Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот аз нигоҳи хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ


Марде аз утоқи раъйдиҳӣ берун мешавад
Марде аз утоқи раъйдиҳӣ берун мешавад

Интихоботи президентии Тоҷикистон мавриди ситоиши тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ва интиқоди мухолифони ӯ қарор гирифтааст. Аз як сӯ мегӯянд, овоздиҳӣ бе тақаллуб гузашт, бархи дигар менависанд, ширкати мардум дар интихобот кам буд ва омори расмӣ боварбахш нест. Шумо чӣ назар доред?

Чанд назари корбарони сомонаҳои Радиои Озодӣ:

Азъои комиссия: Ман дар яке аз учаскахои интихоботии Кулоб аъзо будам. Дар учскаи мо 2654 нафар ба кайд гирифтаги буданд. Бовар кунед ё не то соати се хамаги 264 нафар омад. то соати 20 600 нафар одам омад. Хайр дигараш маълум ки чи мешавад ва чи шуд. Хамин интихобот кариб рангин набуд ва одамо хам наомаданд. Аку худатон хусола бароред ки интихобот баргузор шудааст.

Корбар: Салом. Хами саволи мада чавоб те чува пеш ай интихобод кариб 300 хазор имзо чамкадан дар вахти интихобод 1.5 фойз овозшон додан?

Суламони Фазулозода: ЗИНДА БОД ПЕШВОИ МИЛЛАТ ,ЧАНОБИ ОЛИ ЭМОМАЛИ РАХМОН,САДСОЛА ШАВИ ,ЧАШМИ ДУШМАНОТА ХУДОВАНД КУР КУНАД, ТОЧИКИСТОН БА ПЕШ!!

Интихобкунанда: Интихоботи озод, воқеӣ, шаффоф гузаронед, ҳар кас ки шавад ошаш шавад. Интихоботи озод ба маънои чӣ аст? Ба ҳамаи ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида имкон дода шавад, ки худро ба мақоми президентӣ номзад кунанд, яъне ба номзадҳои воқеӣ ва донишманд ва ҷавон имкон дода шавад. Шаффоф ба чӣ маънӣ - ба нозирони байналмилалӣ имкон диҳед, ки интихоботро назорат кунанд. Ба нозирони дохилӣ - нозирон аз ҳизбҳо ва нозирон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон диҳед, ки интихоботро дар ҳар як участка 24 соат назорат кунанд. Воқеӣ ба чӣ маънӣ? - Шумориши овозҳо воқеӣ ва қобили назорат бошад. Дар охир маълумоти ҷамъкардаи нозирон бо маълумоти комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ қариб як хел бошад. Ана баъд ҳар кас президент шавад, ошаш шавад!

Муъмин, хукукшинос: Дар хакикат бори нахуст аст, ки Иттиходи Аврупо ва САХА гайри демократи ва гайри конуни набудани интихоботро эътироф намуданд. Интихобот дар доираи конун ва демократи буд. Харчанд дар гузоришхо аз чониби 2 ё 3 кас овоз додан мушохида шуда бошад он наметавонад гайри конуни бошад. Чунки оила маслихат карда ба хулоса меоянд ки ба кадоме аз онхо овоз диханд. Ман низ ба чунин хулоса омадам ки бори дигар мардуми кишвар собит сохт ки нисбати Пешвои муаззами миллат махбубияти беандоза доранд. Ва интихобот шафоф демократи ва конститутсиони буд ва гузашт. Бобои Рахматулло ва Кабири аз хасуд харчи мегуянд. Мо гуфтахои онхоро чун як гапи пучак мехисобем.

Корбар: Ин 1 интихобе ки ман иштирок мекунам. Дар участкаи интихоботи мактаби 60 як катор хатогихо дар интихобот буданд.
1. Паспортро ягон кас нигох намекунад, фарк надорад аз тани ки имзо мекуни.
Номи ман дар варакаи ному насаби ахолии хамин минтака набаромад. Дар когазаи алохида бо ручка аз дахони худам бе дидани паспорт ва прописка навистанд ва варакаро доданд.
2. Кабинкахои интихоботи аз 4 тараф махкам мебошанд, ин номункин аст. Бояд аз тарафи даромад парда ва ё махкам набошад. То ки имконияти сурат гирифтан. Барои отчете ки ба раисонашон медиханд ки ба ки овоз доданд))
3. Бюлетенхо аз вараки оди хичи фаркияте надоранд. Ман шахсан метонам дар принтери черно-белии самсунги хона будаги 1000 то бюлетен барорам. Бюлетени интихоботи бояд аз дигар варакхо фарк кунад. Ягон абазначителни символ ё ранге ки дар принтерхои одди бароварда нашавад. Ман дар литсей мехондам дар ду вараки дафтар печати мактаб ва имзои муаллима буд дар диктантхо то ки мо фиреб карда натонем.
4. Хама медонанд ки интихобот дуруг аст. Но явна фалсификация ба чашми мардум чи даркор?

Саид: Ба ғолиби маъракаи сиёси Табрик менамоям бигузор сарбаланду ҷасур бимонад.

Фирдавс: Мне 23. Я впервые участвовал на выборах. И так ошибки на ошибках. Так нельзя провести выбори. Насчет бюлетеней отделный вопрос. Простие бумажки которых я могу на принтере на печатать 1000 шт. Негде нет камер следяшими за ходом голосование. Камера включеная залог того что в урнах не бросять свои бюлетени нежелателные люди! Полный бордак на участках. Нет списков жителей! Это значить что любой может прийти и ставить голоса! Если я на 10 участках за 10 людей пойду проголосовать всем насрать! И да откройте границу с Россией я больше не вернусь так что живите сами Шукрона карда 7 соли дигар!

Сокини н. Восеъ: Имруз ман дар Интихоботи Чумхурии Точикистон Иштирок намудам. Яку якбора аз тарафи худам ва падару модарам овоз додам. Ман мехостам, ки ин таккалубе ки дар рафти Интихобот вучуд дошт наворбардори карда ба шумо равон кунам, аммо пеш аз даромадан телефонхои мобилии моро гирифтанд ва намонданд ки аз Интихоботи таккалуби шуморо огох намоем.

Вопрос: наше любимое президент 90% голос набрал. как так если 20% халки мо берун аз кишваранд, ва ягон кас имкони овоз дихи надоштанд или я что-то пропустил

Корбар: Мегӯянд ки дар интихобот бояд ғайри қонунӣ кор бурда нашавад,аммо имруз дар участкаи интихоботи воқеъ дар шаҳри Панҷакент ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ деҳаи Зери Ҳисор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ✓52 ки яке аз ҳавзаи интизоботи буд аз аввали соатҳои кори бо нозири миллӣ ҷанг карда ӯро аз ҳавза пеш карданд сабаби ҷанг карданашон
Нозири милли Н.Н ба яке аз кормандон гуфтааст ки ба ҷои худ гузашта шинед дар ҳамин ҳолат директори муассисаи номбурда ба тарафи нозири миллӣ Н.Н ту ҳаққи ба ин корҳо дахолат карданро надори гуфта ӯро аз ҳавза берун кард дар ҳоле ки роҳбари муассисаи таълими Бобоев Ҷумъабой шахси донишманд ва аз қонун огоҳ буд

Боз буданд корҳое,ки ғайри қонуни сурат мегирифтанд як нафар ба ҷои се чор нафар блутинҳоро имзо мемонду умуман тартибот риоя карда намешуд

Шумо ҳам агар дар бораи интихобот назаре доред ба мо нависед. Агар шоҳиди ягон қонуншиканӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ шудед ва аксу видео гирифтаед тариқи паёмрасонҳои Viber, IMO, WhatsApp, Telegram ё Signal фиристед. Бо ин рақамҳо: +992 980 151 010; +420 724 05 66 81; +420 724 05 39 59; +420 607 900 808; +420 725 602 213

XS
SM
MD
LG