Коршиносон натиҷаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро пешгӯишаванда арзёбӣ карда, мегӯянд, ки баъд аз ҳодисаҳои интихоботи раиси ҷумҳури Белоруссия интизор доштанд, ки омори тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон камтар эълон мешавад. Ҳамзамон коршиносони тоҷик мегӯянд, ки то ҳафт соли дигар ҷаноби Раҳмон вазифаи раиси ҷумҳурро иҷро карда, сипас мавзӯи интиқоли қудрат баррасӣ хоҳад шуд.
Комиссияи маркази интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 12-уми октябр натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентиро ҷумҳуриро, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, эълон кард. Тибқи он, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92 дарсади раъйдиҳандагон президенти тозаинтихоби Тоҷикистон эълон карда шуд.
Нозирони байналмиллалӣ аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз раванди интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тавсиф карда, онро намунаи ибрат барои кишварҳои дигар номиданд.
Дмитрий Ковитский, муншии кулли Шӯрои байнипорлумонии кишварҳои ИДМ дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар ҳеҷ кишваре надидааст, ки интихобот соати шаши субҳ бо рақсу бозӣ шурӯъ шуда, дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳатто утоқи модару кӯдак вуҷуд дошта бошад".
Маъмулан, вокуниши нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Аният ва Ҳамкории Аврупо аз арзёбии нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ба таври куллӣ фарқ мекунад. Аммо, то ҳол гурӯҳи кӯчаки ин нозирон аз САҲА арзёбии интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистонро эълон накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи вазъи феълӣ дар кишвар аст. Вай мӯътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафт соли оянда вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро худаш иҷро хоҳад кард.
"Фикр мекунам, то ҳафт соли дигар вай худаш сари роҳбарии давлат боқӣ мемонад ва сипас роҳбарияти кишвар мавзӯи номзади дигареро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо дар тӯли ҳафт соли оянда дар ин замина ҳеҷ тағйироте сурат нахоҳад гирифт", -афзуд вай.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигари тоҷик дар арзёбии натиҷаҳои интихоботи президентӣ гуфт, ки наметавонад онро ношаффоф унвон кунад. Зеро, ба эътиқоди ин коршиноси тоҷик, воқеият ин аст, ки сокинони кишвар бештар аз ҳама ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.
Ба гуфтаи Қодиров, ин интихобот шояд шаффоф буд, вале бидуни алтернатив, яъне, рақиби воқеӣ сурат гирифт. "Чаҳор номзади дигаре, ки онро кисагӣ гӯем ҳам мешавад, ба эҳтимоли зиёд дар назди сандуқи раъйдиҳӣ худ ба ҷонибдории номзадии Раҳмон овоз дода бошанд",-иброз дошт ин коршинос.
Абдумалик Қодиров афзуд, ки ҳарчанд натиҷаҳои интихобот пешгӯишаванда буданд, "вале фикр намекардам, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ин қадар фоизи баланд менависанд. Фикр мекардам, ки ҳодисаҳои баъд аз интихоботи президенти Беларус барои онҳо сабақ мешавад. Аммо, Тоҷикистон Тоҷикистон мемонад ва мо наметавонем аз хатти кашидашуда берун биравем".
Абдумалик Қодиров низ эҳтимоли аз президенти интихобшуда ба нафари дигар гузаштани ҳокимиятро дар ҳафт соли ояндаро рад намекунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, танҳо надоштани имкони иҷрои вазифаи раиси ҷумҳурӣ, масалан, беморӣ, метавонад сабаби чунин интиқоли қудрат гардад. Аммо ҳарду коршинос зарурати ислоҳоти куллиро дар риштаи иқтисод ҳаётан муҳим мешуморанд, зеро бе ин ҳеч раҳбаре нахоҳад тавонист, боз солҳои зиёд кишварро идора кунад.
"Дар кишвар бояд шароите сохта шавад, ки ҳар шаҳрванд тавонад, бо роҳи қонунӣ даромад ба даст оварад ва рӯзгори худро пеш барад. Агар шумо соҳибкор ҳастеду ширкате доред ва ширкати шумо солҳои зиёд даромаде намеорад, фурӯпошии он дар ниҳояти амр аз эҳтимол дур нахоҳад буд," -- мегӯяд Муллоҷонов.
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ҳам ғолиб эълон шудааст. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ба ин назаранд, ки набояд хидматҳои ӯро нодида гирифт.
Мухолифони Раҳмон мегӯянд, мақомот ба иштироки номзадҳои мустақил дар интихобот иҷозат намедиҳанд ва ҷараёни овоздиҳӣ ҳам зери назари мақомот ва бо тақаллуб мегузарад. Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамеша чунин назарҳоро рад кардаанд.
Шухӣ накун ба арбоб Арбоб занад ба чанд шох Шукри Пешвои Миллат, Ҷаноби Олиро мекардӣ мегаштӣ беҳтарут набуд магар? Ягон фақиру гажо дар кӯча ду сум пул ёбад бар Худованди худаш ҳазор шукр мекунад, ки ризҷашро дод. Худованди ману ту кормандони давлат Ҷаноби Олӣ ҳастанд. Ризқи моро Худованди мо Ҷаноби Олӣ медиҳад. Ҳар кас ки ба Худояш ношугрӣ кунад ба ғазаб Худованди гирифтор мешавад, ба бадбахтиву хориву залилӣ гирифтор мешавад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, тавба кун. Аз даргоҳи Ҷаноби Олӣ бахшида авфи гуноҳҳоятро илтиҷо кун. Дар ҳаққи Худованди худ даҳҳо ракат намоз гузор.
Тоҷикбача 02,07,2022 20:52 Мӯҳтарам "Озодӣ " бо забони тоҷикӣ "Узбакистон","ӯзбакӣ ","узбак" навишта ва хонда мешавад! Фаромӯш кардед?! Inho tars dorand,ki agar "uzbak" bonavisand , raftu omad kat" meshavad... Moro "tazhik" meguyand , mo hursand, moro " ashna tu tazhik ne , tu musulmon" , mo boz hursand...
Пагох дар шабакаи аввал хабар меброранд, ки ба каракалпокхо аз гурухи 24 15хазор доллар барои инкилоб гирифтан
Мардуми шарифи украини азоби чунин чангхои тархрезигаштаи руссиягиро халки точик низ кашидааст, сахттару сад маротиба аз чанги шумо катлу куштори зиёдтарро!Аз худованд илтиччо мекунем,ки чанг катъу сулху вахдати чахони дар диёри зебои шумо абадан танинандоз гардад!
Нашрияи "Озоди" илтимос хамин руйхатро нопадид кун.Хама медона,ки ин чанги на бародаркуши, балки точиккуши буд!Ин руйхатхо дар доираи гуруххои басавод боз бахсу мунозираро ба вучуд мораду онхо дар нашрияхо ашхоси боевики дар чанг талафёфтаро чоп намудаву дар чомеъаи ороми точик низоъро анехтан мехоханд.Алалакай чунин аксхои бовикхои мурдаро чоп карда истодаанд!Миллати мо холо низ ба оромию вахдати милли ва дар ин асос ниёз ба босаводшавию баланд намудани шуури милли ниёз дорад, на нохинчор кардани бархе аз кишрхои чомеъа,ки тарики нашрияхо ба тахкири хамдигар камари химмат бастаанд.Кушиш бояд,кард ки точик дигар ба хар гурухи коминистиву дини бовар накунад ва кишварамонро рому осуда нигох дорад!Ёди курбониёну хотираи онхоро наслхои оянда пок нигох доштаву энциклопедия тахия хоханд кард!Холо зарур оромии миллат аст на фитнагари!