Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқони геном барандаҳои имсолаи Нобел дар бахши кимиё шуданд


Муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна (аз чап) ва донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе. Акс аз соли 2016
Муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна (аз чап) ва донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе. Акс аз соли 2016

Донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе ва муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна барандаҳои имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё шуданд. Горан Ҳанссон, дабири кулли Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия рӯзи 7-уми октябр дар Стокҳолм гуфт:

“Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия имрӯз қарор кард, ки ҷоизаи соли 2020 дар бахши кимиёро муштаракан ба Эммануэл Шарпентйе ва Ҷеннифер Дудна барои кор дар самти таҳрири геном тақдим бикунад”.

Академияи илмҳо гуфт, ки ин кашфиёт бисёр муҳим аст, аммо агар онҳо дар бораи корҳои ботинии ҳаёт маълумот пайдо кунанд муҳаққиқон бояд генҳои ҳуҷайраҳоро тағйир диҳанд. Вале ин кор, ба қавли муҳаққиқон, вақт талаб мекунад.

Шарпентйеи фаронсавӣ ва Дуднаи амрикоӣ шашумину ҳафтумин заноне ҳастанд, ки ба ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё мушарраф шуданд. Соли 1911 Мари Кюри ва ду сол пеш Франсис Арнолд барандаҳои ин ҷоиза шуда буданд.

XS
SM
MD
LG