Исроил мегӯяд, инҳоро дар шимоли Каронаи Ғарбӣ дастгир кард

Низомиёни Исроил ду зиндонии дигари фаластиниро, ки тақрибан ду ҳафта пеш аз маҳбаси низомаш сангин фирор карда буданд, дастгир кардаанд.

Ба иттилои артиши Исроил, онҳо дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа дар шимоли Каронаи Ғарбӣ боздошт шуданд.

"Дар баробари онҳо, ду нафари дигар, ки ба террористон ёрӣ медоданд, низ ба даст афтоданд", -- гуфта мешавад дар изҳороти артиш аз 19-уми сентябр.

Дар умум, рӯзи 6-уми сентябри имсол аз зиндони Гилбоа дар Исроил шаш маҳбуси фаластинӣ бо кандани нақб гурехта буданд. Чаҳор нафари онҳоро ҳафтаи гузашта дар шимоли Исроил дастгир карданд.

Маҳбусони фаластинӣ аз ин роҳ аз зиндон фирор кардаанд
Маҳбусони фаластинӣ аз ин роҳ аз зиндон фирор кардаанд

Гуфта мешавад, онҳо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, аз ҷумла Ҷиҳоди исломӣ ва ҷиноҳи мусаллаҳи ҷунбиши Фатҳ, вобаста ба раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос, будаанд.

Раисӣ аз "фасли нав" дар муносибати Эрону Тоҷикистон гуфт

Иброҳим Раисӣ

Раиси ҷумҳурии Эрон баъди бозгашт аз Тоҷикистон ба кишвараш гуфт, "фасли наве дар равобити иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе оғоз шуд".

Иброҳим Раисӣ дар суҳбат бо хабарнигорон рӯзи 18-уми сентябр аз "мушкилоти гузашта" гуфт, аммо шарҳ надод, ки он бар сари чӣ буд. Аммо афзуд, "дар нишастҳои мухталиф ва бавижа нишастҳои тахассусии вузарои муҳтарам бо вазирони тоҷикистонӣ, қарор шуд, ин фасли ҷадид мушкилоти гузаштаро ҳал бикунад."

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 Ҷумҳурии Исломии Эронро ба пуштибонӣ аз Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли чеҳраҳои саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Мақомоти Эрон ин ҳамаро рад карда буданд.

Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар сафари нахустини хориҷияш рӯзи 16-уми сентябр бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омад. Дар ин ҷаласа раванди қабули Эрон ба узвияти ин созмон оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми сентябр дар поёни дидораш бо Иброҳим Раисӣ гуфт, Тоҷикистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷонибдорӣ кардааст. Ҳарчанд солҳои пеш Душанбе мухолифи ҳузури Теҳрон дар созмон буд.

Мақомот гуфтанд, баъд аз гуфтугӯи роҳбарони Тоҷикистону Эрон миёни ду кишвар ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини он созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон буд. Ҳафт санади дигар асосан ёддошти тафоҳум буданд. Ҷузъиёти созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон ҳанӯз дастрас нест. Дар як соли гузашта додуситади байни ду кишвар ҳамагӣ 24 миллион долларро ташкил додааст. Акнун тарафҳо эълом доштанд, ки ин ададро ба 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

Хоманаӣ гуфт, варзишкорони эронӣ бо намояндагони Исроил рақобат накунанд

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, як бори дигар таъкид кард, ки варзишкорони эронӣ бо варзишкорони исроилӣ рақобат накунанд. Ӯ 18-уми сентябр дар ин бора дар мулоқот бо аъзои тимҳои олимпӣ ва паралимпии кишвараш суҳбат кард.

Хоманаӣ гуфт, “мақомоти варзишии Эрон бояд дар ин маврид ҳеч гоҳ сукут ихтиёр накунанд. Варзишкорони эронӣ бояд бо рақибони исроилии худ ҳаргиз мусобиқа накунанд.”

Раҳбари олии Эрон дар ҳама бахшҳо, аз сиёсат гирифта то варзиш, ҳарфи охирро мезанад. Ин дар ҳолест, ки ба иллати бозӣ накардан бо Исроил, фаъолияти баъзе аз федератсиюнҳои варзишии Эрон боздошта шудааст.

Дар охирин маврид федератсиюни ҷудо ё дзюдои Эрон аз мусобиқоти ҷаҳонӣ маҳрум шуд, чун варзишкорони худро дар бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои дигар аз рақобат бо гуштигирони Исроил манъ кард.

Шуморе аз муштзанҳои Эрон низ ба хотири чунин рафтори давлат кишвари худро тарк карда, акнун ба номи кишварҳои дигар бозӣ мекунанд. Саиди Муллоӣ яке аз ин варзишкорон аст, ки дар бозиҳои олимпии Токио аз номи Муғулистон рақобат кард ва медали нуқраро аз они худ намуд.

Ҳамла ба мошинҳои “Толибон” дар вилояти Нангарҳори Афғонистон

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар наздикии ҷойи таркишҳо дар шаҳри Ҷалолобод, пойтахти вилояти Нангарҳори Афғонистон, 18 сентябри соли 2021

Се таркиши пайиҳам дар шаҳри Ҷалолобод, пойтахти вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон се кушта ва 20 захмӣ ба ҷой гузштаанд. Дар ин бора “Садои Амрико” ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ, мақомоти тандурустӣ ва шоҳидони айнӣ гузориш додааст. Гуфта мешавад, васоили ҳаракати ифротгарои “Толибон” ҳадафи аз таркишҳо қарор ёфтаанд.

То ҳол ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Вале ҳадс зада мешавад, ки шохаи Хуросони гуруҳи ҳаросафкани ДОИШ дар ин вилоят фаъол аст ва бо “Толибон” душманӣ дорад. Ҳамчунин эҳтимол меравад, ки дар мошинҳо мақомоти раҳбарикунандаи “Толибон” ҳаракат мекардаанд. Аммо намояндагони “Толибон” то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

“Садои Амрико” ҳамчунин мегӯяд, бино ба як хабар дигар дар натиҷаи таркиши як бомбаи магнитӣ дар Кобул як нафар маҷруҳ гаштааст. Номи ҳадаф ошкор нагаштааст. Пас аз гирифтани Кобул аз тарафи “Толибон” дар 15 август ин нахустин хабарҳо аз таркишҳои ҳадафмандона аст.

Афви Байналмилал хостори таҳқиқи пурраи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА дар Кобул шуд

Ҳавопаймои бесарнишини ИМА дар Кобул ба ин мошин ҳамла карда буд.

Созмони Афви Байналмилал эътирофи мақомоти артиши Амрикоро, ки иштибоҳан дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Кобул 10 ғайринизомиро куштааст, “қадами мусбат” номидааст, аммо даъват кардааст, ки ҳодиса “пурра ва беғаразона” таҳқиқ шавад.

ИМА рӯзи 29-уми август эълон кард, ки дар назди фурудгоҳи Кобул ба як мошини бомбгузоришудаи гуруҳи ДОИШ ҳамла кардааст. Баъдан, маълум шуд, ки дар ин ҳамла хонаводае кушта шудааст, ки ҳеҷ рабте ба ДОИШ надоранд. Мақомоти амрикоӣ рӯзи 17-уми сентябр ба иштибоҳи худ иқрор карданд ва узр пурсиданд.

Брайан Кастнер, як масъули созмони Афви Байналмилал гуфт, ки ин иқрор як қадами муҳим барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоест, ки дар ин ҳамла даст доранд.

Тафтиш нишон додааст, ки ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба мошини як корманди созмони хайрия ҳамла кардааст. Ин мард бо нӯҳ узви хонаводааш кушта шуданд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки пардохти ҷуброн ба ин хонаводаро баррасӣ мекунанд.

ИМА ин ҳамларо пас аз он анҷом дод, ки рӯзи 26-уми август дар ҳамлаи террористие дар фурудгоҳи Кобул 13 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо шаҳрванди Афғонистон кушта шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, хабар ёфтаанд, ки ДОИШ ҳамлаи дуввумро анҷом доданист ва аз он пешгирӣ карданд.

Ин ҳамлае, ки ҳоло иштибоҳӣ номида мешавад, охирин амалиёти низомии Амрико дар хоки Афғонистон буд. ИМА пас аз 20 соли ҳузур, пас аз оне ки Кобулро Толибон тасарруф карданд, Афғонистонро тарк кард.

Толибон ба таҳсили духтарон иҷоза надоданд

Занону кӯдакони афғон дар Кобул

Вазорати маорифи ҳукумати Толибон эълон кард, ки писарон аз 18-уми сентябр ба мактабу донишгоҳҳо барои идомаи таҳсил баргарданд, вале дар бораи таҳсили духтарон чизе нагуфтанд.

Аз ин пеш гуфта буданд, ки духтарону писарон ҳақ надоранд, ки якҷо дар як синф таълим бигиранд. Таълими духтарон аз ҷониби омӯзгорони мардро низ ҷоиз надонистанд.

Вазорати занони Афғонистон ба Вазорати амри маъруф ба найҳи мункар табдили ном кард. Ин вазорат ҳамчун полиси ахлоқӣ амал мекунад ва иҷро шудани ҳукмҳои шаръиро назорат мекунад.

Толибон, ки рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд, ба маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон шурӯъ намудаанд.

Генералӣ амрикоӣ иқрор шуд, ки ҳамла дар Кобул иштибоҳ буд

Кеннет Маккензи, фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии ИМА

Генерали амрикоӣ иқрор шуд, ки ҳамлаи рӯзи 29-уми август дар наздикии фурудгоҳи Кобул иштибоҳ буд. Дар он ҳмла 10 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон кушта шуда буданд.

Қаблан мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки аз ҳамлаи шохаи Хуросони гуруҳи ДОИШ пешгирӣ кардаанд ва дар ин ҳамла аъзоёни ин гуруҳи тундравро куштаанд. Баъдан, расонаҳо хабар доданд, ки дар ин ҳамла 10 узви як хонавода кушта шудааст, ки ҳеҷ рабте ба ДОИШ надоштанд.

Кеннет Маккензи, фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии ИМА рӯзи 17-уми сентябр дар нишасти матбуотие иқрор шуд, ки иштибоҳ кардаанд ва изҳори пушаймонӣ намуд.

ИМА ин ҳамларо пас аз он анҷом дод, ки рӯзи 26-уми август дар ҳамлаи террористие дар фурудгоҳи Кобул 13 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо шаҳрванди Афғонистон кушта шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, хабар ёфтаанд, ки ДОИШ ҳамлаи дуввумро анҷом доданист ва аз он пешгирӣ карданд.

Ин ҳамлае, ки ҳоло иштибоҳӣ номида мешавад, охирин амалиёти низомии Амрико дар хоки Афғонистон буд. ИМА пас аз 20 соли ҳузур, пас аз оне ки Кобулро Толибон тасарруф карданд, Афғонистонро тарк кард.

Имрон Хон нагузошт шоире дар Душанбе шеъри танқидияшро барои ӯ бихонад

Сарвазири Покистон Имрон Хон

Имрон Хон, сарвазири Покистон, пас аз садо додани мисраъҳои аввали шеъри танқидие нисбаташ сухани шоирро бурид ва нагузошт ӯ матлабашро баён кунад. Ин моҷаро рӯзи 17 сентябр дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе ба амал омад.

Пас аз рӯнамоии барномаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тарҳҳои тиҷоратию сармоягузории байни ду кишвар навбат ба суолу ҷавоб расид ва як шоири покистонӣ хост, шеърашро, ки аз танқиди сиёсатҳои Имрон Хон иборат буд, хонад. “Ман барои Шумо як шеър навиштам, бо номи 'Itne zaalim na bano' (Ин қадар золим набошед). Имрон бародар, ин барои Шумост," -- гуфт марди покистонӣ ба забони урду ҳангоме ки садогир ё микрофон ба дасташ дода шуд.”

Вай идома дод: “Ҳоло шумо маҳбус шудаед. Аммо бузург будед, вақте ки дар рӯйи контейнер нидои эътироз дармедодед. Ҳоло мо намедонем, Шумо гирифтори чистед?” Пас аз мисраи баъдӣ: “Зулм накун, мурувват дошта бош,” Имрон Хон сухани мардро бурид ва гуфт: “Лутфан дар бораи масоили марбут ба тиҷорат суҳбат кунед.” Ин ҷо садогир аз дасти мард гирифта шуд. “Мо метавонем баъдтар барои шеър низ вақт ҷудо кунем", - -афзуд сарвазири Покистон. Як соҳибкори тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, бисёре аз мизбонон дар оғоз нафаҳмиданд, ки масъала чӣ буд.

Сарвазири Покистон барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Душанбе омада буд ва ҳамчунин дар ин ҷо сафари расмӣ анҷом медод. Дар дидори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон чандин санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид,

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд

Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро барои “Даъват ба ифротгароӣ тариқи Интернет” ба муҳлати панҷ сол ва ду шогирдашро ба чорунимсолӣ равонаи зиндон кард.

Наздикони Қуваватбеков ҳукмро ноодилона хонданд.

Як манбаъ аз додгоҳи Хоруғ рӯзи 17-уми сентябр ба шарти зикр накардани номаш гуфт, ду тан аз шогирдони ӯ низ ба чорунимсолии зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи ӯ, Имомиддин Алиев ва Назриддин Шукуров ҳамдеҳагони Абуллобек Қувватбеков буданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ бо дархости мақомоти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нимаи моҳи июн дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар додгоҳ ӯ ҳукмро ноодилон хонд.

“Дар сухани охираш гуфт, ки фақат барои давлату кишвараш хизмат кард ва вақте президент гуфт, ки ҷавонони донишҷу аз Эрон оварда шаванд, даҳҳо нафар бо ташвиқи ӯ баргаштанд. Дар маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ҷавонони деҳаро даъват мекард, ки ба хизмат раванд. Ӯ гуфт, ки наход барои ду навор хизматҳои дигари ӯро ба назар нагиранд ва зиндаонаш кунанд.”,- гуфт Қувватбек Қувватбеков.

Бародараш гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломӣ) рӯзи 18-уми июни имсол ҳамроҳ бо бародараш Иззатулло Қувватбеков дар Душанбе дастгир шуд. Бародарашро пас аз як ҳафта раҳо карда, худи ӯро ба маркази вилояти Бадахшон бурданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар ин ноҳия аз эътибори хос бархӯрдор аст. Наворҳои зиёде аз маъвизаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, вале маълум нест, кадом еаз онҳоро мақомот "даъват ба ифротгароӣ" унвон кардааст.

Аҳмад Масъуд ва "Толибон" барои дарёфти пуштибонии ИМА рақобат мекунанд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои дарёфти пуштибонии Амрико аз хадамоти як гурӯҳи лоббигар истифода мекунад. Ба навиштаи “New York Times” Роберт Страйк, як ширкати лоббистӣ ин корро барои ӯ бепул анҷом медиҳад. Ширкат корҳоеро ба уҳда мегирад, ки гурӯҳҳои дигари лоббистӣ аксар вақт аз иҷрои он худдорӣ мекунанд. Як нафари наздик ба Аҳмад Масъуд, ба “New York Times” гуфтааст, ки ҳадафи аслии онҳо ин аст, ки Амрико гурӯҳи Толибонро ба расмият нашиносад.

Дар ҳамин ҳол шуморе аз лоббистҳо гуфтаанд, ки Толибон низ барои ба даст овардани ҳимояти Амрико талош доранд. Аммо ба далели таҳримоти ҷоришуда , рӯшан нест, ки онҳо то куҷо муваффақ мешаванд. Бо вуҷуди ба даст овардани қӯдрат ва таъсиси ҳукумат, бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасани Охунд, то ҳол ҳеҷ кишваре гурӯҳи “Толибонро” эътироф накардааст.

Дар солҳои 90-ум вақте толибон беш аз 70 дарсади Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд, Бурҳониддин Раббонӣ раҳбари вақти ин кишвар Кобулро тарк кард, аммо тавонист шинохти байналмилалии ҳукумати худро ҳифз кунад.

Баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ, раҳбари барканоршудаи Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини ӯ худро иҷрокунандаи вазифаи прeзидент эълон кард, аммо ҳеч як кишвар дар ин бора вокуниш накардааст. Солеҳ рӯзи 15-уми август, қабл аз омадани Толибон ба Кобул ба вилояти Панҷшер рафта буд ва ҳоло макони ӯ маълум нест.

Дар рӯзҳои охир Панҷшер шоҳиди муноқишаҳои шадиде байни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шуд. Ҷабҳаи муқовиматро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунад.

Шавкат Мирзиёев аз гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори дигар аз гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон ҳимоят кард ва хостори дидори роҳбарони созмон бо соҳибони нави қудрат дар Афғонистон шуд.

Гуруҳи Толибон як моҳ аст, ки ба ҷуз Панҷшер дигар хоки Афғонистонро зери даст доранд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон аз “воқеияти ҷадид” ва омадани қудрати нав дар Афғонистон суҳбат кард. Ӯ гуфт, миёни кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи гуфтугӯ бо роҳбарони ҷадиди кишварҳо бояд тавофуқе эҷод шавад.

Мирзиёев ба он таъкид кард, ки бояд ҳаққи бонувон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон риоя шуда, дар масъалаи коҳиши муҳоҷират “бо онҳо ҳамкорӣ кунем.”

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар бораи пулҳои блокшудаи Афғонистон дар кишварҳои дигар ёдоварӣ кард. Шавкат Мирзиёев гуфт, кишвараш омода аст, ки дидори сатҳи баланд дар сатҳи Шонгҳой-Афғонистонро дар шаҳри Тошканд мизбонӣ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷумла Тоҷикистон мухолифи сарсахти Толибон ҳастанд.

Узбекистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое аст, ки аз ҳукумати "Толибон" истиқбол кардааст. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз ташкили ҳукумати муваққати "Толибон" дар Афғонистон истиқбол карда буд. Ҳукумате, ки гуруҳи "Толибон" онро ҳамашумул, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ғайриқонунӣ медонад.

Путин иваз шудани қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номид

Путин дар ҷаласаи СҲШ онлайнӣ ширкат кард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баромадашро дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон оғоз кард ва батакрор аз таҳдидҳо аз он кишвар ишора кард.

Ӯ иваз шудани қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номид. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, “тамоми сарзамини Афғонистон таҳти контроли Толибон аст ва бояд ҳоло талош кунем онҳоро ташвиқ кунем, ки ваъдаҳои худро амалӣ кунанд.”

Владимир Путин аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки дар масъалаи таҳдидҳо аз Афғонистон ҳамроҳ кор кунанд.

Русия аз пеш дар баробари Толибон мавқеи нарм нишон дода буд. Владимир Путин, ки қарор буд, барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Душанбе биояд, бо далели гирифтории ҳамкоронаш ба коронавирус аз сафар худдорӣ кард ва гуфт, ки гушанишинӣ кардааст.

Имрон Хон даъвати кумак ба Афғонистонро кард

Имрон Хон, сарвазири Покистон дар Душанбе

Нахуствазири Покистон мегӯяд, ҷаҳон бояд дар канори мардуми Афғонистон бошад ва барои рушди ин кишвар ба он кӯмак кунад.

Имрон Хон, рӯзи 17-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гуфт, суқути режими гузашта дар Афғонистон, омадани Толибон ва хуруҷи неруҳои хориҷӣ дигар як воқеият аст. Имрон Хон дар як вақт “шукргузорӣ” кард, ки ин ҳама “бидуни хунрезӣ, ҷанги дохилӣ ва ихроҷи густурдаи оворагон” сурат гирифт. Нахуствазири Покистон афзуд, дар шароити феълӣ ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки итминон дошта бошанд, аз Афғонистон дубора ба сулҳу амнияти онҳо таҳдид сурат намегирад.

“Яке аз авлавиятҳо буҳрони инсонӣ ва вазъияти иқтисоди дар ин кишвар ҳаст. Хатари фурӯпошии иқтисодии Афғонистон пойбарҷост. Аз ҳама мехоҳем, ки ҳамаи ҳимояти байналалмилалиро басиҷ кунем, ки ба кӯмаки инсондӯстона дар Афғонистон пардозем. Покистон аз ҳеч гуна кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон худдорӣ намекунад.”,--гуфт ӯ.

Покистон аз кишварҳои ҳомии Толибон гуфта мешавад ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон борҳо аз дахолати Исломобод норозигӣ кардаанд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи 17-уми сентябр талош кард ба ин интиқодҳо посух диҳад ва гуфт, кишвараш аз ҷанги Афғонистон осеби зиёд дида, ҳоло мизбони 4 миллион гурезаи афғон аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, Покистон аз терроризм 150 миллиард доллар зарар дида, 80 ҳазор нафарро аз даст додааст.

Имрон Хон дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба он таъкид кард, ки баъди 40 соли ҷанг, дар Афғонистон фурсати эҷоди сулҳу субот ба миён омадааст ва набояд ин фурсатро аз даст дод.

Нахуствазири Покистон бидуни инки аз кадом гуруҳе ном барад гуфт, “набояд иҷозат диҳем, ки шайтанатҳо аз тарафи харобкорон боис шавад, фурсате, ки барои эҷоди сулҳ эҷод шуд, ҳадар равад. Ин вазъиятро бояд ба нафъи мадуми Афғонистон истифода кунем. Як сохтори фарогир мустақар шавад, сохторе ки тамоми гуруҳҳо ва қавмияти Афғонистон дар он ҳузур дошта бошанд ва аз нигоҳи амният барқарор шавад ва ҳуқуқи ҳама таъмин шавад. Афғонистон набояд ба макони дубораи терроризм табдил шавад.”

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG